25 майи соли равон сафари расмии ҳайати парламентии ҷумҳурии Халқии Хитой таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитойии вакилони мардумӣ Алекен Еминбахе ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.
Зимни сафари серӯза Алекен Еминбахе ва ҳамроҳони ӯ бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуданд.
Меҳмонон, ҳамчунин аз Осорхонаи миллӣ, «Кохи Наврӯз», Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2», майдони «Дӯстӣ», боғи устод Рӯдакӣ, маҷмааи Нишон ва Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷойҳои зебоманзараи ноҳияи Варзоб дидан намуданд.
Алекен Еминбахе қабл аз парвоз, дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе изҳори хушӣ намуд, ки тайи даҳ соли охир муомилоти молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Хитой хеле зиёд гардида, ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноат ва кишоварзӣ тавсеа ёфт.
- Ман ва ҳамроҳонам, — гуфт номбурда, — аз Тоҷикистон бо таассуроти хубу ғанӣ ба Хитой бармегардем. Пазиройии самимии мардуми шарифи Тоҷикистон, меҳру муҳаббат ва самимиятро мо ҳар лаҳза эҳсос менамудем. Орзуи онро менамоем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша орому осуда ва сулҳу ваҳдати сокинонаш пойдор бимонад.
Дар майдони ҳавоӣ меҳмони олиқадрро муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода гусел намуданд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон