Гуфтугӯи Муҳаммадраҳим Юсуфӣ бо Ленни Монтиел

№80 (4500) 30.06.2022

28 июни соли равон раиси ­Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ бо роҳбари намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ленни Монтиел доир ба ҳалли масъалаҳои экологӣ суҳбат орост.

Зикр гардид, ки Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон рафти иҷрои барнома ва нақшаҳои миллӣ оид ба ҳифзи муҳити зистро, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ амалӣ мегарданд, таҳлил ва арзёбӣ карда, доир ба масъалаҳои ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист хулосаву тавсияҳо медиҳад.

Раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон маълумот дод, ки чанде пеш парлумони кишвар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард, ки тибқи онҳо, бо мақсади истифодаи самараноки иқтисоди «сабз», истифодаи васеи дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ҳифзи муҳити зист ва беҳбуд бахшидани вазъи экологӣ воридоти нақлиёти барқӣ ба кишвар, аз ҷумла автобусу троллейбусҳои электрикӣ, пешбинӣ гардида, аз боҷи гумрукӣ, андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз озод карда мешаванд.

Зимни мулоқот доир ба масъалаи рушди робитаҳо дар бахшҳои фарҳангӣ ва экологӣ, инчунин оид ба густариши муносибатҳои ҳамҷаворӣ низ табодули андеша сурат гирифт.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон