Боиси ифтихору сарбаландист, ки созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомӯзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофарини байналмилалӣ донистаанд. Замони ҷаҳонишавӣ дар ҷаҳон раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта истодааст, ки инсониятро ба гирдоби таҳлука тела медиҳад. Донишмандони инсонпарвар ва сиёсатмадорони дурандеш аз ин ҷараён дар ташвишанд. Воқеаҳое, ки солҳои охир ба вуқӯъ омаданд, ба мардум ва бархе аз давлатҳо ба ивази демократия мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро ба вуҷуд овардааст.
Пойдории давлат ва бақои он, оромию осоиштагии ҷомеа, ҳаёти хушу хуррами мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиати давлат, ташкилоту идора ва таъмини волоияти қонун ба адолати судӣ эҳтиёҷ ва пайвасти ногусастанӣ дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар Паём ба Маҷлиси Олӣ зарурияти ислоҳоти судиро таъкид намуда, масъалаи таҳия ва пешниҳоди барномаи нави мукаммали соҳаро барои солҳои минбаъда ба миён мегузоранд. Бинобар ин, бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолият дар судҳои ҷумҳурӣ сомонаҳои интернетӣ кушода шуданд.
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунад, меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ амал мекунанд.
Ба ҳар як шохаи ҳокимият дар доираи ваколатҳои пешбининамудаи Конститутсия вазифаҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон вогузор карда шуда, нишонаи олии он ҳифзи судии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Зеро дар сурати риоя нашудани ҳуқуқҳо аз ҷониби дигар мақомот, шахс метавонад бо истифода аз ҳифзи судӣ, шохаҳои дигари ҳокимиятро уҳдадор намояд, ки ин ё он амалеро, ки ҳуқуқ ва озодии ӯро маҳдуд ва ё поймол намудааст, бартараф намояд.
Амалӣ намудани адолати судӣ бо баррасӣ намудани аризаҳои шаҳрвандон дар мурофиаҳои судии конститутсионӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва маъмурӣ ба миён меояд. Маҳз барои риоя намудани ин принсипҳо соли 2008 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва мавриди амал қарор дода шуд, Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 январи соли 2008 қабул шуда, аз 1 апрели соли 2008 мавриди амал қарор гирифт, соли 2009 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва аз 1 апрели соли 2010 мавриди амал қарор дорад.
Сохтори дигаре, ки низоми судии Тоҷикистонро устувору неруманд мекунад ва дар таъмини волоияти қонун фаъолона ширкат мекунад, ин Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бояд қайд кард, ки судҳои иқтисодӣ ҳам самараи Истиқлолияти давлатӣ буда, дар натиҷаи гузаронидани ислоҳоти асосии иқтисодиёт ва низоми давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадаанд.
Ҳокимияти судии кишвар ҷиҳати таъмини адолати томи иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, муассисаю корхона ва ташкилоту созмонҳо ба пешрафтҳои назаррас ноил гардидаанд. Дар ҷумҳурӣ Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ татбиқ ва ислоҳоти судӣ марҳила ба марҳила амалӣ мегардад. Дар ҷараёни татбиқи Барномаи чоруми ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, бо дарназардошти рушди ҷомеа, механизми ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таъмини волоияти қонун, эхтироми инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он ҳамчун арзиши олӣ, баррасии саривақтии парвандаҳо, иҷрои санадҳои судӣ ва ба низоми электронӣ гузаштани судҳо тадриҷан ташаккул меёбанд. Ҳоло ба шарофати пойдории сулҳу субот ҳокимияти судӣ имконияти ҳифзи дастовардҳои зикршударо дорад.
Бинобар ин, қайд кардан ҷоиз аст, ки бархӯрдҳои сиёсиву муборизаҳои гурӯҳӣ далолат бар он мекунанд, ки бояд ба қадри сулҳу суботи кишвар бирасем ва баҳри ҳифзи истиқлолият саҳми муносиб гузошта, арзишҳои сулҳу ваҳдати миллиро ҳифз намоем.
Парвиз Мирзозода, судяи Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