Дар КВД КТН «Шарқи озод»- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 80- солагии Корманди хизматнишондодаи маданияти РСС Тоҷикистон наттоқи дараҷаи олӣ Субҳон Раҳматов Конференсияи илмӣ- амалӣ дар мавзӯи «Нақши Субҳон Раҳматов дар журналистикаи тоҷик» доир гардид.
Номи наттоқи шинохта Субҳон Раҳматов на танҳо барои сокинони кишварамон, балки тамоми мардуми ҷумҳуриҳои Исломии Афғонистон ва Эрон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои ҳамҷавор шинос ва азиз аст. Зеро тӯли ним аср ба воситаи радио ва телевизион овози фораму буррояш садо дода, ҳазорҳо тамошобинон ва шунавандагонро бо забони ноби тоҷикӣ баҳравар гардонидааст.
Субҳон Раҳматов 12 январи соли 1934 дар гузари Мотуруди шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст. Дастпарвари мактаби миёнаи №27-и зодгоҳаш буда, Омӯзишгоҳи педагогии тоҷикии Самарқанд ва факултети забон ва адабиёти ӯзбекии Донишкадаи педагогии Самарқандро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1956 дар идораи рӯзномаи ҷумҳуриявии «Қизил Ӯзбекистон» дар шаҳри Тошканд ҳамчун ходими адабии шуъбаи ахбор оғоз намуда, пас ба шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе) кӯч баста, дар мактаби миёнаи №10-и шаҳри Душанбе омӯзгорӣ кардааст.
Баъдҳо бо тавсияи устод Абдусалом Деҳотӣ ва устоди забоншинос академик Абдуқодир Маниёзов дар Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон ба кор шурӯъ кардааст. Аввал ба ҳайси наттоқи гуфторҳои бурунмарзии кумита, сармуҳаррири намоишҳои сиёсии телевизион, баъдтар директори кулли барномаҳои радиои ҷумҳурӣ, наттоқи радио, мудири шуъбаи наттоқони радио ва солҳои охир ба ҳайси мушовири директори генералии радиои «Ватан» (2003- 2010) фаъолият намудааст.
Субҳон Раҳматов аз рафти сохтмони иншооти азим НБО «Норак», бунёди НБО «Бойғозӣ», тавассути канали ҳафтунимкилометраи зери кӯҳӣ ба водии Ёвону Обикиик ҷорӣ гардидани оби дарёи Вахш ва ғайра намоишу гуфторҳои мустақим ташкил кардааст. Фақат дар давраи моҳи июли соли 1960 то декабри соли 1977 тавассути телевизиони тоҷик 209 намоиши мустақим гузаронидааст.
Дар баробари ин, ӯ муаллифи рисолаҳои «Таджикскому радио 50 лет» (1980), «Минбари савту калом» (2001), «Хотираи неки ашхоси арҷманд» (2007) буда, қариб 500 ҳикояву новелла, пиесаҳои якпардагию бисёрпардагиро аз забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума намудааст.
Барои хизматҳои арзандааш бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон, нишони «Аълочии телевизион ва радиои СССР», медалҳои «Барои меҳнати шоён», «Ба муносибати 100- солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин» ва «Ветерани меҳнат» мукофотонида шудааст.
Қалби ҳассоси Субҳон Раҳматов 18 сентябри соли 2010 аз тапиш бозмонд. Вале номи накӯ ва меҳнати арзандаи ӯ дар таърихи журналистикаи тоҷик бо ҳарфҳои заррин абадан боқӣ хоҳад монд.
Дар конференсия дӯстону ҳамкорон, шогирдон ва наздикони мавсуф Обид Ҳомидов, Бурҳон Раҳмон, Искандар Мирзоев, Лӯъбат Бурҳонова, Александра Леонова, Раҳмон Шералиев, Собир Султон, Иброҳим Усмонов,Ҷамшеди Ромишгар, Абдуғаффор Абдуҷабборов, Бобохон Сатторов, Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода ва дигарон аз хислатҳои ҳамидаи Субҳон Раҳматов ҳарф заданд.
Конференсияи мазкур бо ташаббус ва дастгирии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баргузор гардид.
Таҳияи Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»