Конфронси занони полис дар Исломобод

№125-126 (3271-3272) 28.10.2014

IMG_3838

Чанде пеш дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Масъулияти гендерии полис. Умед ба ҷомеаи сулҳомез» баргузор гардид. Конфронси мазкур се рӯз идома ёфт ва дар он аз 30 давлати дунё полисзанони мусулмон иштирок доштанд.

Конфронси мазкур идомаи Конфронси дуюми байналмилалии занҳои полис дар соли 2011 аст, ки бо ибтикори Дафтари полиси миллии Покистон ва Агентии Ҷумҳурии Федеративии Германия оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) доир гардид. Дар он масоили шинохти ҳуқуқ ва ҷойгоҳи зан дар муассисаҳои полис, аз байн бурдани табъиз нисбат ба зан, вазифаҳои байналмилалӣ дар хусуси инсон ва дигар мавзӯъҳои густурда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар чорабинии мазкур намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Покистон баромад намуда, изҳор дошт, ки дар ин вазорат 500 нафар афсарзанони полис фаъолият мекунанд ва барои тарбияи мардум алайҳи ҷиноят саҳми беандоза доранд. Сарфи назар аз мушкилоту монеаҳо Ҳукумати Покистон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳуқуқи зан устувор бошад.

Ҳадаф аз баргузории ин конфронс мубодилаи таҷриба ва амалӣ намудани конвенсияҳо, паймонҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеаи ҷаҳонӣ буд. Дар ин чорабинӣ намояндагони кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз қабили Афғонистон, Эрон, Индонезия, Малайзия, Алҷазоир, Сурия, Конго, Бангладеш, Брунея, Қазоқистон, Нигерия ва ғайра бо навбат суханронӣ намуда, доир ба чорчӯбаи адолати ҳар кишвар ва мафкураҳои умумибашарӣ баҳс намуданд.

Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбачаи сомонаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон майори милитсия Маҳбуба Гулова дар конфронс баромад намуда, доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба мақоми зан дар ҷомеа ва нақши занони тоҷик дар пешрафту тараққиёти кишвар изҳори андеша намуд. Ҳамчунин доир ба фаъолияти  занон-кормандони мақомоти корҳои дохилӣ маълумот дод.

Мавсуф зимни баромади хеш зикр кард, ки имрӯз занон дар як саф бо мардон дар мақомоти милитсия кору фаъолият намуда, дар баробари ба ҷой овардани рисолати модарӣ, инчунин дар таъмини сулҳу субот, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон саҳми назаррас мегузоранд.

Пайваста аз ҷониби роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади боло  бурдани мавқеи занон дар ҷомеа тадбирҳои судманд андешида, дар баробари мардон онҳо низ ба корҳои давлатӣ ҷалб карда мешаванд.

Ба тасвиб расидани  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» як қадами қатъӣ дар роҳи амалӣ намудани орзуву ормонҳои ҳазорсолаи занони тоҷик гардид.

Ҳоло даҳҳо нафар занону духтарон ба вазифаҳои масъул ва роҳбарикунандаи идораҳои давлатӣ таъин гардидаанд, ки имрӯз самаранок фаъолият намуда истодаанд. Пешрафти ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва фароғатӣ-варзиширо бе иштироки занон тасаввур намудан имконнопазир аст. Зеро, он ҷое, ки занон ҳастанд, тартибу низом ва самимияту меҳрубонӣ  пойдор аст.

Дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 1500 нафар занон бо дарки баланди масъулиятшиносӣ, ҳисси ифтихору самимият вазифаи пурифтихору душвори худро сарбаландона ба ҷой меоранд. Миёни онҳо 128 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда, боқимонда дар вазифаҳои гуногун кор мекунанд. Аз ҷумла миёни занон даҳ нафар дорои рутбаи баланди ҳарбии полковник мебошанд.

Бояд зикр намуд, ки ба интихоби ин пешаи пурифтихору масъулиятнок, ки аз ҳар нафар шуҷоату матонат, ҳушёриву зиракӣ ва истеъдодро талаб мекунад, даст задани занҳо аз тавоноию иродаи қавӣ доштани онҳо шаҳодат медиҳад.

Сарпарасти конфронси мазкур доктор Хола Ирам баромад намуда, изҳор дошт, ки мо дар ин ҷо ҷамъ омадем, то таҷрибаи худро бо якдигар дар миён бигзорем ва аз ислоҳот ҳарф занем. Барои пешрафти ҳирфавии занҳо дар шабакаи полис мусоидат кунем ва занҳо бидуни монеае аз ҳуқуқҳои худ бархӯрдор бошанд.

Сардори Бюрои полиси миллии Покистон Эҳсон Ғанӣ зимни суханронии худ зикр кард, ки мо ният дорем, системаи полисро тағйир диҳем, яъне полиси ҳирфаӣ, технологӣ ва ислоҳотро роҳандозӣ намоем.

Ҳамчунин дар ин конфронс занони соҳибмаърифати Ҷумҳурии Исломии Покистон, ба монанди профессор Ховар Мумтоз ва доктор Ясмин Аббосӣ ширкат варзида, доир ба ҷойгоҳи зан дар муассисаҳои полис ва нақши онҳо дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ суханронӣ намуданд.

Конфронси байналмилалии «Масъулияти гендерии полис. Умед ба ҷомеаи сулҳомез» ҷиҳати омӯзиши таҷриба, мубодилаи иттилоот ва огоҳӣ аз фаъолияти кормандзанони полиси дигар давлатҳо муфид буда, барои боз ҳам мустаҳкам намудани равобит ва ҳамкориҳои судманд мусоидат менамояд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»

Дар сурат: сардори шуъбачаи сомонаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳбуба Гулова (аз рост якум) ва иштирокчиёни конфронси занони полис