Панҷуми ноябри соли ҷорӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), ки рӯзи 6 ноябр дар Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия баргузор мегардад, ба шаҳри Москва сафар кард.
Дар ҷаласаи мазкур Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Сергей Наришкин, котиби генералии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа ва аъзои доимии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ-сарони парлумонҳои аъзои Созмони мазкур иштирок менамоянд.
Ин ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар арафаи баргузории ҳафтумин ҷаласаи пленарии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки рӯзи 27 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербург дар назар дошта шудааст, доир мегардад.
Аъзои Шӯрои Ассамблеяи Байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар ҷаласаи худ натиҷаҳои сессияи тобистонаи Ассамблеяи Байнипарлумонии Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупоро, ки рӯзҳои 28 июн ва 2 июли соли 2014 дар шаҳри Боку баргузор гардида буд, баррасӣ намуда, ҳамчунин маърӯзаи ҳайати Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистонро роҷеъ ба вазъи Қафқози Ҷанубӣ ва минтақаҳои ба он мансубро мешунаванд.
Дар Шӯрои Ассамблеяи Байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Раиси «Волеси Ҷирга»-и палатаи поёнии Парламенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимӣ оид ба вазъи Афғонистон баъди интихоботи президентии ин кишвар гузориш медиҳад.
Ҳамчунин Шӯрои Ассамблеяи Байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ «Муроҷиатномаи аъзои доимии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ – сарони парлумонҳои аъзои Созмони мазкурро ба ҷаҳониён оид ба ҷашни 70- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» баррасӣ менамояд.
Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон