Ҷашнвора

Забони Рӯдакӣ ҳаргиз намирад

№126 (3111) 08.10.2013

Ҳамасола 22 сентябр дар Тоҷикистон мардум «Рӯзи Рӯдакӣ»-ро таҷлил менамоянд

Сенздаҳ сол инҷониб дар ҷумҳурӣ аз «Рӯзи Рӯдакӣ» ҳамчун ҷашни фархундаи назми куҳан, мероси илмию адабӣ,  худшиносӣ ва худогоҳии таърихӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин иқдом ба хотири густариши худшиносии миллӣ ва боло бурдани маърифати фарҳангии ҷавонону наврасон дар бораи ниёгони тоҷик, ки аз заҳматҳои Асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс, Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сарчашма мегирад,  пеш гирифта шудааст.

Имрӯзҳо дар дохил ва хориҷи кишвар баргузории конфронсҳои илмӣ, маҳфилҳои рӯдакихонӣ идома дорад. Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Россия хабар доданд, ба муносибати зодрӯзи шоири бузург  бахши фарҳанги Сафорати кишвар дар ҳамбастагӣ бо Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Масква маҳфили шеъру тарона баргузор шуд. Дар ин ҳамоиши фарҳангӣ атрофи шеъри Рӯдакӣ, таҳқиқи рӯзгору осори ӯ баҳсҳо сурат гирифтанд.

Донишмандон бар он боваранд, ки устод Рӯдакӣ на танҳо асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс, балки мояи ҳувияти миллӣ ва боиси ифтихори тоҷикон аст, зеро ашъори шоир дар ҳама давру замон появу рушди адабиёти тоҷик буда, омили инкишофи забону фарҳанги тоҷикон гардидааст.

Мисоли рӯшан ин аст, ки аҳли ҷомеа ба таври лозима осори даврони шоирро бо навиштаҳояш бе мушкил дарк ва аз бар кардаанд. Воқеан масъалаҳои тарғиби одоби ҳамида, ахлоқи пок, дӯстиву рафоқат ва илму дониш дар эҷодиёти Рӯдакӣ бо сабки ниҳоят соддаву равон тараннум ёфтаанд. Рӯдакишиносон борҳо гуфтаанд, ки шоир инқилобе буд барои тоза кардани ҳувият ва зиндагӣ ва забон. Хизматҳои шоирро дар рушду такомули забони тоҷикии форсӣ  бузург медонанд. Тавре Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ гуфтааст:

Замони Рӯдакӣ бигзашту тай шуд,

Забони Рӯдакӣ ҳаргиз намирад.

Феълан дар тамоми бахшҳо осори ӯ ба сифати чароғи раҳнамо ба мардуми тоҷик хизмат мекунад. Яъне, бо гузашти вақт шеърҳои шоир аз нигоҳи муҳтаво кӯҳна нашуда, балки торафт ҷавобгӯй ба дард ва ниёзҳои ҷомеа мегардад:

То ҷаҳон буд аз сари Одам фароз,

Кас набуд аз рози дониш бениёз.

Мардумони бихрад андар ҳар замон,

Роҳи донишро бо ҳар гуна забон

Гирд карданду гиромӣ доштанд,

То ба санг андар ҳаме бингоштанд.

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст…

Муҳтавои шеъри шоир аз он гувоҳӣ медиҳад, ки аз бар  намудани илму дониш ва омӯхтани таҷрибаи рӯзгор барои ҳар як фард зарур аст. Яъне, бидуни саводнокӣ шахс на танҳо имкониятҳои зиёдро аз даст медиҳад, балки ҷойгоҳашро дар ҷомеа ба осонӣ пайдо нахоҳад кард. Дониш аст, ки аз тариқи он афроде ба дарёфти кори босифат зиндагиашро беҳтар намуда, ҳаёти осоиштаро фароҳам меорад. Шоир дар ҷойи дигар нуктаеро аз таҷрибаи зиндагӣ васф намудааст, ки қобили таваҷҷуҳ аст:

Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор!

Даҳҳо мисраъҳои дигари монандро метавон дар ашъори устод Рӯдакӣ дид, ки ҳамагӣ тарғибгари масъалаҳои ахлоқи баланди инсонӣ, одамгарӣ ва дӯстиву рафоқат аст. Миёни донишмандон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо унвонҳои Одамушшуаро, Султони мулки сухан, Соҳибқирони шоирон, Маликушшуаро, Сардафтари шеъри ноби тоҷику форс ёд мешавад. Осори адабии падари шеъри тоҷикӣ  дар баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ ва ваҳдату ҳамбастагӣ нақши бузург мебозанд. Ин аст, ки ҳоло дар Тоҷикистон бо арҷгузорӣ аз ин шахсият ба ноҳия, марказҳои пажӯҳишӣ, донишгоҳ, муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ, мактабҳо ва кӯчаҳо номи устод Рӯдакӣ гузошта шудааст. Инчунин як ҷоизаи давлатӣ низ ба  номи ӯ вуҷуд дорад. Илова бар ин, дар назди бархе аз муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ ва маркази шаҳр муҷассамаҳояш қомат афрохтааст. Аз ҳаёт ва саргузаштҳои талху ширини Султони шоирон матолиби зиёд дар рӯзномаҳо нашр гардидааст. Бо марги ин  суханвари шуҳратёр бисёриҳо фиғон сар дода, яке аз шоирони ҳамзамонаш дар сӯги ӯ марсия навишта, бо дарду алам гуфтааст:

Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй,

Гул бирезад, нарезад аз вай бӯй.

Шоират ку, кунун, ки шоир рафт,

Набувад низ ҷовидона чун ӯй.

Чанд ҷӯйӣ чун ӯ, наёбӣ боз,

Аз чун ӯ дар замона даст бишӯй!

Х. ШАРИПОВ,  «Садои мардум»