Гули санҷид

№8 (4428) 08.01.2022

0NMsCzMeF2giЧанд муддат шуд, ки орому қарорро аз даст додаам. Дилам дард мекунад, қуввае ноаён онро фишор медиҳад, набзам тез ва бераҳмона метапад. Хиёлам парешон асту шабҳо хобам намебарад. Шояд кунҷковӣ карда пурсед, ки ба ман чӣ шудааст? Ба кадом дарди бедавое гирифтор шудаам?

Сирри мардон пӯшида беҳ, мегӯянд, аммо ман дигар тоқат надорам, агар дарди диламро ифшо насозам, оташи он маро сӯхта хокистар месозад. Бояд иқрор шавам, ки ман – марди зандору бачадор ошиқ шудаам, ошиқи Лола — бевазане, ки бо мо ҳамсояи девор ба девор аст. Ҳар як ҳаракат, табассум, овози рӯҳнавозаш маро мафтун месозад. Қомати чун сарваш диламро маҷбур мекунад, ки ба бозӣ дарояд. Вақте ки аз кӯча мегузарад, бӯи атраш ба димоғам мезанаду маст мешавам, обу адо мегардам, дилам қариб ки аз задан мемонад.

Рӯзе дар мошини мусофиркаш ба паҳлуяш нишастаму гармии баданаш саропои вуҷудамро ларзонд, нафаскашиам душвор шуд. Аз ҳаяҷони зиёд зери обу арақ мондам. Бӯи атраш масту мадҳуш кард. Аз зӯрии дарди ишқ дилам фишор хӯрду нафасам дар гулӯям гиреҳ баст, қариб буд беҳуш шавам. Лола ҳоли маро дида, «ба шумо чӣ шуд?» — гӯён ба ёрӣ шитофт. Дасташро ба пешонӣ ва буни гӯшам гузошта, тасфамро санҷид ва дафтареро аз кифаш бароварда шамолам дод. Аз ҷавонмарде хоҳиш кард, ки тирезаи мусофирбарро кушояд, то ки ман ҳавои тозаро нафас кашам… Эй кош, он лаҳза ҳеҷ гоҳ ба охир намерасиду Лола дасти нарму гармашро аз пешонаам намегирифт.

Шояд шумо гӯед, ки то ин қадар азоби ишқро кашидану дар оташи меҳри Лола сӯхтан ба ӯ изҳори муҳаббат кунам беҳтар аст. Рост мегӯед, вале ман басо шармгину беҷуръатам. Шармам он қадар зӯр аст, ки ба сарам фишор меорад ва забонамро лол мегардонад. Ҳатто вақте ки Суманро ба занӣ гирифтам, як ҳафта ҷуръати ба вай наздик шуданро надоштам.

Ман аз Суман шикоят надорам. Вай зани хуб аст. Рӯзи дароз ба кори хона овора мегардад. Гоҳ дар ҳавливу гоҳе дар ошхона, замони дигар дар оғилу коҳдон саргардон аст. Аз баданаш гоҳ бӯи нони навпухта меояду гоҳ бӯи оғилу тапак. Дастонаш ҳам шахшӯл, мисли ин, ки хор дошта бошанд, ба бадан мехаланд. Лола бошад, тамоман дигар, зебову нозук, хушбӯву дилкаш. Кошкӣ вай зани ман мешуду дар ин дурӯза дунё нағзакак роҳат мекардам.

Ишқи Лола рӯз ба рӯз маро саргарангу афгор мекард. Ниҳоят тоқатам тоқ шуду ба ҳамкорам Осаф дарди дил намудам. Вай фарёди дили ошиқи маро то охир гӯш карду пурсид:

- Дар гирду гӯшаи хонаат дарахти санҷид ҳаст?

- Дарахти санҷидро чӣ кор мекунӣ?

- Давои дарди ишқи ту гули санҷид аст.

- Маро масхара месозӣ?! – аз ифшо кардани рози дилам пушаймон шудам.

- Гули дарахти санҷид розе дорад, ки бобою бибиҳоямон аз он огоҳ буданд, — гуфт ӯ.

- Чӣ розе дошт?

- Гапамро набур, — эътироз кард Осаф, — оромона гӯш кун, аз асрори муҳиме огоҳ мешавӣ. Мегӯянд, ки дарахти санҷид ҷину парӣ дорад. Хусусан, вақте ки гул мекунад, шабу рӯз ҷинҳову париён аз он дур намешаванд. Аз ҳамин сабаб касе ба ин дарахт бе сабаб наздик намешуд. Вале гап тамоман дигар буд. Ин дурӯғро махсус бофта, аслан занону духтаронро метарсонданд.

- Чаро? – тааҷҷубам афзуд.

- Барои он ки гули санҷид хосияти аҷибе дорад. Агар зане ё духтаре гули онро бӯ кашад, эҳсоси шаҳвонияш бедор мешавад. Бинобар ин, ба хотири пешгирӣ кардан аз беҳаёӣ ин афсонаро бофтаанд.

- Фаҳмидам, вале гули санҷид чӣ тавр давои ишқи ман мешавад?

- Эҳ, нодон, агар ту ба зане, ки дил бохтаӣ шохаи дарахти пургули санҷидро тақдим кунӣ, бӯяш ба вай таъсир мекунаду мушкилат осонакак ҳал мешавад.

