28 октябри соли 2016 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Тавзеҳи Кодекси одоби хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинар – машварат баргузор гардид.
Дар оғоз, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов ба ҳозирон шумораи хизматчиёни давлатиро бо рақамҳои оморӣ таҳлил ва бозгӯйӣ намуд. Зикр гардид, ки сол то сол шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби ҷавонони ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ зиёд мешавад. Ҳамчунин, ӯ зарурияти қабули Кодексро тайи солҳои 2004 ва 2010 бо далелҳои муътамад ба ҳозирон шарҳу тавзеҳ дода, зарурияти қабули Кодекси навро бо тағйиру иловаҳо фаҳмонд.
Қайд гардид, ки Кодекси мазкур маҷмӯи қоидаҳои рафтори хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи марказӣ, маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, хислату ахлоқ ва фаъолияти касбии онҳоро таҷассум мекунад. Мавриди амал қарор додани Кодекс вазифа ва уҳдадории хизматчии давлатӣ буда, риоя накардани он, бахусус дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, боиси ба ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашидан мегардад.
Дар семинар – машварат, ҳамчунин сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмурод Толибов баромад карда, оид ба бандҳои алоҳидаи Кодекси одоби хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳояшро баён намуд ва бандҳои алоҳидаи онро шарҳу тазвеҳ дод.
Дар анҷом Ҷумъа Давлатов ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои қаноатбахш дод.
Т. Фаррухпай, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