Иштироки Раиси Маҷлиси миллӣ дар ҷаласаҳои Шӯрои АБ ИДМ ва АБ СААД

№146 (4252) 03.12.2020

2V9A9378.jpg23227 ноябри соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи 51-уми пленарии АБ ИДМ, ки аз тариқи видеоконфронс баргузор шуд, иштирок намуданд.

Дар он масъалаҳо, аз ҷумла, интихоби Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои мустақил, нақшаи кории Шӯрои АБ ИДМ, рушди парламентаризм, робитаҳои байнипарламентӣ, дастгирии қонунгузорӣ дар кишварҳои аъзои ИДМ дар робита бо пандемияи COVID-19, ҳолат ва дурнамои ҳамгироии иқтисодӣ ва дастгирии меъёрии он дар фазои АвруОсиё, омодагӣ ба мушоҳидаи интихобот ба мақомоти ҳукуматӣ дар кишварҳои аъзои ИДМ дар соли 2021, ташкили Шӯрои экспертии илм ва маориф дар назди АБ ИДМ, лоиҳаи «Конвенсия дар бораи ҳифзи ҷойҳои мероси фарҳангии давлатҳои аъзои ИДМ», «Кодекси намунавии меҳнат барои кишварҳои аъзои ИДМ», «Кодекси намунавии интихобот барои кишварҳои аъзои ИДМ» ва дигар масъалаҳои ба фаъолияти Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои ­аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил алоқаманд баррасӣ гардида, аз рӯи онҳо қарорҳо қабул шуданд.

30 ноябри соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ҷаласаи 13-уми пленарии ассамблеяи мазкур аз тариқи видеоконфронс ширкат варзиданд.

2V9A9378Зимни ҷаласаҳо дар қатори масъалаҳои ташкилӣ натиҷаи корҳо оид ба амалигардонии афзалиятҳои раёсати Федератсияи Россия дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2020, вазъият дар минтақаи зери масъулияти Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва чораҳои муқовимат ба таҳдиду хатарҳо ба амнияти дастаҷамъӣ, лоиҳаи санадҳои қонунгузории намунавӣ ва тавсияҳо оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният, ҷараёни имплементатсияи меъёри санадҳои қонунгузории намунавӣ дар қонунгузории миллии давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, лоиҳаи Барномаи фаъолияти Ассамблеяи байнипарламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба наздикшавӣ ва ҳамгироии қонунгузории миллии давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ барои солҳои 2021-2025 ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти Ассамблеяи байнипарламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ суханронӣ намуда, бо дарназардошти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2021 пешниҳод карданд, ки ҷаласаи навбатии Ассамблеяи байнипарламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ нимсолаи якуми соли 2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шавад.

Иштирокчиёни ҷаласа пешниҳодро якдилона қабул карданд.

Аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳо қабул гардиданд.

www.majmilli.tj