Аз шунидани ин гап ҷони тозае дар баданам пайдо гашт. Дар кунҷи боғчаи хонаамон дарахти пири санҷид ғарқи гул буд. Рафта шохаи пургулеро ба Лолаи нозанин тақдим мекунаму баъди чанд дақиқа бо баҳонае ба хонааш сар халонда, изҳори муҳаббат мекунам.

Хайру манзурро бо Осаф фаромӯш карда, ғарқи андешаҳои ширин ба хона омадаму рост ба назди дарахти санҷид рафтам.

- Қоматат занад, дарахти хушбӯву мушкилкушо, — бо меҳрубонӣ ба сухан даромадам,- агар муроди дили маро бароварда созиву Лолаи нозанинро ба ман моил намоӣ, то рӯзе, ки ҳастам хизмататро мекунам. Намегузорам, ки касе ҳатто номи табарро гирифта ба сӯят ояд.

Хаёл кардам, ки санҷид гапҳои маро шунид, аз меҳрубониям рӯҳбаланд гашт ва шохаҳояшро бо арзи миннатдорӣ ба сӯям афшонду фазоро хушбӯтар сохт. Ман ҳам як шохаи пургулро хуш карда, шикаста гирифтаму ба атроф назар андохтам. Ҳавлӣ хилват буд, Суман наметофт. Оҳиста бо умеди дидани Лола ҷониби дарвоза рафтам. Ба кӯча набаромада аз куҷое ҳамсарам пайдо шуд. Вай дар дасти ман шохаи санҷидро дида пурсид:

- Мардакҷон, ин шохаи пургулро барои ман овардед?

- Бале, ҷонакам! – худамро гум кардаву чӣ гуфтанамро надониста сухани Суманро тасдиқ кардам.

Вай хурсандона шохаи санҷидро аз дас­там гирифту чанд бор чуқур-чуқур бӯ кашид ва бӯи форам доштааст гуфта, чанд навдачаи гулро аз шоха ҷудо карда ба баногӯшаш гузошт. Чанд дақиқа пас якбора ҳоли Суман тағйир ёфт. Вай бо чашмони хумору лабони бӯсахоҳ ба ман наздик шуда, дастонашро ба гарданам ҳалқа карда, ба меҳрубониву навозиш даромад…

Субҳи рӯзи дигар ба кор мерафтаму раҳораҳ дар бораи қудрати муъҷизаосои гули санҷид фикр мекардам ва соати висолро бо Лолаи паричеҳра наздик медидам. Он рӯз бо хаёлҳои ширин чӣ тавр тамом шудани соати кориро нафаҳмидам ва болу пар бароварда ба хона омадам.

Дар пеши дарвоза маро ҳамсарам дар дасташ шохаву дар баногӯшаш гули санҷид пешвоз гирифт. Маҷоли даҳан кушодан наёфта, Суманро дар оғӯши худ дидам. Вай маро бо нозу меҳрубонӣ ба хона дароварду гуфт:

- Чаро барвақттар ба ман гули санҷид тақдим накардед? Муъҷизаро бинед, ки маро ҷавонтару шуморо ширинтар кардааст.

Шаби ошиқонаи мо дурудароз давом ёфт. Пагоҳӣ бо чашмони варамида ба кор рафтам. Осаф ҳоли маро дида гуфт:

- Маълум, ки гули санҷид туро ба мурод расонидааст.

Табассуме кардаму чизе нагуфтам. Бегоҳ ба хона омадаму Суманро дар пеши дарвоза шохаи санҷид дар даст дида, ларзаи ноаёнеро дар поҳоям ҳис кардам. «Садқаи мардакҷонам шавам» — гӯён Суман аз банди дастам қапида, маро ба сӯи худ кашид. Ноилоҷ ҳамроҳи ӯ ба хона даромадам.

Дигар рӯз надоштам. Ҳар бегоҳ занам маро шохаи санҷид дар даст интизор буд. Аз хона гурезон шудам. Лола ҳам ба ёдам намерасид. Оташи ишқ хомӯш гашта, ба хокистар мубаддал шуда буд. Дарахти санҷид ҳам ба назарам мисли бало метофт. Илоҷи аз он дарахти шум халос шуданро меҷустам.

Як бегоҳ дертар ба хона омадам. Аз роғи дарвоза ба ҳавлӣ нигаристам, Суман наметофт. Гумон кардам, ки аз интизорӣ хаста шуда, ба хона даромадааст. Оҳиста ба ҳавлӣ даромада, табари аз бозор харидаамро сахт фишурда, ба сӯи дарахти санҷид рафтам:

- Маро бубахш! – оҳиста пичиррос зада даст ба танаи дарахт расондам, — то ин андоза душмани номард буданатро намедонис­там. Дар ин хона ё ман бояд бимонам ё ту.

Ин гапро гуфтаму табарро бардошта хос­там ба кундаи санҷид занам, ки садое чун тири камон ба гӯшам даромад:

- Ҳой, даст нигаҳ дор! Ба дарахти ишқи ман табар назан!

Бо шунидани садо чашмонам сиёҳӣ зад, табар аз дастам афтид.

Замоне ки чашм кушодам сарамро рӯи зонуи Суман дидам. Вай шохаи санҷид дар даст, бо чашмони пур аз меҳр ба ман менигарист. Дилам думушта ба қафаси синаам кӯфта фарёд мезад: Дод, аз дасти гули санҷид!

ВОРИС