Картошкаро «нони дуюм» меноманд, ки бесабаб нест. Аксар сокинони кишвар қисми зиёди заминҳои наздиҳавлигиро маҳз барои картошка ҷудо мекунанд. Аммо солҳои охир картошкапарварон аз «ҳамла»-и гамбуски колорадӣ (колорадский жук) ба майдони картошка бештар бонги изтироб мезананд, зеро ин ҷонвари пурхӯр зуд ба заҳрхимикатҳо мутобиқ шуда, буттаҳои картошкаро нобуд месозад.
Мутаассифона, аз заҳрхимикатҳо ба ҷои ин гамбуски зарарнок тиллочашмак, гамбусаки холдор (божья коровка) ва занбӯри асал барин ҷонварони фоидаовар нобуд мешаванд.
Гамбуски колорадӣ аз 700 — 800 то 1000 — 2000 дона тухм гузошта метавонад. Дар як сол ин ҷонвари пурхӯру ҷонсахт 2-3 насл медиҳад. Дар тирамоҳ ба зери замин рафта, зимистонро дар «ҷои гарм» паси сар мекунад. Аз ин рӯ, шудгори чуқури тирамоҳӣ метавонад боиси аз таъсири хунукии зимистон кам шудани теъдоди гамбуски колорадӣ гардад.
Гамбуски колорадӣ бӯйи буттаи картошкаро ҳис карда, аз масофаҳои дур меояд. Хуб мешуд, ки мубориза бо ин душмани картошкаро ҳама аҳли деҳаву хоҷагӣ дар як вақт оғоз намоянд. Роҳи осону безарар дастӣ ҷамъоварӣ намудани онҳост. Зараррасонҳои ҷамъшударо метавонед пеши мурғи хонагӣ, мурғи марҷон (индюк) ё сесарка партоед. Бо ин роҳ ҳам аз гамбуски колорадӣ халос мешавед, ҳам мурғони хонагӣ сер мешаванд. Агар аз даврони чӯҷагиашон ба назди мурғҳо кирмина (личинка)-и гамбуски колорадиро партоед, онҳо худашон ҷӯяк ба ҷӯяк гашта, гамбускҳоро нобуд мекунанд.
Дар сурати надоштани мурғ гамбускҳоро нобуд кунед. Ҳеҷ гоҳ гамбускҳои ҷамъшударо зинда ба зинда гӯр накунед ва ё ба ҷӯю дарё напартоед. Онҳо «шиновар»-и хуб буда, ба картошказор бармегарданд.
Роҳи дигари бе истифодаи заҳрхимикат нобудкунии гамбуски колорадӣ пошидани хокистар аст. Бо ин мақсад субҳи барвақт дар садяк замин ба баргу буттаҳои картошка як сатил хокистарро пошед. Пас аз ду рӯз ҷонварони пурхӯр нобуд хоҳанд шуд. Ин амалиётро ҳар ҳафта гузаронидан лозим, зеро ин душманони картошкаю боимҷон ва помидор аз майдонҳои ҳамсоя «меҳмонӣ» меоянд. Баъд аз гул кардан моҳе як бор пошидани хокистар кофист.
Ду кило хокистарро дар 10 литр об омехта намоед. Сипас, аз ин «дору» як литр ба 10 литр об ҳамроҳ намуда, ба буттаҳои картошка бипошед. Ин усул низ барои маҳв намудани гамбуски колорадӣ кумак мерасонад.
Усули дигари нобудкунии гамбуски колорадӣ коркард бо орди ҷуворимакка мебошад. Ин ҷонвари пурхӯр орди ҷуворимаккаро хӯрад, боиси ҳалокаташ мешавад. Крахмали ҷуворимакка низ ҳамин хосиятро дорад.
Як кило барги чормағзро бо 300 грамм пӯчоқи тухм дар сатиле гирифта, аз болояш 10 литр об резед. Баъд аз як ҳафта онро аз дока гузаронида, ба картошказор бо дорупошак (аппарат)-и дастӣ пошед. Ин даворо пешакӣ тайёр кунед, то ки баробари пайдо шудани гамбуск коркард намоед.
200 грамм хардал (горчица) — ро ба сатиле андохта, аз болояш 10 литр об резед. Сипас ба он 100 миллилитр (ним истакон) сирко (уксус) ҳамроҳ намуда, хуб кобед. Онро аз дока гузаронида, буттаҳои гамбуск часпидаро коркард намоед.
300 грамм барг ё лундачаи резакардаи сирпиёз (чеснок)-ро ба як сатил об андохта, ба он 50 грамм собуни ҷомашӯиро реза карда, ҳамроҳ кунед. Баъд аз хуб кофтан бо он буттаҳоро коркард намоед.
200 миллилитр (як истакон) собуни моеъро бо 50 грамм содаи хӯрокӣ дар як сатил об андохта, хуб кобеду бо ин дору буттаҳои картошкаро коркард намоед.
10 грамм хамиртуруши хушк ва 100 грамм содаро ба як сатил оби гарм андохта, 3 — 4 соат дам диҳед. Сипас, доруи ҳосилшударо ба буттаҳои картошка бипошед.
Ба 5 литр оби ҷӯш 150 грамм явшон (талхшувон, тахач) ва як истакон хокистари ҳезум андохта, се соат дам диҳед. Пас аз он доруи тайёршударо полонда, ба буттаҳои картошка бипошед.
Як истакон баргу гули қоқуи резакардаро ба 10 литр об андохта, ба он як истакон чилбуғум (гиёҳи арчамонанд, хвощполевой) — ро ҳамроҳ кунед. Онро ним соат ҷӯшонда, баъд аз хунук шудану аз дока гузаронидан ба он боз 10 литр об ҳамроҳ карда, ба картошказор бипошед.
Як кило каҳзак (хрен) — ро тару тоза ва ё 200 грамм хушки онро ба як сатил об андохта, 2 — 3 рӯз дар офтоб гузоред. Минбаъд, онро аз дока гузаронида, ба буттаҳои картошка бипошед. Дар сурати дубора пайдо шудани гамбускҳо баъди ду ҳафта коркардро такрор намоед.
Ба як сатил об як кило пудина андохта, 10 дақиқа ҷӯшонед. Сипас, як соат дам дода, аз дока гузаронед. Ин доруи табииро аз замони рӯидани картошка то ҷамъоварии картошка ҳар ҳафта ба буттаҳои картошка пошед.
Барои гурезонидани гамбускҳои колорадӣ миёни ду — се буттаи картошка аввали баҳор як дона лӯбиё шинонед. Ин ҷонвари зараррасони пурхӯр аз бӯи лӯбиё мегурезад. Метавонед, дар фосилаи ду — се буттаи картошка пиёзи сабзшударо шинонед (кӯчат кунед). Шумо бо ин усул на танҳо аз гамбуск халос мешавед, балки ҳосили иловагӣ (пиёзу лӯбиё) мерӯёнед. Лӯбиё, инчунин, заминро аз нитроген (азот)-и биологӣ бой мекунад.
Аз ҷонварони хурд гамбусаки холдор ва тиллочашмак дар баробари шира, инчунин тухму кирминаи гамбуски колорадиро низ нобуд мекунанд. Аз ин рӯ, дар баъзе аз хоҷагиҳо ин ҷонварони фоиданокро барвақт ба саҳро сар медиҳанд. Гаҳвораҷунбон низ душмани гамбуски колорадӣ мебошад.
Миёни парандагон аз ҳама зиёд гамбуски колорадиро тазарв (мурғи даштӣ, фазан), майна ва сесарка нест мекунанд. Барои ҷалб кардани мурғи хонагӣ ба «шикор»-и гамбуски колорадӣ бегоҳӣ як миқдор гамбускҳоро дастӣ чинда, дар бонкае маҳкам кунед. Саҳар, мурғҳоро дон надода, ин гамбускҳоро пешашон партоед. Мурғҳои гурусна ба онҳо дармеафтанд. Баъд аз чунин «наҳорӣ» мурғҳо худашон ба майдони картошка баромада, душмани ашаддии «нони дуюм»-ро қир мекунанд.
Бар зидди гамбуски колорадӣ аз тамоми восита истифода бурдан лозим аст. Зеро агар як дона гамбуск дар садяк гектар замин бошад, метавонад гирифтани ҳосилро зери хатар гузорад.
Олимон барои мубориза бо он доруҳои биологиро низ тавсия медиҳанд. Онҳо барои одамону рустаниҳо безарар буда, зараррасонҳоро бемор ва нобуд мекунанд. Доруҳои биологии санҷидашуда инҳоянд: фитоверм, битоксибатселин, лепидотсид ва ғайра.
Гамбуски колорадӣ аз тезии қаламфур низ нобуд мешавад. Аз ин рӯ, 100 грамм қаламфури кӯфтаро ба 10 литр об андохта, 40 грамм собуни ҷомашӯии тавассути турбтарошак майдакардашударо ҳамроҳ намоед. Сипас, онро ба буттаҳои картошка пошед.
Аз се як ҳиссаи сатилро бо баргҳои майдакардаи мушхор (лопух) пур карда, аз болояш об резед. Баъди як шабонарӯз онро аз дока гузаронида, ба картошка пошед.
Тамоми намуди доруҳои обакии дар боло зикршударо бегоҳӣ ба картошказор резед. Дар ин сурат таъсири он бештар мешавад. Хокистарро бошад, субҳ пошед. Чораҳои зикршударо як рӯз пас иваз кардан беҳтар аст. Масалан, субҳ хокистар пошидед, бегоҳ метавонед ин амалро бо доруи аз пудина ё тахач тайёркарда такрор кунед. Субҳи дигар орди ҷуворӣ пошида, бегоҳ доруи аз қаламфур ва сирпиёз ё қоқу тайёршударо истифода намоед. Ин усулҳо барои инсон, чорво ва занбӯри асал безарар буда, оянда буттаи хушки картошкаро бе ягон хавотирӣ ба чорво додан ва картошкаи рӯёнидашударо бе дудилагӣ истеъмол кардан мумкин аст, зеро дар таркиби онҳо заҳрхимикат нест. Ҳамин тавр, шумо барои харидани заҳрхимикат маблағ сарф накарда, муҳити зистро низ солим нигоҳ медоред.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»