Ёздаҳуми июли соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Тибқи маълумоти пешниҳодгардида, аз 30 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 28 нафар дар толор иштирок доранд. Баҳри бори дигар дақиқ намудани шумораи иштирокдорон аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред.
Марҳамат.
Дар толор 28 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ҳузур доранд.
Дар Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоб, муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки ба кори иҷлосия даъват гардиданд, иштирок доранд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мутобиқи моддаи 20 — уми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мутобиқи моддаи 25-уми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки шумора ва ҳайати котиботи Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро баррасӣ ва қабул намоем. Лоиҳаи қарор дар ин хусус ба шумо пешниҳод гардидааст. Нисбат ба он таклифҳои дигар бошанд, марҳамат, изҳор намоед. Чӣ гуна пешниҳодҳо доред?
Бо ба инобат гирифтани пешниҳоди баёнгардида, лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи котиботи Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»-ро ба овоз мемонам ва хоҳиш менамоям мавқеи хешро муайян созед. Марҳамат.
Қарор қабул гардид.
Аз ҳайати котибот: раис — муҳтарам Иноятзода Баҳром, аъзо — муҳтарам Дадаҷонова Саёҳат Мамаюсуповна ва Шоҳиён Нуралӣ Набот хоҳиш менамоям, ки ҷойҳои муқарраргардидаи худро ишғол намоянд.
Сипас, дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»
3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов»
4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ»
5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда»
6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»
7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»
8. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
9. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
10. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»
11. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
12. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
13. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ»
14. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Ховалинг — маркази маъмурии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон»
15. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
16. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»
17. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»
18. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Шарифзода А. Н.»
19. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Шарифзода А. Н.»
20. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ҷамшедзода Ҷ. Н.».
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мебахшем. Сухан оид ба ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад. Марҳамат.
ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ Фарҳод Раҳимӣ, Наргис Раҳмонова, Саёҳат Дадаҷонова ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Сафарзода дар заминаи муҳокимаи парламентӣ аз 6 апрели соли 2018 пешниҳод гардида, онро 12 июни соли 2019 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.
Мақсади қонун, ки 17 қисмро дар бар гирифтааст, аз мутобиқгардонии меъёрҳои он бо Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои соҳавӣ иборат мебошад. Аз ҳамин лиҳоз ва бо дарназардошти субъектони ҷавобгарии маъмурӣ, санксияи моддаҳои 112-116, 118, 119, 126, 128-132 ҷавобгариро барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба ҳифзи саломатӣ, вазъи санитарию эпидемиологии аҳолӣ ва ахлоқи ҷомеа, аз ҷумла, ба фурӯш баровардани маҳсулоти бесифати хӯрокворӣ, ҷалби ноболиғон ба истеъмоли маҳсулоти тамоку, машрубот ё моддаҳои мадҳушкунанда, пурзӯр намудааст. Дар ин замина, ҷазо дар намуди ҷарима нисбат ба шахсони воқеӣ, соҳибкороне, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, шахсони мансабдор, соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар сурати такроран содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ, мукаммал гардонида шудааст.
Ҳамчунин, моддаи 117 дар таҳрири нав ифода карда шуда, ҷазо барои риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ дар корхонаҳои хӯроки умумӣ муайян карда шудааст.
Бо илова ба моддаи 121 эзоҳ пешбинӣ карда шудааст, ки тибқи он, лавозимоти доруворӣ ва молҳои тиббӣ, ки ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон ворид мегарданд ва ба стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯ мебошанд, танҳо бо қарори суд мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ аст ва барои таъмини амнияти беҳдошти санитарӣ — эпидемиологӣ, сифатнокии маҳсулоти хӯрокворӣ ва лавозимоти фармасевтиву доруворӣ, инчунин пешгирии бемориҳои сироятӣ, мусоидат менамояд.
Хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба шумор меравад. Сухан оид ба он ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад. Марҳамат.
ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 24 июни соли 2019 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.
Мақсади қонун аз такмили меъёрҳои алоҳидаи қонуни амалкунанда иборат буда, бо илова ба моддаи 3 муайян карда шудааст, ки амали он ба санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) татбиқ намегардад.
