Маъракаи ғунучини пахта дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Ашт дастаҷамъона идома дорад. Кишоварзони ноҳия имсол дар майдони 5351 гектар чигит кишт карда, ният доранд, ки беш аз 10000 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ намоянд. Бо мақсади сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили бо арақи ҷабин парваридаи марди деҳқон муроҷиатномаи раиси ноҳияи Ашт Азимбой Азизӣ ба кулли сокинони ноҳия қабул шуда, ин иқдом аз ҷониби сокинони ноҳия ҳамовозӣ пайдо намудааст.
- То ба имрӯз (28 октябр) кишоварзони ноҳияи Ашт беш аз 6548 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки баробари 65,5 фоизи нақшаи умумӣ буда, баҳри ҷамъоварии ҳосили боқимонда деҳқонони ноҳия камари ҳиммат бастаанд, — гуфт зимни суҳбат ба мо Бахтиёр Усмонов — муовини сардори Идораи кишоварзии ноҳияи Ашт.
Бино ба гуфти Бахтиёр Усмонов, маъракаи ҷамъоварии «тиллои сафед» имрӯзҳо дар ҳамаи нуҳ деҳоти ноҳия муташаккилона идома дошта, ҳашарчиён низ ба ҷамъоварии пахта сафарбар шудаанд, то дастранҷи деҳқонон сари вақт ва бидуни талаф ҷамъоварӣ гардад. Хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти «Ашт», «Ориён», «Ифтихор», «Меҳробод» дар маъракаи ҳосилғундорӣ пешсаф мебошанд ва то ба имрӯз аз 80 то 104 фоизи нақшаи солонаи пахтасупориро иҷро намудаанд. Ҳамарӯза дар пахтачинӣ беш аз 4100 нафар сокинони ноҳия иштирок мекунанд ва 80 фоизи онҳоро саҳмдорони хоҷагиҳою боқимондаро ёрдамчиён аз ташкилоту идораҳо ташкил медиҳанд, ки асосан рӯзҳои истироҳат дар канори марди деҳқон мебошанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки то санаи 28 октябри соли ҷорӣ дар ҳафт навоҳии пахтакори вилояти Суғд 68 ҳазору 57 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 59,13 фоизи дурнаморо ташкил менамояд.
Дар вилоят ҳамарӯза қариб 1000 тонна пахта чида мешавад. Пешсафони маъракаи чиниши пахта дар вилоят кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Конибодом (71,0 фоиз), Ашт (65 фоиз), Ҷаббор Расулов (69,71 фоиз) ва Спитамен (64, 69 фоиз) мебошанд.
Бояд гуфт, ки имсол дар вилоят дар майдони 42 ҳазору 953 гектар чигит кишт гардидааст ва мувофиқи нақша то охири соли ҷорӣ бояд 115,1 ҳазор тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ шавад.
С. Абдувосит, «Садои мардум»