Қиссаи ибратомӯз

Сарватманде, ки хушбахтиро дар хонаи маъюбон эҳсос кард

№92 (4675) 14.07.2023

485b9b02664cbedeccc0aeae1b90bf54 — копияЯке аз шабакаҳои телевизионӣ марди сарватмандеро барои мусоҳиба даъват кард. Аввалин саволе, ки ба ӯ пешниҳод шуд, ин буд: «Дар кадом лаҳзаи ҳаёт худро хушбахттарин инсон ҳис кардед?».

Он мард гуфт, ки ман дар зиндагӣ чор марҳиларо гузаш­таам, то эҳсоси хушбахтии воқеӣ ва қаноатро пайдо кунам. Якум, айёми рушди фаъолияти соҳибкориам буд. Корҳоям ривоҷ ёфт, дар бонкҳо сарватам афзун гашт, маблағи зиёд ҷамъ шуду миллиардер шудам, вале хушҳол набудам.

Дар марҳилаи дуюми умрам саъй кардам то беҳтарин атиқаҳо (чизҳои қадима)-ро ҷамъоварӣ кунам. Дар як муддати кӯтоҳ ашёю китоб ва чизҳои ҷолиби қадимаро ҷамъоварӣ кардам. Осорхона кушодам ва ҳар рӯз аз пушти шиша онҳоро тамошо мекардам, вале эҳсоси хушбахтӣ дар ман пайдо намешуд. Қарор додам ҷаҳонгардӣ кунам. Ба беҳтарин ҷазираҳои дунё сафар кардам, ба беҳтарин ҳавопаймоҳо, чархболҳо, киштиҳо, мошинҳо савор шудам, вале боз ҳам…

Рӯзе бароям лифофае оварданд. Кушода дидам, ки маро ба ҷамъомаде, ки бояд дар Хонаи маъюбон баргузор гардад, даъват кардаанд. Рӯзи муайяншуда ба он ҷо рафтам. Дар рафти ҷамъомад маълул (маъюб)-е ба ман муроҷиат кард:

- Раис, ба намояндагӣ аз ин ҷамъият, аз шумо хоҳиш дорам, бароямон мизу курсӣ дастрас намоед.

Дарҳол ба ёрдамчиам дастур додам, ки барои Хонаи маъюбон мизу курсӣ биёранд. Ин супориш то анҷоми ҷамъомад иҷро шуд. Дар поёни маҳфил бо ҳозирин хайрухуш карда, мехостам аз толор берун шавам. Ин лаҳза нафаре поямро дошт. Нигоҳ кунам маъюбе бо чашмони пурэҳсосу намнок ба ман нигариста, чизе гуфтан мехоҳад.

- Писарам, чӣ мехоҳӣ, дархосте дорӣ, бигӯ.

Вай дар ҷавоб гуфт:

- Дархосте надорам. Фақат мехоҳам ба шумо миннатдорӣ кунам ва бигӯям, ки вақте мо ҳамроҳ ба биҳишт ворид мешавем, ман гувоҳӣ медиҳам, ки ҳамин одам барои мо сад мизу курсӣ ҳадя карда буд.

Он лаҳза худро дошта натавонистам ва беихтиёр об аз дидагонам ҷорӣ шуд ва дар қалбам эҳсоси гувороеро ҳис кардам. Ана ҳамон лаҳза худро хушбахт ҳисобидам.

Таҳияи Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»