Ҷиҳати иҷрои уҳдадории байнамилалӣ дар назди МАГАТЭ ба моддаҳои 7, 9, 24, 31, 34, 57, 62, 66, 69, 82, 84, 87, 89 ва 91 тағйиру иловаҳои дахлдор доир ба ҳамчун субъекти ҳуқуқэҷодкунанда эътироф карда шудани Агентии амнияти ядроӣ ва радиоактивии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид намудани фармоишҳои он ба низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
Бо тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 43 ва 44, ки таркиби санади қонунгузорӣ ва санади меъёрии ҳуқуқии зерқонуниро пешбинӣ намудаанд, банд, зербанд ва сархат мувофиқан ҳамчун ҷузъи таркибии қисми модда, банд ё зербанди онҳо муайян ва тарзи ифода кардани онҳо дарҷ карда шуда, бо илова ба қисми 2 моддаи 56 муайян шудааст, ки минбаъд дар сурати ҷой доштани зарурати чандин маротиба илова, иваз ва хориҷ намудани ҳамон як калима, ибора ва рақам мумкин аст он дар матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо як меъёри алоҳида инъикос карда шавад.
Бо илова ба қисми 1 моддаи 58 муайян карда шудааст, ки вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ метавонанд дар мувофиқа бо мақомоти давлатии манфиатдор лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбутаро ба баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд. Зимнан, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигар метавонанд таклифҳои худро оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда пешниҳод намоянд.
Тағйирот ба қисмҳои алоҳидаи моддаҳои 12, 16, 47, 51, 53 ва 94, ки тибқи онҳо, калимаҳои алоҳида иваз ё илова карда шудаанд, хусусияти муайянкунанда ва мутобиқкунанда доранд.
Қонун барои такмили раванди ҳуқуқэҷодкунӣ мусоидат намуда, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ аст.
Хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология муҳтарам Файзуллозода Зафар Хайрулло дода мешавад. Марҳамат.
ФАЙЗУЛЛОЗОДА Зафар Хайрулло:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 июни соли 2019 қабул намудааст.
Он бо мақсади таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №791 «Дар бораи Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025» таҳия шудааст.
Қонун бехатарии таъминоти оби нӯшокӣ ва обҳои партов, назорати давлатӣ, баҳисобгирӣ, ҳифзи манбаъҳо, шабакаҳо, танзими ҳуқуқӣ дар самти қабул, интиқол ва тозакунии обҳои партовро беҳтар гардонида, ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва уҳдадории моликони шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва ташкилотҳои соҳавӣ, истеъмолкунандагон ва истифодабарандагонро ба танзим дароварда, аз 7 боб ва 28 модда иборат буда, боби 1-уми он муқаррароти умумиро дар бар мегирад.
Масъалаҳои идоракунии давлатӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов дар боби 2 ва намудҳои шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов дар боби 3 дарҷ гардидаанд.
Боби 4 масоили танзими давлатӣ, маблағгузорӣ ва тарифи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, боби 5 кафолатҳои давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партовро дар бар мегирад.
Боби 6 масъалаҳо вобаста ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳо дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партовро фаро гирифта, дар боби 7 муқаррароти хотимавӣ дарҷ гардидааст.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» ба шумор меравад. Суханро ба муҳтарам Файзуллозода Зафар Хайрулло медиҳем. Марҳамат.
ФАЙЗУЛЛОЗОДА Зафар Хайрулло:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров ва Миралӣ Достизода пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 июни соли 2019 қабул намудааст.
Он бо мақсади батанзимдарории барӯйхатгирии аҳолӣ ва мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.
Бо ҳамин мақсад, мутобиқи тағйироти пешниҳодгардида, ба моддаи 4 қисми 5 «Барномаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва усулҳои гузаронидани онро Комиссияи давлатии мусоидат ба барӯйхатгирии аҳолӣ тасдиқ мекунад», ҳамроҳ карда шуд.
Илова бар ин, ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудаанд, ки онҳо хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.
Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ», ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» оғоз мебахшем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.
Раҳимӣ Фарҳод:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ,
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 июни соли 2019 қабул намудааст.
