Эҳдо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ин туӣ арзандадори тоҷикон,
Гулчаман кардӣ диёри тоҷикон.
Ҳастии худро ба миллат додаӣ,
Бар канори беканори тоҷикон.
Баҳри ин кишвар намуди бедареғ,
Ҷону ҳам дилро нисори тоҷикон.
Бо сафои сулҳу ваҳдатофарӣ,
Кардӣ афзун эътибори тоҷикон.
Бо ҳама эҳёгарӣ, созандагӣ,
Бармало шуд иқтидори тоҷикон.
Минбари ООН кунун каф мезанад,
Бар забони ширадори тоҷикон.
Бо ҳамон ақлу закоят кардаӣ,
Худшиносиро шиори тоҷикон.
Ҳар паёмат зиндагибахшанда аст,
Дар қатори ҳар қарори тоҷикон.
Бо ҷасорат, меҳвари ақлу зако,
Рамзи нурию шарори тоҷикон.
Дар хиёбонҳои таърих чун Куруш,
Шуҳрату шону мадори тоҷикон.
Эй ту он Исмоили сонии мо,
Минбари бар нангу ори тоҷикон.
Эй, ки ҳасти Пешвои халқи мо,
Парчамафрӯзи диёри тоҷикон.
Эй Фаридуншавкати шуҳратқарин,
Сояи парвардигори тоҷикон.
Дар ҳама давру замони зиндагӣ,
Пешво, меъмору ёри тоҷикон.
Тоҷикистонро намуди чун биҳишт,
Ваҳдатофар, навбаҳори тоҷикон.
Гӯямат бо шодибахшояндагӣ,
Ин туӣ Шоҳи кибори тоҷикон.
Раҳкушою раҳнамои асри нав,
Зинда бош, эй ҷоннисори тоҷикон.
Бобоҷон НУРЗОД