Шодбошӣ

Марди маънӣ

№52 (3198) 22.05.2014

Илму тақво сар ба сар даъвист, маънӣ  дигар аст,

Марди маънӣ дигару майдони даъвӣ  дигар аст.

Камоли Хуҷандӣ

02Барои ҳар шахс шиносоӣ бо одамони шарифу фарзона боиси ифтихор ва баракати умру рӯзгор аст. Яке аз ин  гуна шахсон олими варзида Неъматулло Сафаров мебошад, ки тӯли чанд даҳсола барои илм ва ободии Ватан ҷаҳду талош дорад. Хосатан фаъолияти корӣ ва меҳнатию ҷамъиятии ӯ дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон бобаракату пурмуҳтавост. Ман ӯро аз соли 1969,  ҳангоми дар китобхонаи илмии УДТ ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) кор карданам мешиносам. Неъматулло Маҳмадуллоевич он вақт нав ба аспирантура дохил шуда, барои ба шоҳроҳи орзуҳо баромадан пайроҳа меҷуст. Бо китобу китобхона робитаи  зич ва қавӣ дошт.

Дар тамоми чорабиниҳои илмӣ гули сари сабад буд. Бо гузориш ва барномаҳои мушаххаси илмӣ дар маъракаҳо ширкат меварзид. Ӯ ҳоло олими варзида, Корманди шоистаи Тоҷикистон аст. Бе муболиға Н.Сафаров яке аз поягузорони сиёсати экологии Тоҷикистон мебошад. Аз соли 1990 муовин ва муовини якуми вазир ва аз моҳи августи соли 1997 то октябри соли 1998 иҷрокунандаи вазифаи вазири ҳифзи табиати Тоҷикистон буд. Ҳамон айём Тоҷикистон ба чор Конвенсияи СММ оид ба ҳифзи табиат ворид шуда, онҳоро ратификатсия намуд. Комиссияи кимиёвӣ созмон ёфт. Барномаи давлатии экологӣ барои солҳои 1998-2008 таҳия гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Барои тамоми кумитаҳои ноҳиявии ҳифзи табиат бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини озуқаворӣ ва бунёди боғҳо қитъаҳои замин ҷудо карда шуд.

«Китоби сурхи Тоҷикистон» бо забони давлатӣ интишор ёфт. Ду ҳисоботи миллӣ оид ба ҳифзи табиат таҳия ва нашр гардид. Ба ифтихори даҳсолагии ҳифзи табиати Тоҷикистон Конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ бо ҷаласаи ҷолибу хотирмони тантанавӣ гузаронида шуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  канданиҳои фоиданок», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шикори ҳайвонот», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи  ҳавои атмосфера» қабул гардид.

Бо тамоми стансияҳои обуҳавосанҷӣ аз нав алоқаи мукаммал барқарор шуд.

Барои батанзимдарории партовҳои воситаҳои нақлиёт ва ҳавои атмосфера милитсияи  бозрасии экологӣ ва чиптаҳои моддаҳои ғализкунандаи ҳаво ташкил шуд.

Барномаи дутарафаи экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба Заводи алюминийи Тоҷикистон (ҳоло КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик») ва бастани созишнома оид ба иҷрои он тасдиқ гардид.

Ташкили парвариши морхонаҳо дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Хуҷанд ва ба роҳ мондани истеҳсоли заҳри мор барои истеҳсоли доруи «Гюрзотаксин» дар дохили ҷумҳурӣ амалӣ гардонида шуд. Ташкилу парвариши уқобҳои шикорӣ ва варзишӣ барои сайёҳони хориҷӣ роҳандозӣ гардид.

Инспексияи муназзами доимоамалкунанда дар баҳри Норак ва боғҳои дарахтони мевадиҳанда дар мавзеи Себистон ва Сайёд ташкил ёфт.

Шиносномаи экологии минтақаҳо таҳия ва ба расмият дароварда шуд. Барномаи пешгирии биёбоншавӣ таҳия ва тасдиқ гардид.

Алҳол ин марди  шариф ба синни мубораки 70 расидаанд, вале чун ҳарвақта серкоранд, то дар шукуфоии Ватани азизамон пайваста саҳмгузор бошанд. Саломатӣ, барори кору рӯзгорро барояшон таманно дорем.

Муҳаммадҷон МИРЗОШОЕВ,нависанда, Корманди шоистаи Тоҷикистон