Ҳадафи асосии қабули қонун аз он иборат мебошад, ки омилҳои зиёд шудани истифодаи мақсаднок ва ғайримақсадноки маводи кимиёӣ дар ҳаёти рӯзмарраи ҷомеаи ҷаҳонӣ, андохтани партовҳои зарарнок ба фазои ҳавоию обӣ, рӯз аз рӯз бештар шудани заҳролудшавии табиат, осебпазир гардидани набототу растаниҳо, обҳои нӯшокию полезӣ, ҳайвоноту ҷонварон ва хурӯҷи бемориҳои нави душвортабобат ҷаҳони муосирро ҷиҳати бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва амнияти озуқаворӣ ба чораандешӣ водор намудааст.
Қонун бо мақсади дар амал татбиқ намудани бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва амнияти озуқаворӣ, масъалаҳои таъмини аҳолӣ бо маҳасулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, пешгирӣ намудани норасоиҳои микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он, истеҳсолу ба муомилот баровардани маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ва хусусиятҳои ғанигардонии намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хӯроквориро фаро гирифта, аз 7 боб ва 36 модда иборат мебошад. Дар боби 1 муқаррароти умумӣ дар 5 модда мафҳумҳои асосӣ, вазифаҳо ва доираи амалишавии он, принсипҳои ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ, сиёсати давлатӣ дар самти пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои алоқаманд ба он тавзеҳ дода шудааст. Дар боби дуюм (иборат аз 7 модда) — «Танзим, идоракунӣ ва дастгирии давлатӣ дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» масоили асосӣ -назорати давлатӣ, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори назорати давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, самтҳои асосии таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, мониторинги бехатарии он ва дигар масъалаҳои дахлдор муқаррароти қонунӣ пайдо кардаанд. Боби 3 дар ду модда самтҳои асосии пешгирии норасоии микронутриентӣ ва пешгирии бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолӣ ва инчунин чораҳои пешгирикунандаи онро, тибқи тартиби муқарраргардида, мушаххас кардааст. Дар боби 4 (иборат аз 4 модда) шартҳо, талаботи умумӣ ва талабот ба дарёфти сертификатсияву тамғагузорӣ нисбат ба ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ муайян гардидааст. Боби 5 (дар 8 модда) хусусияти истеҳсолу муомилот, санаду ҳуҷҷатгузорӣ, объекту субъектҳои истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашударо бо дарнардошти нигоҳдорӣ, фурӯш, воридот ва тартиботи маҳдудкунию партовкунии онҳо фаро гирифтааст. Дар боби 6 (иборат аз 7 модда) хусусиятҳо ва тартибу низоми ғанигардонии намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хӯрокворӣ, аз қабили орди гандум, шир, маҳсулоти ширӣ, нӯшокиҳои аз шир истеҳсолшаванда, шарбат, шаҳди меваву сабзаҷот, нӯшокиҳои мевагию сабзавотӣ, хамирмояи нонпазӣ, йодноккунию ғанигардонии оби нӯшокиҳои ташнашикану намаки ошӣ ва хусусан маҳсулоти ғизои кӯдакон, тавзеҳоти муфассал пайдо кардаанд. Дар боби 7 (хотимавӣ) дар се модда муқаррароти қонун ҷамъбаст шудааст.
Баъд аз ҳукми қонунӣ пайдо кардани меъёрҳои дар қонун дарҷгардида шароит фароҳам меояд, ки баҳри самарабахшии маҳсулоти хӯрокворӣ, бехатарии пурра ва сифатнокии муносибу таъми он, хусусиятҳои солимбахшии ҷисми инсон ва насли минбаъда бо витамину минералҳо ва дигар моддаҳои беҳдоштӣ зимни амалӣ намудани назорати давлатии сифат, чораҳои иқтисодӣ, корҳои илмӣ -тадқиқотӣ ва дигар талаботи зарурӣ бо мусоидати Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ваколатҳои мақомоти ваколатдору иҷроия вогузор ва татбиқ карда шаванд.
Қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад.
Кумита нисбат ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» эрод надорад. Аз шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ба шумор меравад. Суханро оид ба ин масъала ба муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод медиҳем. Марҳамат.
РАҲИМӢ Фарҳод:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 июни соли 2019 қабул намудааст.
