Дар Афғонистон, ки чил сол боз ноором аст, талошҳо барои расидан ба сулҳу субот ҳамеша ба буҳрон мувоҷеҳ мешавад. Ҳарчанд роҳу усули гуногунро ҷустуҷӯ ва пайдо мекунанд, то аз кашмакашҳои доманадору кушторҳои бешумор раҳо ёбанд, вале боз омилҳои наву бархӯрди манфиатҳо ба миён меояд.
Дар гузашта низ не қабули Конститутсия ва не баргузории маъракаҳои сиёсӣ, аз қабили интихоботҳои президентӣ натавонистанд ба кишвар сулҳ биёранд. Ҷалби намояндагони ақвоми гуногун ҳам кумак накард.
Ҳоло қариб як сол мешавад бо «Толибон» мусолиҳа карданианд ва ҳафт даври музокироти намояндагони махсуси ИМА бо намояндагони «Толибон» баргузор шуд. Вале тайи ин муддат ҷонибҳо натавонистанд, сари се масъалаи сода ба мувофиқа бирасанд. Хусусан, хурӯҷи неруҳои байналмилалӣ, қатъи амалиёти ҷангӣ аз тарафи ҷангиёни «Толибон» ва гуфтушуниди мустақими онҳо бо ҳукумати Афғонистон. Инҳо масъалаҳоеанд, ки баррасиашонро ба як солу ним сол кашол додан шарт нест.
Яке аз шартҳое, ки намояндагони «Толибон» дар музокирот бо намояндагони вижаи ИМА ба миён гузоштанд, хурӯҷи пурраи неруҳои хориҷӣ аз Афғонистон мебошад. Гуфтаанд, то ин шарташон пазируфта нашавад, оташбас намекунанд. Неруҳои байналмилалӣ бошанд, дар масъалаи баромадан аз Афғонистон саросема нестанд. Ин аст, ки «Толибон» ҳам, дар баробари ин ки дар гуфтушунидҳо ширкат мекунанд, ҳамоно ба ҷангу хунрезӣ идома медиҳанд. Масъалаи дигаре, ки ҳалнашуда боқӣ мондааст, гуфтушуниди мустақими «Толибон» бо ҳукумати Афғонистон мебошад. «Толибон» ҳукумати феълиро ғайримустақил ном бурда, «бо ҳукумати дастнишондаи хориҷиён музокирот намекунем» гуфтаанд.
Ҳафт даври музокирот дар ҳоле сурат гирифтааст, ки дар Афғонистон назарҳо ба ин масъала яксон нестанд. Ҳанӯз охирҳои моҳи апрел хабаргузории «Ово пресс» хабар дод, ки фиристодаи вижаи ИМА дар умури сиёсии Афғонистон Залмай Халилзод иброз доштааст, ки «сулҳ бо «Толибон» ба маънои поёни ҷанг дар Афғонистон нест». Дар миёни элитаи кишвар ҳам ба масъалаи гуфтушунид бо «Толибон» назари мухталиф доранд.
Ин аст, ки бо вуҷуди талошҳо сулҳу субот ба Афғонистон ба зудӣ расиданӣ нест. Ҳатто агар бо «Толибон» оштӣ ҳам кунанд. Зеро даҳҳо гурӯҳи дигаре ҳастанд, ки ихтилофу бесуботсозиро идома медиҳанд. Ҳоло бо эҳтимоли зиёд, баъд аз «Толибон» гурӯҳи террористии ДИИШ дар кишвар фаъол мешавад. Баёнияҳои намояндагони воломақоми Россия, дар хусуси он ки панҷ ҳазор террористи аъзои ДИИШ дар қисмати шимолии Афғонистон мустақар шудаанд, гувоҳи ин гуфта аст. Таърихи низоъҳои Афғонистон ҳам нишон медиҳад, ки дар кишвар ҳатман як гурӯҳ аз пайи гурӯҳи дигар пайдо шуда, мухолифату кашмакаширо доман задааст. Чунончи, пас аз баромадани артиши Иттиҳоди Шӯравӣ муҷоҳидон, ки Кобулро ба даст гирифта буданд, муросо карда натавониста, ба якдигар дарафтоданд. Пасон, «Толибон»-и мадрасаҳо омада, тадриҷан миқёси калони давлатро дар ихтиёр гирифтанд. Аммо хавфу хатари он гурӯҳҳо аз якдигар фарқ дошт. Даъвои ҳам муҷоҳидини афғон ва ҳам гурӯҳи «Толибон» танҳо бар сари давлати худашон буд. Дар сафи гурӯҳи террористии ДИИШ бошад, танҳо аъзои як ё ду давлати алоҳида шомил нест. Пайравонаш аз тамоми олам ҳастанд, ки Осиёи Марказӣ барояшон минтақаи бегона ҳисоб намешавад…
М. УСМОН, «Садои мардум»