Панҷуми майи соли 2015 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Сафири навтаъини Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Хю Стенли Филпоттро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.
Шукурҷон Зуҳуров Хю Стенли Филпоттро ба муносибати таъин шуданаш ба ин вазифаи масъулиятнок табрик гуфта, зикр кард, ки Тоҷикистон бо Британияи Кабир муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкориро дар самтҳои гуногун хуб ба роҳ мондааст ва изҳори боварӣ намуд, ки бо кумаки Сафири нав ин муносибатҳо беш аз пеш тақвият меёбанд. Дар робита ба ин Раиси Маҷлиси намояндагон аз муносибатҳои байнипарлумонӣ ёдовар шуда, гуфт, ки миёни Маҷлиси намояндагон ва Парламенти Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ гурӯҳҳои дӯстӣ ташкил шудааст, ки метавонанд оянда бо истифода аз таҷрибаи якдигар ҷиҳати инкишофи соҳаи қонунгузорӣ дар давлатҳои худ ҳиссаи сазовор гузоранд.
Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати тозаинтихоби он, ҳизбҳои парлумонӣ, пурра ба таври электронӣ ба роҳ монда шудани фаъолияти вакилон дар Маҷлиси намояндагон, омӯзиши забони англисӣ аз ҷониби онҳо ба Сафир маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Аз ҷумла зикр кард, ки имрӯз дар Парламенти доимоамалкунандаи Тоҷикистон аз ҳашт ҳизби ба расмият шинохташуда шаш ҳизб намоянда дорад. Миёни вакилони Маҷлиси намояндагон олимон –докторону номзадҳои илм низ ҳастанд, ки истифода аз таҷрибаи илмии онҳо дар бахши қонунгузорӣ ба манфиати кор хоҳад буд.
Тақвият бахшидани ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ, воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, муборизаи муштарак алайҳи қувваҳои ифротгаро дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ аз мавзӯъҳое буданд, ки дар ҷараёни ин мулоқот мавриди гуфтугӯ қарор гирифтанд.
Ҷаноби Хю Стенли Филпотт дар навбати худ барои пазироӣ ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, гуфт, ки доир ба ҳалли масъалаҳои дар ин мулоқот мавриди гуфтугӯ қароргирифта дар доираи ваколатҳояш кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.
Маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суратгир Аҳлиддин Исоев