Бисту чоруми феврали соли равон дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба «Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000» нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои об Ҷамшед Шоимзода гуфт, ки вобаста ба лоиҳаи мазкур дар ҳудуди кишварҳои аъзо бунёди як қатор иншоот пешбинӣ гардидааст. Хати интиқоли барқи 500кВ «Датка-Суғд 500» бо дарозии 477 километр (28 километр дар ҳудуди Тоҷикистон), васеъсозии зеристгоҳи барқии «Суғд-500», сохтмони хати интиқоли барқи 500кВ «Регар-Сангтӯда» бо дарозии 115 километр, васеъсозии зеристгоҳи «Регар-500», сохтмони зеристгоҳи конверторӣ дар минтақаи Сангтӯда бо иқтидори 1300 МВт (табдили ҷараёни тағйирёбанда ба ҷараёни доимӣ), эъмори зеристгоҳ бо иқтидори 1300 МВт дар Новшераи Ҷумҳурии Исломии Покистон (табдили ҷараёни доимӣ ба ҷараёни тағйирёбанда) ва сохтмони хати интиқоли барқи Сангтӯда-Новшера бо дарозии 750 километр, ки 117 километри он дар ҳудуди Тоҷикистон мебошад, аз ҳамон ҷумлаанд.
Мувофиқи асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳа, арзиши он 1 миллиарду 86 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, барои татбиқи қисмати тоҷикистониаш 314 миллион доллар лозим аст.
Бино ба гуфти Ҷамшед Шоимзода аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маблағи зарурӣ ҷудо шуда, созишномаҳо низ ба имзо расидаанд.
Инчунин, аз ҷониби Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) пешниҳоди маблағи грантӣ дар назар аст.
- Дар самти бунёди инфрасохтори зарурии қисмати тоҷикистонии лоиҳа, як қатор шартномаҳо, аз ҷумла, байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Ташкилоти ҷамъиятии фонди ҷумҳуриявии «Кӯҳистон» ҷиҳати гузаронидани баҳодиҳии экологии лоиҳа ва нақшаи муҳоҷират ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Ташкилоти ҷамъиятии фонди ҷумҳуриявии «Кӯҳистон» дар робита ба омодасозии нақшаи муҳоҷират дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Ширкати Monenco Iran Consulting Engineers (Эрон) доир ба назорат ва ҳамоҳангсозии иншооти ҷараёни тағйирёбандаи лоиҳа, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва ширкати CESI (Итолиё) доир ба назорат ва ҳамоҳангсозии иншооти ҷараёни доимии лоиҳа, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Ширкати Kalpataru Power Transmission Ltd (Ҳиндустон) вобаста ба «Сохтмони хати интиқоли барқи ҷараёни доимии 500 кВ», «Сохтмони хати электродии 66 кВ» ва «Сохтмони ХИБ-220 кВ аз НБО-и «Сангтӯда-1» то зеристгоҳи конверторӣ», ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Ширкати Kalpataru Power Transmission Ltd оид ба «Сохтмони хатҳои интиқоли барқи ҷараёни тағйирёбандаи 500 кВ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон», ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Ширкати муштараки «ABB AB/Cobra» (Шветсия-Испания) вобаста ба сохтмони зеристгоҳи конверторӣ бо иқтидори 1300 МВт ва зеристгоҳи электродӣ ба имзо расиданд, — изҳор дошт номбурда. Иттилоъ гирифтем, ки ҷиҳати назорати татбиқи лоиҳаи минтақавии «CASA-1000» дар назди вазорат бо ҷалби намояндагони ШСХК «Барқи Тоҷик», Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика, пудратчиёни лоиҳа ва ширкатҳои машваратӣ, ситоди доимоамалкунанда созмон дода шудааст.
Зикр шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар зеристгоҳи конверторӣ, бинои идоракунӣ, равоқпояҳои 500 кВ ва таҷҳизоти барқии 500 кВ ва 220 кВ идома дошта, реакторҳои шунтӣ, конструксияҳои металлӣ, болтҳои анкерӣ ва қубурҳои заҳкашӣ (дренаж) аз хориҷи кишвар ворид шуданд.
Аз ҷониби Ширкати «Kalpataru-Power Transmission Limited»-и Ҳиндустон нақшаи роҳрави хатҳои интиқоли барқи 500кВ ҷараёни тағйирёбанда ва доимӣ омода гардида, бо фармоишгар мувофиқа гардид.
Бо мақсади дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ноқилҳои барқии навъи ACSR Cardinal ва ACSR Zebra (968 км) ва ACSR Pheasant (1780 км) аз ҶДММ «Ноқили Талко» харидорӣ шуд.
Дар доираи лоиҳа ташаббусҳое амалӣ мешаванд, ки хусусияти иҷтимоӣ доранд. Аз ҷумла, Лоиҳаи дастгирии ҷомеа дар кишварҳои аъзои лоиҳа (Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон) пешбинӣ гардида, қисмати тоҷикистонии он аз ҳисоби маблағи грантии Бонки ҷаҳонӣ (24 млн. доллари ИМА) ва Фонди мақсадноки донорҳо (2,0 млн. доллари ИМА) татбиқ хоҳад гардид.
Бино ба гуфти Ҷамшед Шоимзода, лоиҳаи зикршуда аз 22 ҷамоат иборат буда, 65 деҳаро дар шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Левакант, Исфара, ноҳияҳои Данғара, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ҷайҳун дар бар мегирад.
Дар қисмати «Сармоягузорӣ ба инфрасохтори иқтисодӣ-иҷтимоии ҷамоаҳо», ки ба харҷи 12 млн. доллари ИМА аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон татбиқ мегардад, барқарорсозии системаи обёрӣ, сохтмони роҳ, синфхонаҳои иловагӣ, боғчаҳои кӯдакона ва бунгоҳҳои тиббӣ пешбинӣ шудааст.
Қисмати «Сафарбаркунии ҷамоаҳо, баланд бардоштани иқтидор ва идоракунии маҳаллӣ» (2,5 млн. доллари ИМА) низ аз ҷониби Бунёди зикршуда татбиқ гардида, дар ин раванд тақвияти иқтидори ҷамоатҳо дар самти банақшагирии рушди маҳал, идоракунии молиявӣ меҳвар аст.
Дар назар аст, ки қисмати тоҷикистонии «Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000» то охири соли равон ба анҷом расад.
Қобили зикр аст, ки лоиҳаи «CASA-1000» бузургтарин лоиҳаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мебошад, ки ба шарофати он низоми энергетикии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон пайваст мешаванд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»