Омодасозии журналистони тоҷик солҳои пеш яке аз масъалаҳои ҳалталаб буд. Зеро он солҳо мактаби махсус набуд ва муаллимони касбӣ намерасиданд. Танҳо бо кӯшиши шахсони дилдодаи ин касб журналистони оянда ба камол расиданд.
Дар ВМКБ аксари журналистони солхӯрда худро шогирди мактаби Назаршо Исломов, дар минтақаи Кӯлоб –Қувваталӣ Холов, дар минтақаи Қӯрғонтеппа — Пиримқул Сатторӣ, дар ноҳияи Рашт – Эмом Муҳиддинов, дар водии Зарафшон – Зайниддин Насриддинов ва шаҳри Ҳисор – Зафар Дӯстов мегӯянд ва аз ин ифтихор доранд. Ин мардони фидоӣ ба шароити онвақта нигоҳ накарда, бо як дилсӯзӣ ва ғамхории падарона қаламкашони ҷавонро, ки каму беш ба навиштани хабару мақола шавқ доштанд, ба кори газета ва радиои маҳаллӣ ҷалб мекарданд. Натиҷаи чунин муносибат ва ғамхорӣ буд, ки сафи журналистон, ходимони адабӣ ва мухбирони ғайриштатӣ сол то сол зиёд, рӯзномаҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ диққатҷалбкунанда мешуданд.
Назаршо Исломов дар деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон ба дунё омадааст. Чун дигар бачаҳои деҳотӣ ба падару модар дар корҳои саҳроӣ ёрдам медод. Дар фурсати муносиб шеърҳои устод Лоҳутӣ, махсусан шеърҳои инқилобӣ ва ғазалҳояшро аз ёд мекард.
Пас аз хатми мактаби ҳафтсолаи зодгоҳ ӯро чун хонандаи хушзеҳн барои таҳсил ба Мактаби коркунони партиявии шаҳри Хоруғ фиристонданд. Баъди хатм аввал муаллим ва баъдтар мудири шуъбаи пионерии ноҳияи Рӯшон буд.
Соли 1936 Назаршои 19 – сола барои таҳсил ба Университети коммунистии шаҳри Сталинобод (Комвуз) рафт. Вохӯрӣ бо шахсиятҳои шинохта, махсусан устодон С. Айнӣ ва А. Лоҳутӣ, олимон М. Андреев, А.Семёнов, тамошои аввалин филмҳои бадеии тоҷикӣ дар кинотеатри ба номи М. Горкий (ҳоло бинои ТВ «Сафина») ва дигарҳо дар ташаккул ва ҷаҳонбинии ӯ нақши калоне бозид.
Ҳангоми таҳсил Назаршо дар корҳои комсомолии университет фаъолона иштирок мекард. Ин буд, ки пас аз хатми он бо роҳхати Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон ӯро ба корҳои комсомолӣ ҷалб намуданд. Минбаъд дар вазифаҳои мудири шуъбаи омӯзиши сиёсии Кумитаи комсомолии собиқ ноҳияи Бартанг, котиби Кумитаи комсомоли собиқ ноҳияи Вахон, сардори лагери пионерии Кумитаи вилоятии комсомол ва мудири шуъбаи пионерӣ ва ҷавонони мактабхони Кумитаи вилоятии комсомоли Бадахшон кор кардааст.
Аз рӯзҳои нахустини корӣ бо матбуоти даврӣ ҳамкорӣ дошт ва хабару мақолаҳояш дар рӯзномаи вилоятии «Бадахшони сурх» чоп мешуданд. Фаъолияташ дар матбуоти тоҷик аз соли 1941 оғоз ёфтааст. Солҳои 1941-1943 ӯ дар вазифаи мудири шуъбаи ҳаёти партиявии «Бадахшони сурх» ва 1943-1945 муҳаррири газетаи ноҳиявии «Ҳақиқати Ванҷ» (ҳоло «Ватан») кор кард.
Масъулияти нисбатан ҷиддӣ – муҳаррири рӯзномаи вилоятии «Бадахшони сурх» аз соли 1945 ба зиммаи ӯ гузошта шуд ва 18 сол ин вазифаро сарбаландона иҷро кард. Дар ин байн курси тайёркунии муҳаррирони рӯзномаҳоро дар шаҳри Москва хатм намуд.
Вақте Назаршо Исломов вазифаи муҳарририро ба уҳда гирифт, дар идораи рӯзнома журналистони касбӣ намерасиданд. Рӯзнома асосан бо мақолаҳои расмӣ пур мешуд. Муҳаррир сараввал ба ҷобаҷогузории кадрҳо диққати ҷиддӣ дода, шоири маъруф Нодир Шанбезода, шоир ва рӯзноманигор Нишон Ҳамроҳ, журналистон Қаноат Мӯсоятов, Шонасим Шоқирғизов, Нусратулло Дорғабеков, Ноёбшо Бодурбеков, Ғуломмаҳмад Муллоев ва дигаронро ба кор ҷалб намуд.
