26 январи соли 2021 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат вазифаҳоро барои сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мушаххас намуда, ҳар як шахси бонангу номусро уҳдадор карданд, ки бетараф набошанд ва баҳри ободонии кишвар саҳм гузоранд.
Ободӣ ё ба тартиб даровардани гирду атроф аз хонаи ҳар кадомамон, аз кӯча ва маҳалли зист оғоз меёбад. Чӣ тавр ман дар ҳавлӣ ё манзили зистам тартибу озодагиро таъмин карда натавониста, ба ободии ҷумҳурӣ ҳисса гузошта метавонам? Албатта, ба ин кор ибрати дигарон будан бо гуфтор, рафтор ва пиндори нек зарур аст. Зеро дар ҷомеа зиндагӣ карда, аз он берун будан номумкин аст.
Ҳар як фард дар мадди аввал бояд манфиати давлату миллатро ба инобат бигирад, ғурури миллӣ дошта бошад. Ҳисси ватандорию миллатдӯстиро баланд нигоҳ дорад. Танҳо ба умеди он шудан, ки иҷрои ҳама мушкилӣ масъулияти роҳбарияти давлат аст, ғалат буда, ин гуна муносибат ба рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ мусоидат нахоҳад кард.
Дар ин маврид ёдовар шудан аз зиндагиномаи яке аз шахсони барӯманди ҷумҳурӣ, раиси Ассотсиатсияи нақлиётчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори генералии ҶСК Корпоратсияи «Мусофирбар», узви Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои нафақахӯрони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, полковники мустаъфии мақомоти милитсия Сафаралӣ Гулов мувофиқи мақсад аст.
Солҳое, ки донишҷӯ будам, ахбори телевизионии «Бозрасии давлатии автомобилӣ хабар медиҳад» аксар маврид бо иштироки корманди БДА Сафаралӣ Гулов намоиш дода мешуд. Ӯ бо лаҳни фасеҳ хабар медод ва ҳама бодиққат онро тамошо мекарданд.
Баъдан, шиносоии ман бо ин шахсият ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиам оғоз гардида, то ба ҳол идома дорад. Гоҳ-гоҳе аз фурсат истифода бурда, ба коргоҳи ӯ даромада, ҳамсуҳбат мешавам. Ҳини суҳбат ӯ хотираҳои айёми ҷавонӣ, даврони шӯравӣ, донишҷӯӣ ва солҳои пурталотуми ҷанги шаҳрвандиро ба ёд меоварад.
Бисёр андешаҳои ӯ аз таҷрибаи ҳаёт буда, диққатҷалбкунандаанд. Маро қобилияти баланди таҳлил намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва пешниҳодҳои ҷолибаш дар соҳаҳои гуногун ба ҳайрат меорад. Шиораш дар зиндагӣ чунин аст: «Меомӯзам, то биомӯзонам». Дар бисёр масъалаҳо ҳар ду ақидаи ягона дорем ва инро аз он медонам, ки ӯ низ мисли ман дар оилаи муаллими собиқадори даврони шӯравӣ, дар оилаи серфарзанд, бо нони муаллимӣ ба воя расидааст. Акаи Сафаралӣ бо алам ёди волидони покзамирашро мекунад, аз онҳо такрор ба такрор миннатдорӣ намуда, афсӯс мехӯрад, ки онҳо ҳаёти хубу осоиштаи фарзандонро надиданд.
Дигар ин, ки исми бисёре аз шахсиятҳои маъруфи ҷумҳурӣ, ҳамкоронашро, ки тақдир ӯро бо онҳо дучор намудааст, бо ифтихор ба забон мегирад.
Қувваи ҳофизаи Сафаралӣ Гулов бисёр қавӣ буда, то хурдтарин ҷузъиёти ҳаёт ва фаъолияти кориро дар ёд дорад. Инро ҳангоми мутолиаи китоби «Сарбози ҳақиқат», ки ба қалами нависанда Садриддин Ҳасанзода тааллуқ дорад, ба хубӣ дарк менамоед.
С. Гулов аз деҳоти дурдасти ҷумҳурӣ ба пойтахт омада, баъди хатми Институти политехникии Тоҷикистон, хизматро дар мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, ба дараҷаи полковники милиса расида, то ба нафақа баромадан хизмати арзанда намудааст.
Ӯ аз зумраи шахсонест, ки ба касб содиқ монда, соҳиби обрӯву эътибори умум гардида, то ба ҳол аз он фахр мекунад, ки дар даврони шӯравӣ таҳсил намуда, баъдан дар мақомоти давлатӣ кор ва ба ҳамкасбонаш, ки аксар русзабон буданд, исбот кардааст, ки тоҷик низ метавонад соҳибкасб бошад. Аммо, баъдан ҳаёт ӯро ба имтиҳони душвори зиндагӣ дучор намуд, ки на ҳар шахс метавонист тоб оварад.
Зимни хизмат дар ин мақомот ба гирдоби пурталотуми ҷанги шаҳрвандӣ низ афтида, баҳри бартараф намудани он ва баамалбароии мақсаду мароми Сарвари давлат ҳиссаи арзанда гузошт.
Дар замоне ки Истиқлолияти давлатӣ эълон шуд, Тоҷикистон ба марҳилаи нави таърихӣ, яъне авҷи маҳалгароӣ, гаравидан ба самту ҳаракатҳои гуногуни ҳадафашон номаълум ва маълуму радикалӣ ворид гардид. Кор то ба ҳадде расид, ки мардуми сарбаланди тоҷик нонгадо, бехонумон, гирифтори бемориҳои гуногуни гӯшношуниду хатарнок ва беватан гардиданд. Ҳукуматҳои маҳаллӣ фалаҷ ва гурӯҳҳои яроқбадасти ғайриқонунӣ ба ҳалли масъалаҳои давлатӣ даст зада, мубориза барои соҳиб шудан ба мансабҳо шиддат гирифт.
Оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар минтақаи Қӯрғонтеппа ба авҷи аъло расида, мардуми бесарпаноҳ сарриштаи зиндагониро аз даст доданд. Яъне, мардуми куҳанбунёди мо боз ба як марҳилаи хонумонсӯзи таърихӣ дучор омад.
Дар он замон Сафаралӣ Гулов ҳамчун сардори Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти онвақтаи Қӯрғонтеппа фаъолият дошт. Аксарияти роҳбарони вилоят аз мансаб даст кашида, боқимонда аз ҷойи кор фирор карда буданд. Аммо ҳисси масъулият ва ватандӯстиаш имкон надод, ки худро аз гирдоби ваҳшатангез канор гирад.
Масъулиятшиносии ӯ пас аз Сарвари кишвар пазируфта шудани Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам баландтар гардид. Баъдан, ӯ бо ҳамсафони Роҳбари давлат баҳри барқарор намудани ҳукумати конститутсионӣ, ба ҳам овардани тарафҳои даргир, бо озуқа таъмин намудани мардум, махсусан сокинони собиқ вилояти Кӯлоб, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ҳиссаи арзанда гузошт.
Вазъияти мубҳам, гуруснагӣ сокинони собиқ вилояти Кӯлобро фаро гирифта буд. Дар ҳамон давра бо дархости Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи ҳудуди вилояти Қӯрғонтеппа 5000 тонна ғаллаи башардӯстона воридгардидаро баъди орд кардан ба мардуми вилояти Кӯлоб расонидан ба гуфтан осон буд. Ин масъулияти хавфнок ва дар он давра тақрибан иҷронашавандаро Сафаралӣ Гулов бо ҳамсафонаш — мардони далеру ватандӯст бо сари баланд иҷро намуданд. Ҳар боре ки корвони автомашинаҳои ғаллаву орд ба вилояти Кӯлоб мерасиданд, мардум пешопеши он қомати баланди афсари низомипӯш Сафаралӣ Гуловро медиданд. Ёди он рӯзҳо аз хотир фаромӯш нашудааст ва мардуми сарбаланди вилоят аз ӯ миннатдоранд.
Замони дар вилояти Қӯрғонтеппа адои вазифа намудан ин марди ватандӯст ва содиқ ба миллату давлат ҳодисаҳои зиёди даҳшатнок, таҳдиду хатарҳоро ба ҷон ва ба аҳли оилааш дидаву асоратро аз сар гузаронидааст, ки онҳо дар рӯзномаҳо ва дар китоби «Сарбози ҳақиқат» батафсил ба чоп расидаанд.
Аз хотираҳои узви Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон Муҳаррама Мирзоалиева бармеояд, ки ӯ шоҳиди бевоситаи он будааст, ки Сафаралӣ Гулов дар он рӯзҳои даҳшатбор дар байни мардуми ба шӯромада бо далерию нотарсӣ ва шуҷоату мардонагӣ баромад намуда, онҳоро барои якдигарфаҳмӣ, ба иғвогариву дасисаҳо дода нашудан, даъват менамуд.
Номбурда, инчунин, ёдовар шудааст, ки чӣ тавр Сафаралӣ Гулов, новобаста ба фалаҷ гардидани сохторҳои ҳукуматӣ, вазифаи хешро ҳамчун роҳбари РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Қӯрғонтеппа то ба охир ба ҷо оварда, ҳангоми ба асорати дидбонгоҳҳои ғайриқонунӣ афтоданаш ӯ ва дигар ҳамроҳонашро ҳимоя ва аз хатари нобудшавӣ озод намудааст.
Баъдан, ин марди шуҷоъ сарварии Корпоратсияи «Мусофирбар»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда гирифта, баҳри ба амал баровардани мақсадҳои наҷиби Сарвари давлат дар баргардонидани мардуми фирорӣ аз марзи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ноҳияҳои водии Рашт низ ҳиссаи арзанда гузошт.
Бояд гуфт, ки хизматҳои Сафаралӣ Гулов дар танзим даровардани фаъолияти нақлиёт дар ҷумҳурӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба он, муносибати одилона ба иштирокчиёни хадамоти нақлиёт бесобиқа аст. Ин аст ки хизматҳои ӯ аз ҷониби роҳбарияти олимақоми ҷумҳурӣ ба инобат гирифта шуда, бо ордени «Шараф» қадрдонӣ шудааст.
Ҳамин тавр, Сафаралӣ Гулов шукр аз он мекунад, ки тавассути заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеа дар шароити сулҳу ваҳдат, оромӣ, якдигарфаҳмӣ, ободкорӣ қарор дорад.
Андешаи зерин хулосаи аз ҳаёт баровардаи ӯст: «Мардуми соҳибмаърифат, худогоҳ умрро сарфи хизмати шоиста ба халқу диёр намудаву умри бардавом ёфтаанд, онҳо ин сарои пурзаҳматро батамом холӣ нагузоштаанд. Орзуву ормони ман он аст, ки масъулон соҳибкасбу соҳибхирад бошанд, зудгузар будани дунёи фониро дарк намуда, рӯзи маҳшар дар пешгоҳи Худованд истодану ҳисобот доданашонро ба ёд оранд, аз тамаъ бипарҳезанд, ба такмили дониши касбӣ машғул бошанд, дар ҷойи ҳар корафтода шахси ниёзмандро тасаввур намоянд, чизеро, ки ба худ эб намебинанд, ба дигарон низ раво надонанд».
Исматулло ХОЛНИЁЗОВ,
корманди фахрии мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ, сокини шаҳри Душанбе