Якуми сентябри соли 2015, яъне дар рӯзи дуюми баргузории Конфронси чоруми умумиҷаҳонии раисони парламентҳо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар мавзӯи «Қарор додани демократия дар хидмат ба сулҳ ва рушди устувор» суханронӣ кард, ки матни онро пешкаши хонандагон мегардонем.
Муҳтарам Раис!
Ҳамкасбони гиромӣ!
Хонумон ва ҷанобон!
Дар оғози суханронии худ мехоҳам ба иштирокчиёни конфронс, ҳамкасбон ва меҳмонон, ки дар ин ҷо бо мақсади баррасии масъалаҳои доғи рӯз ва барои мо ва мардумонамон ташвишовар ҷамъ омадаанд, дуруд гӯям. Тавре шумо медонед, соли 2015 соли ба поён расидани иҷрои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, ки дар Изҳороти Ҳазорсолаи Созмони Милали Муттаҳид зикр шудааст, ба шумор меравад. Роҳбарон ва сарони ҳукуматҳои қариб ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон, ки Изҳороти СММ – ро сармашқи кор намудаанд, уҳдадориҳои зиёдеро бар дӯш гирифтаанд, ки аз иҷрои онҳо дар бештари мавридҳо тақдири ояндаи хонаи ҳамаи мо – сайёраи Замин вобастагӣ дорад.
Тайи даҳсолаҳои охир бо шарофати фаъолиятҳои ҳамоҳангшуда ҷомеаи ҷаҳонӣ дар иҷрои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ба пешрафтҳои муайян ноил гардид.
Боварӣ дорам, ки маҷмӯи вазифаҳои мушаххаси дар доираи Ҳадафҳои рушди устувор, ки барои ҳалли мушкилоти аз байн бурдани камбизоатӣ, дастовардҳои баробарии гендерӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар миқёси глобалӣ равона шудаанд, идомаи боварибахши фалсафа ва консепсияи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола мебошанд.
Дар асоси иҷрои ҳадаф ва вазифаҳои ба нақша гирифташуда бояд арзишҳо ва принсипи умумиинсонӣ, ба мисли демократия, сулҳ, баробарӣ ва адолат, таъмини шароити рушди устувор барои ҳама ва ғайра дар мадди аввал гузошта шаванд. Дар доираи ин арзишҳо мо бояд имрӯз дар бораи дастовардҳои ба он ноилгардида ва оид ба натиҷаҳои ба даст наомада суҳбат намоем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эъмори кишвари ҳуқуқбунёд ба нақшаи корӣ масъалаҳои риояи ҳуқуқ ва озодии инсон, рушди демократия ва таъмини зиндагии осоишта ба ҳар фарди узви ҷомеаи моро пешниҳод кард. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст: «Роҳи мо дар самти демократия ва шакли идоракунии давлат бебозгашт аст». Раванди бебозгашти давлат дар ин замина ба воситаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунӣ гардонида шудааст.
Бардошти асосӣ ва муҳими инкишофи мо дар даврони муосир таҳияи заминаи ҳуқуқии кишвар аст, ки ба рушду равнақ ва таҳкими принсипҳои демократӣ ва эъмори институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронида шудааст.
Бо мақсади таъмини минбаъдаи самтҳои афзалиятноки рушди устувори давлатӣ, такмилдиҳии демократӣ, таъмин ва ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳои инсон, танҳо дар соли гузашта 233 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 97 тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда қабул гардида, 26 консепсия, барномаҳои стратегӣ, 77 шартномаи байналмилалӣ, созишнома ва протоколҳо, 18 созишномаи қарзӣ ва грантӣ тасдиқ гардидаанд.
Дар мамлакат иҷрои корҳо дар самти принсипҳои рушди устувор ва татбиқи он дар сиёсат ва барномаҳои давлатӣ дар бахшҳои ҳифзи захираҳои табиӣ, истифодаи самараноки бойигариҳои кӯҳӣ, мудирият бар манобеи обӣ бомаром ҷараён доранд. Дар кишвар шумораи аҳолии ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надошта коҳиш ёфтааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои фаровони обӣ тайи солҳои тӯлонӣ ба унвони ташаббускори баргузории як қатор чорабиниҳои глобалии марбут ба об баромад намудааст. Соли равон Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), ки тавассути Ассамблеяи генералии СММ бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон эълон шуда буд, ба поён мерасад. Даҳсолаи мазкур исботи муҳим барои пеш бурдани талошҳо ҷиҳати амалӣ намудани уҳдадориҳои байналмилалии бардӯшгирифта оид ба масоили об то соли 2015 мебошад.
9-11 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо дастгирии СММ Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015) баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои дастовардҳо, сабақи ҳосилшуда, ғанисозии таҷриба, ҳалли мушкилоти боқимонда ва масоили ҳалношуда баррасӣ гардиданд.
Сулҳу субот асоси рушди равандҳои демократӣ, музаффарияти ҳуқуқ ва озодии инсон ба шумор меравад. Бе мавҷуд будани сулҳу субот ва амнияти комил дар бораи озодӣ ва рушд сухан гуфтан душвор аст.
Мо, намояндагони парлумонҳо, ба равандҳои демократӣ, қонунҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ такя карда метавонем ва вазифадорем, ки ислоҳоти демократиро дар кишварҳоямон фаъолона пеш барем, сулҳу адолатро таъмин созем, терроризм ва ифротгаройии мазҳабиро решакан намуда, қонунҳои худро тақвият бахшем ва самти идоракунии давлатро беҳтар гардонем. Дар ин замина мо метавонем дар солҳои оянда дар доираи амалисозии Ҳадафҳои рушди устувор содиқона ҳамкориро ба роҳ монем ва пеш аз ҳама, будани инсонро ҳамчун шаҳрванди ҷаҳон набояд фаромӯш созем.
Ташаккур ба диққататон.