Замоне ки дар ноҳияи Рӯшон зиндагӣ дар сатҳи хеле паст қарор дошт, ба сари Худоназар Шарифов ҳам борҳо андешаи аз ин диёр рафтан омад, аммо нарафт.
Дар мавзеи Майдони ҳавоии маркази ноҳияи Рӯшон замин гирифт. Муддати зиёд заминашро кишт карда натавонист. Мушкили асосӣ норасоии об буд. Техника низ надошт. Илоҷи корро ёфт. Бо зоғнӯлу бел рӯзҳои дароз ҷӯйбор меканд. Заҳмати шабонарӯзии ӯро дида, нафарони зиёд гуфтанд, аз баҳри ин кор гузарад. Мегуфтанд, ки «оби дарёро ба ҷӯйбор бароварда наметавонад, зеро сатҳи дарё аз ҷӯйбори сохтааш пасттар аст». Худоназар ба гапи мардум эътибор надод. Азми қавӣ дошт ва назди худ аҳд кард даҳони мардумро бо маҳсули кораш хоҳад баст. Аз ҳеҷ кас кумак интизор нашуд. Фарҳодвор заҳмат кашид ба замин об овард. Мардуми маҳал ангушти ҳайрат газиданд.
Соли 2015 замин ҳосили дилхоҳ надод. Ба ҷуз юнучқа дар он чизе нарӯид. Аммо рӯҳафтода нашуд ва дар 1,5 гектар боғ бунёд кард. Баъдан масоҳати боғро ба 5,5 гектар расонид ва дар он 240 ниҳоли себ, 20 бех зардолу, 20 бех муруд, 7 бех олу, 20 бех гелос ва 10 бех олуи инглисӣ парвариш намуд. Атрофи боғро маҳкам кард, то ҳайвонот дарахтонашро нобуд насозанд. Сипас, ба дарозии 100 метр ва паҳноии 50 метр ҳавзи моҳипарварӣ канд ва гирду атрофашро маҳкам намуд. Имрӯз дар ҳавз Худоназар Шарифов моҳӣ парвариш мекунад.
- Ширмоҳии кӯл аз дарёи Панҷ аст. Баъзеҳо маслиҳат медиҳанд, ки дигар навъҳои моҳиро низ парвариш намоям, аммо қабул накардам. Онро иваз кардан намехоҳам, зеро навъи ба маҳал мувофиқ аст.
- Аз юнучқаи замин, меваҳои боғ ва гӯшти моҳӣ даромади хуб мегирам. Ният дорам боз 1 гектар замини бекорхобидаро обод созам. Аллакай ҳамвор кардам ва масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон миннатдорам, ки бо мусоидаташон 50 ҳиссаи заминамро тирамоҳи соли гузашта шудгор кардам. Меҳнат кунем, ризқамонро пайдо карда метавонем. Ба гуфти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ватанамонро ба ҷуз мо касе обод намекунад». Ман ин суханони созандаро барои худ шиор кардам, — гуфт ӯ.
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,
«Садои мардум»