Ҳадаф аз қабули қонун бартараф намудани мухолифати баъзе аз меъёрҳои қонунгузорӣ ва мутобиқгардонии он ба талаботи муосири фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника мебошад. Масалан, бо дарназардошти табақабандии муосири сатҳи байналмилалии зинаҳои илмӣ сархати бисту сеюми моддаи 1 дар таҳрири зерин ифода карда шудааст:
«- унвонҷӯии дараҷаи илмӣ — фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ, ки берун аз аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос, докторантура ва постдокторантура барои навиштани рисолаи илмӣ (диссертатсия) равона шудааст;».
Ба ин монанд, маҷмӯан дар ҳафт ҳолат ивази калимаҳо, дар шаш ҳолат ифодаи нав ва дар як ҳолат хориҷ намудани сархат ба миён гузошта шудааст. Аз ҷумла, моддаи 9 комилан дар таҳрири нав ифода ёфта, дар он ваколатҳои Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас карда шудаанд.
Қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад.
Кумита нисбат ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» эрод надорад. Аз шумо, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» оғоз бахшида, суханро ба муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод медиҳем. Марҳамат.
РАҲИМӢ Фарҳод:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфӣ Хайринисо, Қурбонзода Ҳилолбӣ, Холиқзода Абдураҳим ва Миралиён Қиёмиддин пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 июни соли 2019 қабул намудааст.
Ҳадафи асосии қонун ба вуҷуд овардани заминаҳои ҳуқуқии ташкили феҳристи ягонаи марказонидашудаи ҳуҷҷатҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ба шакли электронӣ гузаронидани ҳуҷҷатҳои сабт (бақайдгирии таваллуд, вафот, иваз кардани ному насаб ва ғайра), танзими талаботи электронии бойгониҳои он, беҳбудбахшӣ дар кори сабти Феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва таъмини раванди устувори он мебошад.
Дар қонуни пешниҳодгардида ба 18 моддаи қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки дар аксари онҳо матнҳои сархат ва ё қисмҳо пурра илова карда шудаанд. Ҳамчунин, ба қонун ду моддаи нав — 42 ва 51 ворид карда шудаанд, ки матни пурраи онҳо бо тартиби зерин мебошанд:
- «Моддаи 42.
1. Тартиби гузаронидани бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ворид намудани тағйирот ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, барқарор ва бекор намудани онҳо бо дастурамали аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида танзим карда мешавад.
2. Тартиби аз ҷониби муассисаҳои консулӣ гузаронидани бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо Оинномаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Дастурамали тартиби аз ҷониби консул анҷом додани бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад».
- «Моддаи 51.
1. Феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ — низоми иттилоотии давлатӣ мебошад, ки дар ҳомили коғазӣ ва шакли электронӣ пеш бурда шуда, маълумот оид ба асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тағйирот вобаста ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, барқарор ва бекор намудани онҳо, маълумот оид ба дода шудани шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва оид ба дода шудани иқтибос аз онҳоро дар бар мегирад.
2. Сабти асноди ҳолати шаҳрвандие, ки ба Феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дохил карда мешаванд, таҳти нигоҳдории доимӣ қарор дошта, нобуд сохтан ва бозпас гирифтани он иҷозат дода намешавад. Дар сурати ворид намудани тағйирот ё ислоҳот ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, сабтҳои қаблан воридкардашуда нигоҳ дошта мешаванд.
3. Пешбурди Феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, аз ҷумла ташаккул, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, коркард ва пешниҳоди иттилоот, таъсис ва роҳандозии таъминоти барномавӣ, нигоҳдорӣ ва ҳифзи махзани иттилоотӣ, фаъолияти он, пешниҳоди дастрасии ройгон, таъмини бақайдгирии ҳамин дастрасӣ ва сабти маълумот оид ба ҳар як дастрасӣ аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
4. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи иттилооти дар Феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҷойдодашударо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи иттилоот, маълумоти шахсӣ ва дигар стандартҳои давлатӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ таъмин менамояд».
Дар моддаҳои 7, 8, 26, 28, 36, 41 ва 83 қисмҳои алоҳида бо иловаҳои мукаммал тағйир дода шудаанд.
Қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, механизми татбиқшавии онро таъмин менамояд ва ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад.
Аз шумо, хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мебахшем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ дода мешавад. Марҳамат.
ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Сайдалӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ,
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 июни соли 2019 қабул намудааст.
Он бо мақсади тақвият бахшидани таъмини бетарафӣ ва холисии аъзои комиссияҳои интихоботӣ, пешгирӣ намудани таъсиррасонии субъектҳои раванди интихоботӣ ба фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ таҳия ва пешниҳод шудааст. Тибқи он, ба моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ба узвият дар комиссияҳои интихоботӣ бахшида шудааст, қисми якум илова карда шуда, мувофиқи он, меъёри дахлдор дар бораи бетараф ва холис будани аъзои комиссияи интихоботӣ ҳангоми иҷрои ваколатҳо, иштирок накардан дар фаъолияти ҳизби сиёсӣ, иҷро накардани супоришҳои ҳизбӣ ва иштирок накардан дар тарғибу ташвиқи пешазинихоботии номзадҳои бақайдгирифташуда аз ҷониби аъзои комиссия пешниҳод гардидааст.
Қонуни конститутсионии зикршуда ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз шумо, хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатӣ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор меравад. Сухан аз рӯи ин масъала ба муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ дода мешавад. Марҳамат.
Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 июни соли 2019 қабул намудааст.
Он дар асоси талаботи моддаи 55 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», дар иртибот бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо мақсади танзим намудани тартиби интихоб ва батанзимдарории фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини бетарафӣ ва холисии аъзои комиссияҳои интихоботӣ, пешгирӣ намудани таъсиррасонии субъектҳои раванди интихоботӣ ба фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ таҳия ва пешниҳод шудааст. Тибқи он, моддаи 11 дар таҳрири нав ифода карда шуда, раис, муовини раис ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ва бозхонд мекунад.
Инчунин, ба қисми якуми моддаи 18 қонуни конститутсионии зикршуда, илова кардани меъёр дар бораи «иштирок накардан дар фаъолияти ҳизби сиёсӣ, иҷро накардани супоришҳои ҳизбӣ ва иштирок накардан дар тарғибу ташвиқи пешазинтихоботии номзадҳои бақайдгирифташуда аз ҷониби аъзои комиссияи интихоботӣ» пешниҳод шудааст.
Қонуни конститутсионии мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз шумо, хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» оғоз мебахшем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ дода мешавад. Марҳамат.
Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 июни соли 2019 қабул намудааст.
Он бо мақсади таъмини ягонагии принсипҳои фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ, дар интихоботи вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ таъмин кардани бетарафӣ ва холисии аъзои комиссияҳои интихоботии вилоят, шаҳр, ноҳия ва комиссияҳои поёнии интихоботии онҳо, пешгирӣ намудани таъсиррасонии субъектҳои раванди интихоботӣ ба фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.
Тибқи қонун, механизми амалигардонии принсипи бетараф ва холис будани комиссияи интихоботӣ ҳангоми иҷрои ваколатҳо, ки аз талаботи моддаи 16 қонуни конститутсионии зикршуда бармеояд, пешбинӣ мегардад. Бо ин мақсад, аз моддаҳои 10 ва 12 хориҷ кардани меъёри дахлдор оиди «бо назардошти таклифҳои сохторҳои маҳаллии ҳизбҳои сиёсии дар ҳудуди вилоят, шаҳр ва ноҳия фаъолияткунанда ташкил карда шудани комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва ҳавзавии интихобот» пешниҳод карда шудааст. Бо ворид намудани чунин тағйирот мухолифати дохилии моддаҳои дахлдори қонуни конститутсионӣ истисно мегардад.
Вобаста ба механизми пешгирӣ намудани таъсиррасонии субъектҳои раванди интихоботӣ ба фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ, ба қисми якуми моддаи 16 илова намудани меъёр дар бораи «иштирок накардан дар фаъолияти ҳизби сиёсӣ, иҷро накардани супоришҳои ҳизбӣ ва иштирок накардан дар тарғибу ташвиқи пешазинтихоботии номзадҳои бақайдгирифташуда аз ҷониби аъзои комиссияи интихоботӣ» пешниҳод гардидааст.
