Рубоиёти Хайём — аз ҷумлаи ганҷҳои «Титаник»

№94 (4677) 21.07.2023

ТИТАНИК1Соли 2001 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шоир ва адабиётшинос Усмон Назир гуфта буд, ки дар дохили киштии овозадори «Титаник», ки соли 1912 ғарқ шуд, китоби шоир ва мутафаккири машҳур Умари Хайём низ буд.

Ба наздикӣ дар шабакаи интернет маълумотеро пайдо кардам, ки  ба  киштии бузургу номдор, ки 111 сол пеш ба фоҷиа гирифтор шуда буд, рабт дошт. Бозмондаҳои киштии ғарқшударо якуми сентябри соли 1985 океанологи амрикоӣ Роберт Баллард ва ҳамкорони франсавиаш 325 мил дуртар аз соҳили ҷазираи Нюфаунленди Канада пайдо карданд. Солҳои минбаъда аз қаъри уқёнус қариб шаш ҳазор ашё, аз ҷумла қандили яке аз толорҳои тарабхона, лампаи нуқрагин, атр, ки баъд аз беш аз сад сол ҳам накҳаташро гум накардааст, соати кисагии корманди киштӣ Эдмунд Стоунро бароварданд. Дар матлаби 29 — уми майи соли ҷорӣ нашргардида дар бораи пайдо гардидани боз як ганҷи шикастапораҳои киштии ғарқшуда -  гарданбанди тиллоии нодир, ки онро аз дандони наҳанг сохта будаанд, маълумот дода шудааст.

ТИТАНИКДар дохили киштӣ дастхати нодири донишманди қарни XI форс – тоҷик Умари Хайём низ буд. Ин китобро тибқи фармоиши намояндаи ширкати китобфурӯшии  «Sotheran & Company» Ҷон Харрисон, соли 1911 дар матбааи «Sangorski & Sutcliffe» саҳҳоф Фрэнсис Сангорски аз Лондон омода кардааст. Дар сох­тани муқоваи китоб саҳҳоф аз пӯсти якчанд намуди дарахтони нодир, аз ҷумла дарахти сурх ва нуқраю устухони фил, истифода бурда, ин корро дар зарфи ду сол анҷом дод. Барои ороиши муқова ва дохили китоб ҳамчунин беш аз 1050 порасанги қиматбаҳо истифода шудааст. Болои китобро акси товуси зебое оро дода, дар паси муқова расми асбоби мусиқӣ кашида шудааст.

«Рубоиёт»-и Хайёмро аввал ба Амрико мебаранд, вале бинобар қимати баланд ба савдо намеравад. Баъд китобро аз нав ба Лондон баргардонда, ҳамчун асари пурарзиши санъат дар ярмарка — ауксиони машҳури «Sotheby’s» ҷой мекунанд ва онро бо нархи 1900 доллари амрикоӣ мефурӯшанд. Соҳиби китоб мехост онро бо киштии «Титаник» ба Нйю-Йорк барад, вале…

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»