Пешниҳод

Чаро аз ҳисоби бонувон зимни адои ҳаҷ роҳбалад нест?

№85 (3879) 10.07.2018

شروط_الحج_للمرأةҲар сол дар моҳи Зулҳиҷҷа, ки ду моҳ баъд аз моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад, миллионҳо  нафар аз кишварҳои гуногун бо мақсади адои ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ мераванд. Ягон маросими дигар дар ҷаҳон мисли ҳаҷ теъдоди бузурги  одамонро дар як муддати кӯтоҳ ҷамъ оварда наметавонад. Ҳадафи  фаризаи илоҳӣ танҳо тамошою зиёрати хушку холӣ набуда, балки ислоҳи ахлоқ ва расидан ба дараҷаи инсони комил аст. Зеро ҳоҷӣ дар гирди Хонаи Каъба, Мино, Арафот ва Муздалифа мушоҳида мекунад, ки зиёраткунандагон аз ҳоким то раият, донишманду камсавод, миллионеру миёнаҳол ва дорои синну солу забону нажоди гуногун дар як порча матои сафед зоҳир мешаванд. Ин нишонаҳо намунаи Рӯзи қиёматро ба ёди ҳоҷиён меоранд. Ҳар кас вобаста ба дараҷаи  имону тақводорӣ аз ин маросим панде мегирад.

Тавре ки шоҳидем, солҳои  пеш як қисми ҳамватанон бинобар надоштани омодагии дуруст, бо вуҷуди чанд маротиба ба зиёрати Хонаи Каъба  мушарраф шудан на аз файзи сафари  бобаракат баҳравар шуданду на ахлоқашонро ислоҳ карданд. Маҳз  ҳамин тоифа боиси пайдо шудани мақоли «хар рафт Маккаю Мадина, омад боз ҳамон хари қадима» шуданд. Онро мардум нисбат ба касоне, ки бо вуҷуди кӯшиши зиёди атрофиён ахлоқашон ислоҳ намешавад, истифода мебаранд.

Ҳоҷии зиёдро дидам, ки ба ҷои дар рафтору гуфтор намуна шудан дар бораи чанд сутун дош­тани масҷидҳои Арабистони Саудӣ, нархи маҳсулоти бозор,  бенамаку тунд будани хӯрокҳо, тарзи намозхонии намояндагони дигар мазҳабҳо сухан мегӯянд.

Хушбахтона, бо ташаббуси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну  маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд сол боз  дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат пеш аз сафари ҳаҷ бо зоирон давраҳои омӯзишӣ гузаронида мешавад.  Мутахассисони ботаҷриба дар машғулиятҳо, дар баробари фаҳмонидани тарзи адои ҳаҷ, инчунин рафтору гуфтор дар  маконҳои  муқаддас, автобус ва меҳмонхонаҳоро низ ёд медиҳанд. Аз сабаби он ки дар либоси ҳоҷиён номи давлат сабт шудааст, як рафтори ноҷои фарде метавонад боиси костагии обрӯи  ватан шавад. Аз ин рӯ, мутасаддиёни ин  маросими хотирмон кӯшиш мекунанд, ки ҳоҷиёни кишвар соҳиби маданияти баланд бошанд.

Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ миёни ҳоҷиён теъдоди бонувон хеле кам буд. Тавре ба мушоҳида мерасад, ҳоло  зиёд шуда, зарурати аз миёнашон интихоби роҳбалад ба миён омадааст. Зеро бонувон саволу мушкилоти зиёд доранд, ки наметавонанд онро ба роҳбалади мард баён кунанд.

Ҳафтаи гузашта дар масҷиди ҷомеи шаҳри Ҳисор барои  зоирини маъракаи «Ҳаҷ – 2018» давраи навбатии  омӯзишӣ баргузор шуд. Сокини деҳаи Муъминободи деҳоти «Деҳқонобод»-и шаҳри Ҳисор Шаҳло Гулова, ки соли 2016 ба зиёрати Хонаи Каъба мушарраф шудааст, ба бонувон  одоби зиёрат ва рафтору гуфтор дар макони муқаддасро фаҳмонид. Бонувон, ба қавле, гӯшу ҳуш шуда, гуфтаҳои ӯро  ёддошт мекарданд.

Шаҳло Гулова, омӯзгори собиқадори забони англисӣ буда, соли гузашта низ ба бонувони  шаҳри Ҳисор ба хотири савоб  одоби зиёратро таълим дод. Тавре ҳамсафаронаш  нақл карданд, ӯ соли 2016 зимни зиёрати Хонаи Каъба ба бонувони солхӯрда кумак карда, ба беморон ёрии аввалини тиббӣ расонидааст. Месазад, ки мисли ӯ барин  бонувони аз донишҳои динию дунявӣ бохабар ва забондону аз илми тиб огоҳ ба ҳайси роҳбалад пазируфта шаванд.

Ҳоло ки то оғози сафар камтар вақт мондааст, хуб мешуд, ки Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз миёни занони босаводу забондон чанд нафарро роҳбалад интихоб кунад, то ки зимни зарурат бонувон ба онҳо муроҷиат намоянд.

С. НАҶМИДДИНЗОДА,

«Садои мардум»