Қонуни конститутсионии зикршуда ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз шумо, хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатии рӯзнома Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба шумор меравад. Сухан аз рӯи ин масъала ба муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ дода мешавад. Марҳамат.
ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Сайдалӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи як гурӯҳ аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 июни соли 2019 қабул намудааст.
Он бо мақсади мутобиқгардонӣ ба талаботи кодексҳои гражданӣ, шаҳрсозӣ ва дигар қонунҳои соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.
Мутобиқи тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда, моддаи 2 дар таҳрири нав ифода шудааст, зеро ваколат ва фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо қонунҳои дигари соҳавӣ солҳои охир такмил ёфтаанд. Бинобар ин, салоҳияти мақомоти намояндагӣ ва иҷроия дар маҳал мушаххас шудааст.
Бо тағйирот ба моддаи 8 мазмуни он ба моддаи 14 қонуни конститутсионии амалкунанда ва Кодекси шаҳрсозӣ мутобиқ карда шудааст, зеро нақшаи генералии шаҳр, маркази маъмурии ноҳия ва маҳалҳои аҳолинишинро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Пешбинӣ шудааст, ки воситаҳои ахбори омма ва сомона аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқ таъсис дода шавад.
Моддаи 15 бо дарназардошти истилоҳҳои ҳуқуқӣ, ки дар қонунҳои соҳавӣ муайян гардидаанд, такмил дода шудааст.
Моддаи 20 бо моддаи 8 мутобиқ гардонида, калимаҳои «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шудаанд, зеро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатӣ», тартиби пешниҳод барои сарфароз намудан бо мукофоти давлатиро на Ҳукумат, балки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд.
Ба қисми якуми моддаи 23 баъди калимаҳои «ташкилию ҳуқуқӣ» калимаи «, молиявӣ» илова карда шудааст, зеро таъминоти молиявии раисро дастгоҳи он ба зимма дорад.
Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ба моддаи 26 қисми панҷум илова шудааст, ки тибқи он, маҷлисҳои вакилони халқ, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ ҳуқуқ надоранд молу мулке, ки моликияти коммуналӣ мебошад, ба моликияти шахсони воқеӣ ва шахсони ҳуқуқии ғайридавлатӣ ройгон диҳанд.
Қонуни конститутсионии зикршуда ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз шумо, хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз бахшида, идомаи суханро ба муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ вомегузорем. Марҳамат.
ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Сайдалӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 июни соли 2019 қабул намудааст.
Он бо дарназардошти талаботи банди якуми қисми якуми моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои талаботи моддаҳои 11 қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин бо мақсади таҳкими фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мукаммалгардонии раванди гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ дар ҷумҳурӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.
Қонун аз 7 боб ва 28 модда иборат буда, дар он асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкили фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешбинӣ гардида, масъалаҳои интихоб ва бозхонд, ваколатҳо, муҳлати фаъолияти комиссия, узвият дар он, ҳуқуқу уҳдадории аъзои комиссия, вазифаҳои вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати мусоидат ба Комиссия дар ташкил ва гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ, тартиби баррасии муроҷиатҳо, масъалаҳои дигари таъминоти молиявӣ ва моддию техникии Комиссия ба танзим дароварда шудаанд.
Дар қонуни пешниҳодшуда ҳуқуқи ҳизбҳои сиёсӣ баробар аст, то ин ки ягон ҳизб ба кори комиссияи марказӣ, ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ дахолат карда натавонад. Ҷорӣ шудани меъёри он, ки аъзои комиссияҳо дар низоми интихоботии ҷумҳурӣ аз боло то поён набояд дар фаъолияти ҳизби сиёсӣ иштирок кунанд, супоришҳои онро иҷро намоянд ва дар тарғибу ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳои бақайдгирифташуда ширкат варзанд, минбаъд баробарии воқеии иштироки ҳизбҳои сиёсиро таъмин менамояд.
Дастоварди дигар ғайриҳизбӣ будани аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ мебошад. Қонун чунин муқарраротро муайян намудааст, ки тибқи он, дигар ягон узви ҳизб наметавонад аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бошад, ки ин меъёр беғаразиро барои ҳизбҳо кафолат додааст.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба раванди интихобот дахолат намекунад, интихобот ва раъйпурсиро ташкил ва овозҳои онро ҳисоб мекунад, ба ягон ҳизби сиёсӣ бартарият намедиҳад.
Қонуни зикршуда ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз шумо, хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ дода мешавад. Марҳамат.
ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Сайдалӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 июни соли 2019 қабул намудааст.
Он бо мақсади таъмини бетарафӣ ва холисии аъзои комиссияҳои интихоботии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва комиссияҳои поёнии онҳо, пешгирӣ намудани таъсиррасонии субъектҳои раванди интихоботӣ ба фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.
Зарурати ворид намудани чунин тағйир аз талаботи моддаи 18 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» бармеояд, ки мутобиқи онҳо «узви комиссияи интихобот ҳангоми иҷрои ваколатҳояш бояд бетараф ва холис бошад».
Пешниҳод гардидааст, ки аз моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» сархати чоруми қисми дуюм, ки имконияти «намояндагии ҳизби сиёсиро дар комиссияҳои интихоботӣ» пешбинӣ менамояд, хориҷ карда шавад.
Ҳизбҳои сиёсӣ, мувофиқи қонунҳои конститутсионии соҳаи интихобот, ҳамчунин субъекти раванди интихоботӣ минбаъд имконият доранд, ки ба воситаи номзадҳои пешниҳоднамуда, шахсони боэътимоди номзадҳо ва мушоҳидони миллии аз ҷониби онҳо пешниҳодгардида марҳилаҳои интихоботро мушоҳида намуда, вобаста ба ин раванд фикру мулоҳиза изҳор кунанд.
Қонуни зикршуда ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз шумо, хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Ховалинг — маркази маъмурии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон» оғоз бахшида, идомаи суханро ба муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ вомегузорем. Марҳамат.
ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Сайдалӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Ховалинг — маркази маъмурии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон» аз 8 июли соли 2019, № 345 мавриди баррасӣ қарор дод.
Тибқи пешниҳоди мазкур, таклиф ба миён гузошта шудааст, ки деҳаи Ховалинг — маркази маъмурии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ба категорияи шаҳрак мансуб дониста шавад.
Ҷамоати деҳоти «Ховалинг» соли 1931 ташкил шуда, дар маркази ноҳияи Ховалинг ҷойгир аст ва аз 3 маҳалла, 18 кӯча иборат мебошад. Масоҳати деҳоти «Ховалинг» 8,0 км2-ро ташкил дода, масофаи байни ноҳияи Ховалинг то маркази ҷумҳурӣ 265,5 километрро ташкил медиҳад.
Шумораи аҳолии деҳоти «Ховалинг» аз 11449 истиқоматкунанда иборат буда, (мардон 5676 ва занҳо 5773 нафар) онҳо асосан ба чорводорӣ, сабзавоткорӣ ва ғаллакорӣ машғул мебошанд.
Дар деҳоти «Ховалинг» теъдоди зиёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо ва дигар муассисаҳои хусусию ғайридавлатӣ ҷойгир гардида, ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Дар муассисаҳои таълимии деҳоти мазкур 2722 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, роҳҳои автомобилгарди он 45 километрро ташкил дода, майдони умумии заминҳои корам 338 гектар мебошад.
Дар деҳот шуъбаи департаменти «Почтаи Тоҷик» фаъолият дорад, ки аҳолиро бо рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ таъмин намуда, хизматрасонии мукотибавиро ба анҷом мерасонад. Инчунин, сохторҳои мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, аз қабили прокуратура, суд, шуъбаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, комиссариати ҳарбӣ низ фаъолият доранд.
Бояд қайд намуд, ки айни замон дар маркази ноҳияи Ховалинг, тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои хоҷагии халқ ба роҳ монда шуда, симои маркази он ободу зебо гардида, шароити инфрасохтории барои ташкили шаҳрак ба талаботи муқарраргардида ҷавобгӯ фароҳам гардида истодааст.
Пешниҳоди мазкур мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, ба дигар қонунҳои ҳамин муносибатҳоро танзимкунанда мухолифат надорад.
