Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ Илҳом Раҷабов дар мулоқоти корӣ бо роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал тавсеаи ҳамкориҳои судмандро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар оғози мулоқот раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода оид ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, вазъи низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ислоҳот ва тадбирҳои дар ин самт андешидашуда, таъмини суботи молиявӣ, татбиқи сиёсати босамари пулию қарзӣ маълумот дод. Ҷонибҳо бобати мавзӯи асосии мулоқоти корӣ — оғози барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор табодули андеша намуданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода қайд намуд, ки бо дарназардошти тавсияҳои Хазинаи байналмилалии асъор як қатор корҳо ба анҷом расонида шуда, бинобар фароҳам омадани заминаи мусоид қабули Барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев вобаста ба оғози барномаи нави Хазинаи байналмилалии асъор, ки барои таъмини суботи молиявӣ, татбиқи сиёсати босамари монетарӣ ва таҳкими низоми бонкӣ мусоидат менамояд, изҳори назар намуд. Ҷамолиддин Нуралиев, аз ҷумла бо дарназардошти корҳои анҷомдодашуда дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт ва нишондиҳандаҳои муътадили иқтисодии кишвар дар чанд соли охир, ба вусъат бахшидани раванди оғози барнома бо дарназардошти ислоҳоти имконпазир даъват ба амал овард.
Роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал дар робита ба таклифу пешниҳодҳо изҳор дошт, ки муҳокимаи минбаъда оид ба ҳамкории ҷонибҳо дар наздиктарин фурсат, дар доираи сафари ҳайати ХБА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт.
Дар мулоқот вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар хусуси ислоҳот дар бахшҳои иқтисодиёт, аз ҷумла соҳаи буҷету андоз, маълумот дод.
Қобили зикр аст, ки раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва роҳбарони воҳидҳои сохтории БМТ дар доираи ҳафтаи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ — Spring meetings 2018, ки 16 — 22 апрели соли 2018 дар шаҳри Вашингтони ИМА доир гашт, дар мулоқотҳои судманд тавсеа бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт, аз ҷумла низоми молиявӣ ва бонкӣ, энергетика ва дигар бахшҳои муҳими иқтисодиётро матраҳ намуданд.
Шуъбаи матбуоти БМТ