Тоҷикистон сарзаминест, ки кӯчактарин маконаш ба дили зебоипарастон ва дӯстдорони табиати афсункор ҷой гирифтааст. Ҳар як минтақаи он барои истироҳату саёҳат мувофиқ аст. Истироҳаткунандагони зиёде аз хориҷи мамлакат барои дидани он меоянду бо рӯҳу илҳоми тоза бармегарданд. Ватани азизамон маконест, ки бо боигариҳои табиӣ, мавзеъҳои дилфиреб, пиряхҳои азим, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумиаш ҷолиби диққат аст.
Соли ҷорӣ бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид, ки ин барои рушди туризм мусоидат намуда, дар доираи он барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ заминаи мусоидро фароҳам меорад.
Дар ин соли пурфайз бетарафиро як сӯ гузошта, қобилияту ҳунарҳои худро нишон додан самараи хуб ба бор меорад.
Бо чунин мақсади наҷиб якҷо бо ҳамкурсонамон Эмомалӣ Раҳмонов ва Хайём сомонаи нав — www taj – tours. tj.- ро таъсис додем. Он муаррифгари манзараҳои зебои Тоҷикистон барои сайёҳон ба ҳисоб рафта, бобати минтақаҳои Тоҷикистон, аз Зарафшону Бадахшон то Суғду Хатлон дар алоҳидагӣ маълумот ҷойгир шудааст. Сомона дар асоси дизайни муосир сохта шуда, тамоми нозукии сайтсозӣ дар он истифода гардидааст. Аксҳои рангоранг сомонаро зиннати дигар дода, ба истифодабарандагон таассуроти хуб мегузорад. Тамоми навиштаи сомона ба услуби бадеият наздик буда, бо се забон маълумот пешниҳод шудааст.
Ин кӯшиш мавриди арҷгузорӣ қарор гирифта, ибтидои сол аз тарафи раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сазовори «Дипломи дараҷаи II» гардид. Дар оянда барои хубтар намудани сомона нақшаи зиёд дорем ва кӯшиш мекунем, ки аз навгониҳое, ки дар самти инкишофи туризм дар кишвар ба амал меояд, сари вақт хабар диҳем.
Сабрина Бозорова,
донишҷӯи курси чоруми факултети журналистикаи ДМТ