11 сентябри соли 2019 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аскар Тажибаевро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.
Маҳмадсаид Убайдуллоев Аскар Тажибаевро бобати ба ҳайси сафир таъин гардиданаш шодбош гуфта, дар иҷрои вазифаи олии дипломатӣ ба ӯ муваффақият таманно намуд. Сипас, бо ёдоварӣ аз муносибатҳои дӯстона байни халқҳои ҳар ду кишвар, ки аз умқи асрҳо сарчашма мегирад, иброз дошт, ки беш аз пеш бо истифода аз имконият ва шароити мавҷуда дар фазои соҳибистиқлолии кишварҳо ҳамкориро таҳким бахшида, самтҳои нави судманди тарафайнро дар сатҳ ва тарҳи нави ҷавобгӯи талаботи ниёзи ҷонибҳо амалӣ бояд кард.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, махсусан, равобити мутақобилан муфиди парламентиро баҳри тақвияту тавсеаи заминаҳои ҳуқуқии ҳамкориҳо бо татбиқи нақшаҳои мушаххаси бархӯрди ҳадаф ва манофеи тарафҳо муҳим арзёбӣ ва изҳори итминон намуданд, ки дар густариши робитаҳои доманфарохи шарикии стратегии кишварҳо, бахусус, дар самти саноатию инноватсионӣ тадбирҳои муассир андешида хоҳанд шуд.
Бо дахли масоили ҳамкориҳои байнипарламентӣ дар сатҳи институтҳои минтақавию байналмилалии амалкунанда Раиси Маҷлиси миллӣ аз мавқеъгирии муштарак нек ёдовар шуда, афзуданд, ки баргузории Ҷаласаи чоруми раисони парламенти кишварҳои АвруОсиё моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Нур-Султон собитгари рушди институти парламентаризм дар ҷаҳони муосир мебошад.
Ҷаноби Аскар Тажибаев аз пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, омодагиро барои андешидани чораҳои воқеӣ баҳри амалӣ гардидани сиёсати пешгирифтаи сарони давлатҳо дар густариши муносибатҳои гуногунҷанба баён дошт ва аз Маҳмадсаид Убайдуллоев даъват ба амал овард, ки бобати таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ дар вақти барояшон мусоид ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафари расмӣ анҷом диҳанд.
Роҷеъ ба масъалаҳои дар раванди вохӯрӣ аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев зикршуда сафир изҳор намуд, ки ҷиҳати татбиқи онҳо дар доираи ваколат ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.
Наврӯз ҚУРБОНЗОДА, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО