Бонги изтироб

Радиоҳои «кӯтоҳумр» ҳаҷми партовҳоро зиёд мекунанд

№77 (3714) 30.06.2017

радио1 копияҲанӯз аз давраҳои мактабхонӣ шунидани радиоро дӯст медоштам. Соли 1981, вақте дар синфи 9 мехондам, аз пули пахтачинӣ радиоприёмники «Алпинист» харидам. Рӯзҳои истироҳат ба хотири шунидани  ягон суруди  «булбули Шарқ» — Аҳмад Зоҳир аз саҳар то бегоҳ ба радиои давлатии Афғонистон ва барномаҳои бахши бурунмарзии  радиои  Тоҷикистон гӯш дода, хастагиамро ҳис намекардам. Соати 2- и шаб аз шабакаи «Маяк» аз натиҷаи бозиҳои дар сафар анҷомдодаи тими «Помир» огоҳ шуда, субҳ ба шарикдарсонам мегуфтам. Радиоприёмники мазкур 15 сол  хизмат намуд.

Чанде пеш аз бозори шаҳри Ҳисор бо арзиши 50 сомонӣ радиоприёмники истеҳсоли Хитойро харидам. Илова ба шунидани барномаҳои радио дар он  «флеш- карта» гузошта, мусиқии дилхоҳро гӯш кардан мумкин буд. Мутаассифона, он аз 2 моҳ зиёд «умр» надид. Маълум шуд, ки ин радио аввал неруи барқро  дар худ захира карда, баъд кор мекардааст. Дар муддати ду моҳ захиракунандаи неру (аккумулятор)- и он аз кор баромад. Азбаски дигар бо неруи барқ кор намекард, тавассути батареяҳо радио гӯш мекардам. Вале қувваи батареяҳо зуд – зуд тамом мешуданд. Ҳол он ки бо чунин батареяҳо ман 2- 3 моҳ радиои «Алпинист»- ро гӯш мекардам.

Ҳоло дар бозорҳо ин гуна радиоҳои  пастсифати истеҳсоли Хитой хеле зиёданд. Шояд мисли ман харидорони  фиребхӯрда зиёд бошанд. Чунин таҷҳизоти  пастсифат танҳо миқдори  партовро дар кишвар зиёд мекунанд.

Дар замони шӯравӣ радиоприёмникҳои тамғаи «Алпинист», «ВЭФ», «Океан», «Вега», «Фестивал», «Сокол» даҳҳо сол хизмат мекарданд.  Бо гузаштани 26 сол аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳанӯз ҳам баъзеҳо радиоприёмникҳои мазкурро истифода мебаранд. Хуб мешуд, ки нозирони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воридкунандагони таҷҳизоти барқӣ вохӯрӣ доир намуда, фаҳмонанд, ки аз ворид кардани маҳсулоти  пастсифат даст кашанд.

 С. САЙФИДДИН,

«Садои мардум»