Агар сухан дар бораи роҳбарият ва саррежиссёрҳои Театри давлатии академӣ — драмавии ба номи А. Лоҳутӣ равад, пеш аз ҳама, номи Ефим Исаевич Мителман садо медиҳад. То ба театр омадани ин режиссёри номвар режиссёрҳои касбӣ В. В. Тихонович, В. Л. Виталев, С. Саидмуродов, М. Саидов, А. Саидов ва дигарон асарҳои хуби саҳнавиро таҳия намуда, ҳар кадоме аз худ дар театр нақши мондагор боқӣ гузоштанд. Вале даврони Мителманро дар Театри давлатии академӣ — драмавии ба номи А. Лоҳутӣ даврони тиллоии театр меноманд. Мителман соли 1937 саррежиссёри Театри давлатии академӣ — драмавии ба номи А. Лоҳутӣ таъин шуд. Бо омадани ӯ дар театри тоҷик ва ҳайати эҷодии он роҳу равиши нав, услуби тоза ворид гардид.
Аввалин коре ки Ефим Исаевич анҷом дод, таҳияи драмаи классикаи ҷаҳонӣ «Макр ва муҳаббат» — и Ф. Шиллер дар соли 1937 буд. Таҳияи ин шоҳасар дар театри ҷавони тоҷик таҳавуллот ба шумор мерафт. Ҳангоми таҳияи ин драма режиссёр дарк намуд, ки дар ҳайати эҷодии театр актёрҳои боистеъдод кам нестанд. Ба саррежиссёри театр лозим омад, ки дар баробари ба саҳна гузоштани драмаву спектаклҳо, инчунин ба тарбияи актёрҳои ҷавон камар бандад. Аз ин сабаб, дар назди театр Студияи дусолаи актёрро ташкил кард.
Моҳи апрели соли 1941 дар шаҳри Москва Даҳаи адабиёт ва санъати халқи тоҷик гузаронида шуд. Ҳайати эҷодии театри зикршуда таҳти сарварии Мителман фоҷиаи «Отелло»- и В. Шекспир, «Шодмон» ва «Калтакдорони сурх»- и С. Улуғзода, «Рустам ва Сӯҳроб»- и А. Пирмуҳаммадзода ва А. Волкштейнро нишон доданд, ки аз тарафи тамошобинон ва мунаққидони театр баҳои баланд гирифтанд.
Лозим ба ёдоварист, ки актёрҳои номвар Муҳаммадҷон Қосимов, Софя Тӯйбоева, Аслӣ Бурҳонов, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Гулчеҳра Бақоева, Тӯҳфа Фозилова ва дигарон бо ин асарҳои саҳнавӣ шуҳрат пайдо карда, сазовори унвонҳои ифтихорӣ ва ордену медал шуданд.
Мавриди зикр аст, ки Мителман бо танаффус солҳои 1936 — 1961, ҷамъ 25 сол дар Театри академӣ — драмавии Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ саррежиссёрии театрро бар уҳда дошт. Бо тақозои замон ӯ солҳои 1943 — 1946 дар театрҳои Россия кор кард. Баъди се сол ба шаҳри Душанбе баргашт ва чун ҳарвақта дар театр боз як ҷунбиши эҷодӣ ба амал овард. Ин ба саҳна гузоштани шоҳасари классикаи ҷаҳонӣ «Ромео ва Ҷулийетта»- и В. Шекспир буд.
Барои иҷрои нақши Ромео актёри ҷавон Алиназар Хоҷаев ва нақши Ҷулийетта Софя Тӯйбоеваро даъват кард.
Соли 1957 Даҳаи адабиёт ва санъати халқи тоҷик дар Москва доир гардид. Мителман ин навбат фоҷиаи «Шоҳ Лир»- ро таҳия кард. Дар нақши Шоҳ Лир – Муҳаммадҷон Қосимов ва дар нақши духтари хурдии шоҳ Карделия – Хайрӣ Назарова бозӣ карданд. Баъд аз ҷамъбасти даҳа эътибори Театри Лоҳутӣ боз ҳам баландтар шуд. Он айём ҳайати эҷодии Театри Лоҳутӣ дар бинои Хонаи деҳқон ҳамроҳи ҳайати эҷодии Театри ба номи В. Маяковский ҷойгир буданд. Бо хоҳиши Мителман бинои Хонаи маданияти шаҳри Сталинобод (бинои имрӯзаи Театри Лоҳутӣ) ба ихтиёри аҳли театр гузошта шуд.
Бо омадани гурӯҳи нави актёрон — хатмкунандагони ГИТИС- и Москва ба театр саррежиссёр Мителман хеле шод шуд. Зеро дар байни хатмкунандагон Майрам Исоева, Мукаррама Камолова, Маҳмуд Воҳидов, Ҳабибулло Абдураззоқов, Тамара Абдушукурова, Носир Ҳасанов, Ҳошим Гадоев ва дигарон буданд. Қаҳрамони матлаб ниятҳои хуб дошт, аммо роҳбарияти Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон саррежиссёрҳои театрҳои Лоҳутӣ ва Маяковскийро иваз карданд. Гӯё ӯро аз фарзандонаш ҷудо карданд.
Номбурда фарзанд надошт. Аз ин сабаб ҳайати эҷодии театрро чун фарзандонаш дӯст медошт. То ҳадди имкон барои соҳиби хона ва унвондор шуданашон кӯшиш кард.
Бо «шарофати» баъзе аз нотавонбинон ӯро аз театри барояш хеле азиз – Театри давлатии академӣ — драмавии ба номи А. Лоҳутӣ дур карданд. Ӯ бекор намонд, дар Театри давлатии русии ба номи В. Маяковский ба кору эҷод машғул шуд. Аммо муносибати сард ӯро ба сактаи дил мубтало кард ва соли 1965 дар синни 54 аз ин беморӣ вафот кард.
Халқи тоҷик қадршинос аст. Бисёр хуб мешуд, ки барои пос доштани номи Е. Мителман дар шаҳри Душанбе кӯча ё муассисаи фарҳангӣ ба исмаш гузошта шавад.
Алихон МАҲМАДОВ, омӯзгори калони кафедраи эстрадаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов