Парвозҳои мунтазам бо хатсайри Душанбе-Истанбул-Душанбе минбаъд мутобиқи ҷадвали зимистона рӯзҳои ҷумъа иҷро мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе – 0620, аз Истанбул — 1105 ба вақти маҳаллӣ мебошад, иттилоъ доданд дар Хадамоти матбуотӣ ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр».
Ба таваҷҷуҳи мусофирони хатсайри Душанбе-Истанбул расонида мешавад, ки тибқи талабот кулли мусофирон бояд ҳатман ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд. Пеш аз фуруд омадани ҳавопаймо мусофирон бояд анкетаи махсусро (the Passenger Locator Form) пур намуда, дар фурудгоҳи Истанбул ба хадамоти дахлдор супоранд. Мусофирон бояд маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (PCR-тест)-ро, ки 72 соат пеш аз вуруд дода шудааст, дошта бошанд. Маълумотнома бояд аслӣ бошад ва аз ҷониби ташхисгоҳи акредитатсиядошта бо муҳри муассисаи тиббӣ пешниҳод карда шавад. Ашхоси мубталои СOVID-19 ба парвоз роҳ дода намешаванд. Ёдовар мешавем, ки барои паҳн кардани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус (COVID-19) ҷавобгарии чиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳангоми вуруд ба фурудгоҳи Истанбул кулли мусофирон аз санҷиши сирояти коронавирус гузаронида мешаванд. Нафароне, ки дар онҳо сирояти СOVID-19 муайян мегардад, аз ҳисоби худ ва ё ширкати суғуртаи тиббӣ табобати зарурӣ мегиранд. Аз ин лиҳоз доштани суғуртаи тиббӣ тавсия дода мешавад.
Меъёри интиқоли ройгони бағоҷ дар самти Душанбе-Истанбул барои эконом класс 27 кг бо дарназардошти бори дастӣ ва барои бизнес-класс 40 кг бо дарназардошти бори дастӣ муқаррар шудааст. Ба дохили ҳавопаймо бо худ танҳо лептоп, ҷузвдони занона ва кӯдаконаро гирифтан мумкин аст. Амволи дигари мусофирон ҳамчун бағоҷ гузаронида мешаванд.
Кулли мусофирони хатсайри Истанбул-Душанбе низ тибқи талабот бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд. Мусофирон бояд маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (PCR-тест)-ро, ки давоми 72 соат пеш аз вуруд ба Тоҷикистон дода шудааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд.
Меъёри интиқоли ройгони бағоҷ дар самти Истанбул-Душанбе барои эконом класс 20 кг бо дарназардошти бори дастӣ ва барои бизнес-класс 30 кг бо дарназардошти бори дастӣ муқаррар шудааст. Ба дохили ҳавопаймо бо худ танҳо лептоп, ҷузвдони занона ва кӯдаконаро гирифтан мумкин аст. Амволи дигари мусофирон ҳамчун бағоҷ гузаронида мешавад.
Барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки азми сафар ба Душанбе доранд, доштани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати вуруд ба қаламрави Тоҷикистон, раводид (агар лозим бошад) ва маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (PCR-тест), ки давоми 72 соат пеш аз вуруд ба Тоҷикистон дода шудааст, зарур мебошад.
Ба шаҳрвандони Туркия иҷозатномаи мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вуруд ба Тоҷикистон лозим нест, таъкид намуданд дар хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр».
Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»