Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонон

№23 (4919) 19.02.2025

 Чаро тафаккури интиқодӣ барои онҳо зарур аст?

iПаёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки дар бинои нави мақоми олии қонунгузорӣ ироа гардид, барои ояндаи наздик ва минбаъда самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян намуд.

Паёми мазкур чун дигар паёмҳои Пешвои миллат номаи ҳидоят барои ояндаи босаодат арзёбӣ мешавад. Чунончӣ, дар қисми муқаддимавӣ Пешвои миллат иброз доштанд: «Амнияти миллӣ ва рушди иқтисодии кишварро таъмин созем, чун халқи мо барои зиндагии шоиста арзанда аст». Воқеан, ин таъкиди Сарвари мамлакат шиори фаъолияти кормандони ҳамаи соҳаҳои кишвар бояд қарор гирад. Яъне, таъмини амнияти миллӣ, вазъи орому босуботи кишвар имкон медиҳад, ки ҳам иқтисодиёт рушд ёбад ва ҳам рӯзгори шоистаи мардуми кишвар таъмин шавад.

Як бахши муҳими Паёми Пешвои миллат ба ҷавонони кишвар нигаронида шудааст. Президенти мамлакат таъкид намуданд: «Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем. Мо минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун неруи боэътимод ва такягоҳи устувор таваҷҷуҳ хоҳем кард, зеро ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста мебошад».

Пешвои миллат, ҳамчунин, афзуданд, ки ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳон ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд.

Мавриди зикр аст, ки яке аз сабабҳои тавассути сомонаву моҳвораҳо мағзшӯӣ шудан, зери таъсири ашхоси ҳадафманд мондан, гаравидан ба равияҳои ифротӣ ва тақлиди ҷавонон ба фарҳанги бегона надоштани тафаккури интиқодист. Тафаккури интиқодӣ бар хилофи афкори маъмул баромадан ё ҷустани айб нест, балки як навъ қобилияти тафаккури мустақил ва чандир аст. Таҳаввулоти босуръату пайвастаи ҷаҳони муосир тақозо мекунад, ки ҷавонон барои расидан ба ҳадафҳои хеш бештар заҳматҳои ақлонӣ ба харҷ диҳанд, дар замони таркишҳои иттилоотӣ таҷрибаи таҳлил ва чӣ гуна истифода бурдани онро омӯзанд, ба ҷойи зуд қабул кардани қарор, хулоса баровардан ва пайравӣ намудан санҷанд, ки то чӣ андоза иттилоот, идеяҳо ва матлабҳо дуруст аст, паси ин назарҳо киҳо меистанд ва ҳадафашон чист?

Тафаккури интиқодӣ яке аз малакаҳои асосии асри XXI аст, ки ба шахс имкон медиҳад, то иттилоотро таҳлил кунад, хулоса барорад, маълумотро қабул ё рад намояд ё мавқеашро оид ба ин ё он мавзуъ муайян бисозад. Қобилияти оқилона андеша кардан, ки дар асоси он шахс чӣ кор кардан ё ба чӣ бовар карданашро муайян менамояд, тавассути тафаккури интиқодӣ ба даст меояд. Яъне, бо нуқтаи назари интиқодӣ шахс метавонад иттилоотро холисонаю беғаразона таҳлил кунад ва сипас хулосаи оқилона барорад.

Тафаккури интиқодӣ манфиат ва корбурдҳои бисёре дорад. Имрӯз, ки дар сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳазорон ахбори «фейкӣ» вуҷуд дорад ва истифодабарандагонро ба ақидаю ҳадафҳои хеш моил месозанд, аксар ҷавонон бидуни тафаккури интиқодӣ фирефтаи рекламаю ғояҳои гурӯҳҳои манфиатдор мешаванд. Бинобар ин, тавлиду тақвияти тафаккури интиқодӣ ба ҷавонони тоҷик хеле муҳим аст.

Аз ҷониби дигар, бидуни дониши кофӣ ба таври интиқодӣ фикр кардан ғайриимкон аст. Барои рушди тафаккури интиқодӣ шахс бояд аз донишҳо ва маълумоти зиёд бархӯрдор бошад. Пеш аз баҳодиҳии интиқодӣ мушкилот бояд аз ҳама ҷониб таҳқиқ карда шавад: шахс бояд вазъро дар заминаи рӯйдодҳои дигар бубинад ва бо мурури замон рушди онро пайгирӣ намояд.

Тафаккури интиқодӣ ба ҷавонон кумак менамояд, то тавонанд ба беҳтарин роҳи ҳалли мумкин бирасанд. Як омили хуби тафаккури интиқодӣ дар он аст, ки фардро ҳақбин месозад. Ба ҳодисаҳо дар асоси далелу бурҳонҳои қотеъ баҳо гузоштанро меомӯзад, на аз рӯйи эҳсосот.

Тафаккури интиқодӣ, қабл аз ҳама, кунҷкобиро бармеангезад, кашшофиятро тавлид мекунад, тавоноӣ барои ҳалли масъаларо рушд медиҳад, мустақилиятро парвариш мекунад ва касе ин маҳоратро дар худ тарбия намуд, аз чолишҳои муосир эмин мемонад.

Бояд гуфт, ки боварию эътимоди Роҳбари давлат ба ҷавонони хуштолеи Ватан хеле вижа аст ва дар Паёми навбатӣ изҳор доштанд: «Бовар дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд».

Ягона роҳи боварию эътимоди Сарвари давлатро соҳиб гаштан хондан, мутолиа кардан, илму ҳунар омӯхтан, ҳувияти миллиро тақвият додан, ба арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатӣ содиқ будан аст.

Муҷибахон ҶАВҲАРӢ,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон