Дар назарсанҷии 128 кишвари амнтарини дунё, ки аз ҷониби маҷаллаи «Global Finance» чанде пеш натиҷагирӣ шуд, коршиносон ба Қазоқистон зинаи 44, Тоҷикистон — 68 ва ба Қирғизистон ҷойи 89-умро сазовар донистанд. ИМА дар мақоми 65 — ум, Ҷумҳурии Халқии Хитой — 81 ва Федератсияи Россия дар зинаи 108 — ум муносиб дониста шуданд.
Зимни назарсанҷӣ имконпазир будани низои ҳарбӣ, сатҳи хавф ба амнияти шаҳрвандон, рушди иқтисодӣ, ҳамчунин эҳтимоли рух додани офатҳои табиӣ бештар ба назар гирифта шуд.
Дар мақоми аввал Исландия қарор гирифта, зинаҳои дуюму сеюмро Швейтсария ва Финландия ишғол карданд. Кишварҳои Покистон, Нигерия, Салвадор, Гватемала, Яман ва Филиппин кишварҳои хатарноктарин аз лиҳози таъмини амният арзёбӣ шудаанд.
Таҳияи Далер МЕРГАНОВ,
«Садои мардум»