Дар доираи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, ки 16-22 апрели соли 2018 дар шаҳри Вашингтони ИМА баргузор шуд, ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор Илҳом Раҷабов бо намояндагони Департаменти хазинадории Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳти роҳбарии мушовири калони Гурӯҳи хизматрасониҳои бонкию молиявии департаменти мазкур ҷаноби Уилям Томас мулоқоти корӣ анҷом доданд.
Зимни он ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Департаменти хазинадории ИМА-ро бо иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳайё намудани шароити мусоиди сармоягузорӣ, кафолат ва имтиёзҳо ба сармоягузорони хориҷӣ шинос намуданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода вобаста ба як қатор навоварӣ ва ислоҳот дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳо дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) ва стратегияи солимгардонии низоми бонкии кишвар маълумоти муфассал пешниҳод намуда, ҳавасмандиро барои барқарор намудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ дар минтақа, ки ба рушди на танҳо низоми бонкӣ, балки иқтисодиёти кишвар низ мусоидат менамояд, изҳор намуд.
Дар идома намояндагони ташкилоти қарзии кишвар таҳти роҳбарии муовини якуми раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев вобаста ба барқарор намудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ ва тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши низоми бонкӣ бо намояндагони Департаменти хазинадории ИМА мулоқот намуданд.
Намояндагони ташкилоти қарзии кишвар ҳавасмандӣ ва омодагии худро барои ҳамкорӣ дар самти ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотии бонкӣ бо бонкҳои ИМА изҳор намуда, мусоидати департаменти мазкурро дархост карданд. Масъулини Департаменти хазинадории ИМА барои оғози ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд изҳори омодагӣ намуда, иброз доштанд, ки пешниҳодҳои зикршуда, мавриди омӯзиш қарор дода хоҳанд шуд.
Ҳамон рӯз роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молия бо намояндагони Агентии кафолати сармоягузории бисёрҷониба (МIGA) оид ба иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла соҳаи энергетика муколама намуданд. Бо дарназардошти пешниҳод гардидани маълумоти зарурӣ тибқи талаботи МIGA масъалаи мазкур мавриди омӯзиши тарафайн қарор хоҳад гирифт.
Қайд кардан зарур аст, ки МIGA ташкилоти зертобеи гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ буда, мақсади асосии фаъолияти он зиёд намудани сармоягузории мустақим тавассути пешниҳоди кафолат аз хавфҳои сиёсӣ ва пурзӯр намудани иқтидори қарзгирии давлатҳои аъзои Бонки ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
Инчунин, дар доираи сафар ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ оид ба раванди татбиқи лоиҳаи «Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ дар самти таҷдиди инфрасохтори низоми молиявӣ» машварати корӣ доир намуданд.
Шуъбаи матбуоти БМТ