Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

Таҷдиду азнавсозии қасри фарҳанг зарур аст

№136 (3616) 03.11.2016

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром ба маълумоти шумо мерасонад, ки мақолаи «Рӯшон. Қасри навбунёди фарҳанг таҷдидро тақозо дорад», муаллифаш Тиллои Некқадам, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» аз 19 июли соли 2016 №87 чоп шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Хотиррасон мешавем, ки фармоишгари сохтмони Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯшон Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ буда, ҳангоми коркарди ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавии иншоот тарзи меъмориву масоҳати қисми саҳнаи он бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа нашуда буд.

Ҳақиқатан дар сохтмони қаср, ба баъзе камбудиҳо роҳ дода шудааст, аз ҷумла толори асосӣ дар қисми саҳна масоҳаташ хеле танг аст. Барои бартараф кардани он таҷдиду азнавсозӣ зарур мебошад. Маълум аст, ки амалӣ намудани ин корҳо маблағро тақозо менамояд.

Тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои  дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ соли 2015 баён доштанд, ба Вазорати фарҳанг ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ бобати ба талабот мувофиқ  намудани дизайн ва тарҳи меъмории дохили Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯшон супориш дода шуд.

Бояд қайд кард, ки дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ (Темурмалик, Варзоб, Нуробод ва ғайра) сохтмони қасрҳои фарҳанг аз ҳисоби маблағгузории мутамарказ ҷараён дорад. Аммо аз сабаби нокифоя  будани маблағгузорӣ сохтмони онҳо солҳои дароз идома доранд.

Бинобар ин, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи «Қоидаҳои ташаккул ва мувофиқасозии Номгӯи иншооти аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ сохташаванда» (бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №483 аз 4 октябри соли 2011 тасдиқ шудааст) маблағи ҷудошударо дар навбати аввал ба иншооте, ки сохтмонашон нотамом аст, равона намуда, баъдан ба сохтмони иншооти нав шурӯъ менамояд.

Бинобар ин, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад мешуморад, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ лоиҳаи таҷдиду азнавсозии бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯшонро омода намояд ва баъдан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷудо намудани маблағи зарурӣ пешниҳод намоем.

Ш. ОРУМБЕКЗОДА, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон