Баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷумҳуриҳои он имкон фароҳам омад, ки соҳибистиқлол гарданд. Аз тарафи дигар ба давлатҳои абарқудрат фурсати татбиқи ҳадафҳои геополитикиву стратегӣ дар фазои давлатҳои пасошӯравӣ пайдо шуд. Консепсияи дурнамои геоиқтисодии абарқудратҳои Шарқу Ғарб дар он буд, ки бояд захираҳои нефту газро дар минтақаи Осиёи Марказӣ соҳиб шуда, мисли ҳарвақта барои расидан ба ҳадафҳои геополитикӣ иғвоангезиро истифода баранд. Онҳо, пеш аз ҳама, тарғиби исломгароиро ба роҳ монда, муборизаи миллатҳоро барои истиқлолият ташкил дода, ҳамчунин, ҳисси бадбинӣ ё адовати халқҳоро барои масоили таърихӣ эҳё намуданд.
Ин буд, ки аз нахустин рӯзҳои Истиқлолияти давлатии кишвар тундгароёни динии бегонапараст якбора сар баланд намуда, мардумро ба вартаи гумроҳӣ тела доданд. Зеро хуб медонистанд, ки дар он шабу рӯз татбиқи нақшаҳои тарҳрезикардаи онҳо аз лиҳози сиёсиву иҷтимоӣ мувофиқ аст. Он замон тундгароёни динӣ ҳамроҳи баъзе аз зиёиёни гумроҳ аллакай дар маркази баъзе аз шаҳру ноҳияҳо бар зидди миллатҳои ғайритоҷик бо шиорҳои барангезандаи адовати миллӣ баромад намуда, қисме аз аҳли зиё, ба ҷои он ки ба рисолати иҷтимоӣ, яъне тарғиби донишу илм, фарҳангу санъат, машғул бошанд, ба ташвиқу тарғиби ғояҳои ифротгаройӣ даст заданд.
Агар инсон зиндагиро пурра идора карда натавонад, яъне бар ҳастӣ ҳоким набошад, ба шуур низ ҳоким шуда, ҳодисаву воқеаҳоро мустақилона баҳо дода наметавонад. Дар чунин ҳолат инсон соҳиби истиқлолияти фикрӣ нахоҳад шуд. Барои он ки истиқлолияти фикрӣ дар ҷомеа ба падидаи фарогир табдил ёбад, дарку шуури мардум бояд ба дараҷаи зарурии худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ расад, дар замири аҳли ҷомеа, хоса ҷавонон, эҳсоси гарми ватандориву ватанпарастӣ амиқ ҷой гирад, заҳмату талошҳои холисона ва содиқонаи адибон, олимон, рассомон, табибон, рӯзноманигорон, хулоса зиёиён, ки табақаи пешсаф ва раҳнамои ҳар халқу миллатанд, зарур аст.
Зимнан, дар ҷанги таҳмилии шаҳрвандие, ки дар мамлакат оғоз гардид, нақши асосиро тундгароёни динӣ бозиданд, зеро ҳадафи асосии онҳо аз оғози фаъолият танҳо сарнагун намудани сохти конститутсионӣ ва барпо намудани давлати исломӣ буд. Яке аз сабабҳои сар бардоштани тундгароёни динӣ он буд, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ миллат сарваре надошт, ки ҳама қишри ҷомеаро сарҷамъ созад. Вазъият ба майдон омадани роҳбареро талаб мекард, то аҳволро дарк намуда, ба манфиати миллат кор кунад. Хушбахтона, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдон омаданд ва тадриҷан пеши роҳи бесарусомониро гирифта, ба парокандашавии миллат ва порашавии давлат монеъ шуданд. Вакилони мардумӣ низ ин неруро дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёфтанд ва ӯро моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуданд.
Дар он лаҳзаҳои ҳассос ба эътидол овардани вазъ кори басо мураккаб буд. Масъулияти Сарвари давлатро барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва худшиносии миллӣ дучанд намуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои аввалиндараҷаро муайян ва барои иҷрои онҳо кӯшиши беандоза ба харҷ доданд. Вазифаи нахустин хомӯш намудани оташи ҷанг ва аз муқовимати мусаллаҳона ба гуфтушуниди натиҷабахш гузаштан ва ба Ватан баргардонидани гурезаҳо маҳсуб мешуд. Ҳамчунин, масъалаи волоияти қонун ва таъмини аҳолӣ бо ғизо аз тадбирҳои аввалин буданд.
Бо ин мақсад солҳои 1994 – 1997 ҳашт даври гуфтушунид байни тоҷикон, аз ҷумла: дар шаҳрҳои Москва (давраҳои 1 ва 7), Теҳрон (давраҳои 2, 6 ва 8), Исломобод (даври 3), Алмаато (даври 4), ва дар шаҳри Ашқобод (даври 5) гузаронида шуда, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид.
Дабири кулли ҳамонвақтаи Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан гуфтушуниди мухолифини тоҷик бо Ҳукумати кишвар ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллиро натиҷагирӣ карда, иброз дошт: «Тоҷикистон намунаи нодиреро пешорӯи дигар кишварҳо гузошт, ки чӣ гуна низоъҳои дохилиро метавон бартараф кард. Фикр мекунам, ки ин саҳми назарраси Тоҷикистон ба таърихи сулҳофарист».
Воқеан, маҳз дар давраи гузаронидани музокироти байни тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаккули фарҳанги ваҳдатгароӣ замина гузоштанд. Фаъолияти минбаъдаи Пешвои миллат нишон дод, ки ҳадафу вазифаҳои гузошташуда пурра иҷро гардида, дар роҳи ба даст овардан ва мустаҳкам намудани сулҳу Ваҳдати миллӣ, барқарорсозии низоми сиёсӣ ва эҳёи худшиносии миллӣ корҳои судманд анҷом ёфтанд. Яке аз ҳадафҳои Президенти кишвар дар он буд, ки таъсиру нуфузи қувваҳои хориҷиро, ки пайваста ба сиёсати дохилии Тоҷикистони соҳибистиқлол дахолат менамуданд, ботадриҷ кам намоянд.
Дарвоқеъ, фарзанди фарзонаи миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қувваро барои хотима бахшидан ба низоъ ва хусумати дохилӣ, пойдор ва мустаҳкам намудани сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва боз намудани роҳ ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ, рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз сафарбар намуда, сатҳи баланди эътироф ва эҳтироми милливу ҷаҳониро сазовор гардиданд.
Ҳоло раванди ташаккулёбии мактаби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои шаҳрвандони кишвар, балки барои тоҷикони ҷаҳон мактаби навест, ки дар сарҷамъ намудани тоҷикон, муаррифии Тоҷикистон ва рушду инкишофи кишвар нақши муҳим дорад.
Дар раванди фаъолияти сарварӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду амалишавии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар тадбирҳои боварибахшу ташаббусҳои ҷаҳониро анҷом доданд, ки дар иртибот ба онҳо эътибори байналмилалии мамлакат таҳким ёфт. Ин буд, ки мардуми шарафманди тоҷик бо сарбаландӣ ба Сарвари давлат унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро сазовор донистанд. Сулҳу ваҳдате, ки Пешвои миллат ба ҳамватанон оварданд, кафили истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон гашт.
Ҳамин тавр, мардуми сарбаланди тоҷик пас аз фоҷиаи сахти миллӣ дар солҳои навадуми қарни гузашта ҳоло бо шинохти ҳастӣ оғоз намуда, зарурати Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии давлатро дарк кардааст. Бо вуҷуди ин, зарур аст, ки ба фориғболӣ роҳ надода, Ваҳдати милливу Истиқлолияти давлатиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Дилшод ДАВЛАТЗОДА, мутахассиси пешбари бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, унвонҷӯи шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон