1 марти соли 2015- интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Дардошнои мардум будан шиори зиндагиаш аст

№24-25 (3325-3326) 20.02.2015

МУАРРИФИНОМА

Олим САЛИМЗОДАОлим Салимзода соли 1956 дар деҳаи Худгифи Соярӯи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дида ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1978 — гурӯҳи журналистикаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (собиқ  Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин)-ро бомуваффақият хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ фаъолияти меҳнатиашро соли 1978 ба сифати рӯзноманигор дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») оғоз кардааст. Таи фаъолияташ дар ин рӯзнома Олим Салимзода ба гӯшаву канори ҷумҳуриамон сафар карда, аз кору рӯзгор ва фаъолияти тамоми қишрҳои ҷомеа маводи ҷолибу хондании зиёд навишта, чоп намудааст. Солҳои 1983-1984 номбурда дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба сифати тарҷумон-мушовир фаъолият дошт.

Пас аз бозгашт аз ин кишвар фаъолияти меҳнатии Олим Салимзода дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» идома меёбад. Соли 1989 ӯро ба вазифаи Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии танзими тарҷумаи адабиёти Кумитаи давлатии матбуот ба кор даъват менамоянд. Баробари табдили ном намудани кумитаи мазкур Олим Салимзода сардори Сарраёсати матбуоти даврӣ, нашриёт ва равобити хориҷии Вазорати матбуоту ахбори Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегардад. Аз соли 1994 то соли 2004 муовин ва муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватҳои дуюм (солҳои 2004- 2005), сеюм (солҳои 2005- 2010) ва чорум 2010 то ба имрӯз аз ҳавзаи интихоботии Айнӣ №22 интихоб шудааст.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот мебошад.

Узви Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, муовини раиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Ассамблеяи байнипарламентии САҲА, узви фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳаст. Хизматҳояш бо медали «Хизмати шоиста» ва медали ҷашнии «20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадр шудаанд.

Оиладор, соҳиби чор фарзанд мебошад.

Дардошнои мардум будан, ҳисси баланди масъулиятшиносиву ватандӯстӣ ва назари воқеӣ доштани Олим Салимзода ба мушкилоту пешравиҳои зиндагӣ, пеш аз ҳама, аз журналист буданаш сарчашма мегирад. Оё касе беҳтар аз журналист набзи ҷомеаро ҳис менамояд? Албатта, не. Аз ин бармеояд, ки дар сурати ба ҷонибдории номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Салимзода овоз доданашон интихобкунандагони ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳу Айнӣ ва шаҳри Панҷакент барои ҳалли мушкилоти пешорӯяшон қарордошта ва беҳбудӣ ёфтани сатҳу сифати зиндагиашон тариқи таҳия ва қабули қонунҳо, ки аз ҷониби инсони комилу хоксор ва масъулиятшиносу худогоҳ Олим Салимзода амалӣ хоҳад гашт, замина мегузоранд. Зеро мавсуф аз зумраи он шахсонест, ки «Ибодат ба ҷуз хизмати халқ нест» шиори зиндагиаш буда, манфиатҳои миллату меҳанро болотар аз ҳама чиз мегузорад. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки Олим Салимзода ба зиндагӣ, мушкилот ва дастовардҳои он назари воқеӣ дорад, ки албатта, ин омил аз журналист буданаш маншаъ мегирад. О.Салимзода аз шумори он вакилонест, ки замони фаъолияташ ба сифати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҳамнафасу ҳамрози интихобкунандагонаш буд ва табиист, ки дар сурати боз ба ин мақом интихоб гардиданаш ин раванд дар шакли густурдатар идома хоҳад ёфт. Барои тақвияти ин гуфтаҳо лозим медонам аз дастоварди номбурда тайи фаъолияти вакилиаш ёдовар шавам. Солҳои зиёд буд, ки роҳи мошингарди Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ дар ҳолати хеле бад қарор дошта, боиси нороҳатии сокинони ин навоҳӣ гашта буд. Ҳарчанд бисёр соҳибмансабон, ба қавли худашон, баҳри ҳалли ин мушкилот «камари ҳиммат» бастанд, вале вазъи роҳ ҳамон буд, ки ҳамон. Бо дарназардошти муҳимияти ин масъала ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолияти вакилиаш Олим Салимзода тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дод то дар рафъи ин мушкилот саҳмгузор бошад. Бо тақозои вазифа банда дар тамоми ҷаласаҳое, ки доир ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гаштанд, ширкат доштам. Мушоҳида менамудам, ки Олим Салимзода бо пешниҳоди далелҳои раднопазир доир ба зарурати ҳалли зудтари проблемаҳои интихобкунандагонаш аз масъулин чораҷӯии бетаъхирро тақозо менамуд. Фаъолияти қонунгузории Олим Салимзода, ки омили муҳими фаъолияти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, низ хеле густурда буда, далели возеҳи таҷриба доштани ӯ дар ин бахш аст. Дар тақвияти ин андеша зикр намудан бамаврид аст, ки номбурда ҳамчун мутахассиси соҳа пештар низ дар таҳия ва такмили қонунҳои  зиёд саҳми арзанда дошт. Дар барномаи пешазинтихоботиаш ҳимояи ҳуқуқи инсон, мусоидат ба инкишофи тамоми соҳаҳо, таъмини демократия, озодии сухан ва шахс дар ҷомеа, мусоидат намудан ба инкишофи соҳаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ, ҳимояи иҷтимоии табақаҳои камбизоат, ҳали масоили марбут ба шуғли аҳолӣ, мусоидат ба рушди истеҳсолот, мусоидати ҳамаҷониба баҳри анҷоми бозсозии нақби Истиқлол, мусоидат дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» масъалаҳои меҳварӣ маҳсуб меёбанд.

