29 майи соли 2018 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Ҳаракати ҷамъиятии «Дӯстони Россия» дар мавзӯи «Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар таъмини амният ва субот дар марзҳои ҷануби ИДМ» суҳбати гирди миз баргузор карданд, ки дар он намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, олимон, коршиносон, таҳлилгарони масоили Афғонистон ва минтақа, намояндагони мақомоти қудратӣ, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Директори маркази зикршуда Худойбердӣ Холиқназар зикр кард, ки ин аввалин чорабинӣ дар Маркази тадқиқоти стратегӣ аст, ки ба раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2018 рабт дошт, дар он масъалаҳои марбут ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарики стратегии мо – Федератсияи Россия, баррасӣ мешаванд.
Профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Х. Пирумшоев дар суханронӣ саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путинро дар таъмини амният ва субот дар марзҳои ҷануби ИДМ, мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, қочоқи аслиҳа ва маводи мухаддир назаррас арзёбӣ кард.
Доир ба ҳамкориҳои сиёсиву дипломатӣ ва ҳарбию техникии Тоҷикистону Федератсияи Россия директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Х. Холиқназар, сардори шуъбаи амният ва мудофиаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Ҷ. Раҷабов, профессор А. Шамолов ва дигарон суханронӣ карданд.
Рӯзибойи Умар,
«Садои мардум»