Ҳангоми сафар ба шаҳри Душанбе, ба факултети таъриху филологияи УДТ ба номи В.И. Ленин рафта, бо донишҷӯёни ҳамдиёраш суҳбат карда, онҳоро барои кор ба идораи рӯзнома даъват мекард. Маҳз чунин вохӯриву мулоқотҳо буданд, ки донишҷӯён Назардод Ҷонбобоев, Мамадалишо Ҳайдаршо, Хушназар Ақназаров, Музофир Илолов, Карим Мирзоев, Боналӣ Қамбаров, Рӯзадор Бахтдавлатов, Давлатназар Назриев, Бахтибек Асалбеков ва Шодихон Муборакшоев пас аз хатми университет ба идораи рӯзномаи «Бадахшони сурх» омаданд. Онҳо журналистони маъруфу шинохта шуда, устодашонро бо некӣ ёд мекарданд.
М. Ҳайдаршо: «Аввалин мақолаам солҳои донишҷӯйӣ дар рӯзномаи «Бадахшони сурх» чоп шуд, ки дар ин кор саҳми устодам, муҳаррири рӯзнома Назаршо Исломов хеле калон аст. Умуман, дар тарбияи ман ва тамоми журналистони он айём хизмати устод Исломов арзанда аст.
Дар таътили тобистона устод маро ба кори газета ҷалб намуда, супоришҳо медод. То охири таътил ҳаққи қалами зиёд гирифта, ба воситаи ҳавопаймо ба Душанбе меомадам».
Хусусияти дигари фарқкунандаи Назаршо Исломов дар он буд, ки агар миёни рӯзноманигор, ходими адабии рӯзномаи «Бадахшони советӣ» ва роҳбар ё сардори идорае баҳс шавад, дарҳол аз зердастонаш пуштибонӣ карда мегуфт:
«Журналистони идораи мо ҳеҷ гоҳ аз доираи қонунҳои ҷорӣ берун намебароянд. Онҳо ҳақиқатро менависанд ва ман эшонро дар ҳамин рӯҳия тарбия кардаам».
Яке аз журналистони собиқадор Музофир Илолов менависад:
«…Махсусан, устод Исломов мо – ҷавононро дастгирӣ мекард, тез-тез ба сафарҳои хизматӣ мефиристонд. Агар ба сари ягон журналисти рӯзнома бадбахтие меомад, пеш аз ҳама ба ҳимоя мехест.
Соли аввали фаъолияти кориям дар рӯзномаи «Бадахшони советӣ» устод Назаршо Исломов маро дар ҳайати бригадаи мақомоти ҳизбии вилоятӣ даҳ рӯз ба ноҳияи дурдасти Мурғоб ба сафари хизматӣ фиристонид. Лекин бо дахолати лектору инструктори обком ба ҷои даҳ рӯз 20 рӯз дар Мурғоб мондему тамоми деҳоти ин ноҳияро гашта, бо мардум суҳбат доштем. Ҳини суҳбатам бо мардуми одӣ намояндаи мақомоти ҳизбӣ ба корам дахолат карда, «маслиҳат» медод. Муҳаррири рӯзнома аз ин рафтораш огоҳ шуда, ба ноҳияи Мурғоб занг зад ва ба он масъули ҳизбӣ сахт эрод гирифт, ки ба кори журналист дахолат накунад.
Он солҳо на ҳар кас ин ҷуръатро дошт».
Муборакшо Алимшоев – собиқ сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Маърифати Шуғнон»:
«… Соли 1959, пас аз хатми факултети забон ва адабиёти тоҷики Институти педагогии Кӯлоб ба зодгоҳам – деҳаи Манеми ноҳияи Шуғнон баргашта, дар мактаби деҳаамон омӯзгор шудам. Нағз дар хотир дорам, ки боре мақола навишта, ба рӯзномаи «Бадахшони советӣ» фиристонидам. Мақола ба муҳаррири онвақтаи рӯзнома Назаршо Исломов писанд омад ва маро барои кори минбаъда ба рӯзнома даъват кард.
Ҳамин тавр, аз соли 1960 дар рӯзномаи «Бадахшони советӣ» аввал мусаҳҳеҳ, баъд муҳарриру мудири шуъбаи сохтмони советӣ кор кардам».
Солҳои минбаъда Назаршо Исломов муҳаррири Сарредаксияи барномаи ҷамъиятиву сиёсии Телевизиони Тоҷикистон ва аз соли 1968 то ба нафақа баромаданаш муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқати Ванҷ» буд.
Хизматҳои арзандаи ин қаламкаши кордону ташкилотчӣ бо ордени «Нишони фахрӣ», ду Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон ва панҷ медал қадрдонӣ шудааст.
Саҳми Назаршо Исломов дар тарбияи кадрҳои журналистӣ дар навоҳии ВМКБ ва пурмуҳтаво гардонидани рӯзномаҳои вилоятӣ – «Бадахшони советӣ» ва ноҳиявии «Ҳақиқати Ванҷ» ниҳоят калон аст. Бо баҳои яке аз шогирдони шинохтааш, шоир ва журналисти маъруф Мамадалишо Ҳайдаршо андешаҳоямро тақвият мебахшам.
«…Дар Бадахшонзамин марде буд ба исми Назаршо Исломов, ки ҳама умр тамоми донишу маърифат, қобилияту кордонӣ, маҳорати ташкилотчигӣ ва қалби гарму нарми худро ба хизмати мардум ва инкишофи журналистикаи тоҷик бахшида буд…».
Соли равон ба зодрӯзи Назаршо Исломов 100 сол пур мешавад.
Бамаврид мебуд, агар ба хотири ин марди накукор ва накуном «Ҷоизаи вилоятии журналистон ба номи Назаршо Исломов» таъсис ва дар арафаи Иди матбуоти тоҷик – 11 март ба аҳли қалам супорида шавад.
Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»