Маводи зарурӣ тибқи Номгӯйи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияи Ховалинг, вилояти Хатлон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Кумита пешниҳоди мазкурро қобили дастгирӣ мешуморад ва аз шумо, хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Ховалинг — маркази маъмурии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор меравад. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.
АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 2019 қабул намудааст.
Дар доираи тағйири воридшуда, муҳлати амалиёти андозбандишавандаи андоз аз арзиши иловашуда барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва хизматрасонии хӯроки умумӣ бо меъёри 7 фоиз ва барои хизматрасонии таълимӣ бо меъёри 5 фоиз то 31 декабри соли 2023 тамдид карда шудаанд.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
- Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» оғоз бахшида, идомаи суханро ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир вомегузорем. Марҳамат.
АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 2019 қабул намудааст.
Қонун бо мақсади такмили низоми идоракунӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳия шуда, тағйири воридгардида танҳо қисми 1 моддаи 76-ро фаро мегирад, ки мувофиқи он минбаъд, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, уҳдадориҳои мансабиро дар байни раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинон тақсим менамояд.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ба шумор меравад. Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.
АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ Баҳром Иноятзода, Абдураҳмон Ҳомидзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Шариф Раҳимзода пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 июни соли 2019 қабул намудааст.
Он бо мақсади мутобиқгардонии меъёрҳои қонуни амалкунанда ба талаботи дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҳия гардида, тағйироти воридгардида 3 моддаи қонуни зикршударо фаро мегирад, ки хусусияти таҳрирӣ дорад. Инчунин, ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз ин рӯ, аз шумо, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ !
Ба баррасии Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Шарифзода Асрор Нор» оғоз мебахшем. Сухан оид ба ин масъала ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ализода Зариф дода мешавад.
АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:
- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Шарифзода Асрор Нор ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Шарифзода Асрор Нор» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатӣ Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Шарифзода Асрор Нор» мебошад. Аз рӯи ин масъала сухан ба муҳтарам Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.
Ализода Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:
- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод дар бораи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Шарифзода Асрор Нор ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Шарифзода Асрор Нор» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
Раис: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи ниҳоӣ Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо» мебошад. Аз рӯи ин масъала сухан ба муҳтарам Ализода Зариф дода мешавад.
Марҳамат.
Ализода Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:
- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод дар бораи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мутобиқи моддаи 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мешавад, пас аз интихоб шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунад.
Бинобар ҳамин барои савганд ёд кардан сухан ба судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шарифзода Асрор Нор дода мешавад. Марҳамат.
Шарифзода Асрор Нор савганд ёд кард.
РАИС: — Барои савганд ёд кардан сухан ба судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо дода мешавад. Марҳамат.
Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо савганд ёд кард.
РАИС: — Боварӣ дорем, ки шумо боварии Сарвари давлат ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дарки масъулият қабул намуда, баҳри таъмини адолати судӣ тамоми он муқаррароте, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар кардаанд, дуруст, холисона ва одилона татбиқ менамоед.
Саломат бошед, барои ба амал баровардани адолати судӣ ба шумо комёбиҳо таманно мекунем!
Сухан ба раиси котибот муҳтарам Иноятзода Баҳром дода мешавад. Марҳамат!
Баҳром ИНОЯТЗОДА: — Муҳтарам Раис, унвонии Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ягон дархост ё мактуб ворид нашудааст.
РАИС: Масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баррасӣ ва қарорҳои марбута қабул гардиданд. Доир ба рафти иҷлосия пешниҳодҳо, таклифу эродҳо бошанд, марҳамат, иброз намоед.
Бо иҷозати шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳозирини арҷманд, аз номи Раёсат ба раисони кумитаҳо, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва онҳое, ки дар баргузории иҷлосия ва баррасии масъалаҳо ширкати фаъолона намуданд, миннатдорӣ изҳор менамоям.
Ба шумо — ҳамкорон ва ҳозирини гиромӣ, дар амалӣ намудани рисолати аъзои Маҷлиси миллӣ ва иҷрои вазифаҳое, ки Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузоштаанд, муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.
Бо ҳамин Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро пӯшида эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод).
Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