Олим Салимзода раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот мебошад. Аз он ки кумитаи зикршуда яке аз сохторҳои асосии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, табиист, ки саҳми қаҳрамони мо низ дар раванди фаъолияти ин мақоми олии қонунгузори кишвар хеле назаррас аст. Мавсуф таи фаъолияти вакилиаш ҳамнафасу ҳамрози интихобкунандагонаш буд ва ҳамеша дар қабули ӯ будани интихобкунандагону барқарор будани мукотибаи ҳамешагии онҳо бо ӯ далели возеҳи ин гуфтаҳост.

-Тавре маълум аст, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҳамон се шохаи ҳокимият аст, ки салоҳияти қонунгузориро ба зимма дорад. Аз ин нуктаи назар, он рисолати бузургеро бар дӯш дорад. Олим Салимзода муътақид аст, ки дастоварду пешравиҳое, ки  рӯйи кор омаданд, аз бисёр ҷиҳат натиҷаи фаъолияти  пурсамари ин мақоми олии намояндагӣ мебошад. Оид ба Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон сухан ронда, ҳамсуҳбатам минҷумла гуфт, ки давоми 20 соли гузашта аз имтиҳонҳои зиёде гузашта, обрӯ ва манзалаташро дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа таҳким бахшидааст. Ҳамин аст, ки дар маъракаҳои сиёсӣ ва сабқатҳои интихоботӣ пайваста ба пирӯзӣ мерасад.Мо аз он ифтихор дорем, ки Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон чун неруи тавонои сиёсии кишвар дар эҷоди фазои бовару эътимоди зикршуда миёни давлату ҷомеа нақши муассир дорад.

ҲХДТ аъзои худро дар заминаи ҳадафу мақсадҳое муттаҳид гардонидааст, ки ҳоло зербинои пешрафтро дар мамолики мутамаддини ҷаҳон ташаккул додаанд. Онҳо барои мардуми мо бегона нестанд, наздику фаҳмоянд, ки қисман аллакай ба воқеияти имрӯзи Тоҷикистон табдил ёфтаву қисми дигарашон марҳилаи иҷрову такмилу тақвиятро сипарӣ мекунанд, — мегӯяд мавсуф.

Олим Салимзода дар зиндагӣ инсони ҳалиму хоксор ва масъулиятшиносу меҳнатдӯст буда, дар сурати комёб гардиданаш метавонад рисолати хешро ба ҳайси вакил дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намояд.

Д. АБДУЛЛО, «Садои мардум»