Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо хонум Акико Санто

№127 (4077) 24.10.2019

зхх21 октябри соли 2019 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки ҷиҳати иштирок дар маросими тоҷгузории Императори нави Япония дар шаҳри Токио қарор дорад, бо Раиси Палатаи мушовирони Парламенти Япония (Палатаи болоӣ — Сенат) хонум Акико Санто мулоқот намуд.

Ҷонибҳо робитаҳои судманди дуҷонибаро дар партави сиёсати созандаи сарони кишварҳо дар соҳаҳои гуногун, бахусус, дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Япония дар даҳаи аввали моҳи октябри соли сипаригардида ва вохӯриашон бо Сарвазири Япония ҷаноби Шинзо Абэро зикр намуда, ҷиҳати татбиқи амалии масоили марбут ба ҳамкорӣ ва таҳкиму тақвияти муносиботи байнипарламентӣ таъмини заминаи мусоиди ҳуқуқиро ногузир шумориданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати сохторҳои марбутаи Ҳукумати Японияро дар амалисозии барномаҳои гуногунсоҳа, хусусан, татбиқи барномаҳои иҷтимоию инфрасохторӣ ва бозомӯзии мутахассисони бахшҳои гуногун арзишманд арзёбӣ ва зикр намуд, ки дар шаҳри Душанбе таъсиси Маркази японии омӯзиши мутахассисони сатҳҳои баланд (тренинг — центр) дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ, идоракунӣ, тиҷоратӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок, ки ҷавобгӯи талаботи замони муосир мебошанд, ба  манфиати ҷонибҳост.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар робита ба вазъи ҷойдош­таи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ баррасӣ ва имзои лоиҳаи созишномаи пешниҳоднамудаи Ҳукумати кишварро оид ба озодсозӣ, ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузории ҷонибҳо заминаи муҳими тақвият, таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои судманд маънидод намуд.

Ҳамзамон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси гурӯҳи кории муштараки ҷонибҳоро баҳри баррасӣ ва ба талаботи замон мутобиқ намудани заминаи ҳуқуқии ҷойдошта ногузир шуморид.

Тарафҳо зимни баррасии масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд қаноатмандӣ ва оид ба густариши онҳо дар созмонҳои марбута изҳори омодагии ҳамаҷониба намуда, аз саҳми арзандаи яке аз шаҳрвандони баруманди кишвари Япония дар ҳайати сохтори намояндагии СММ баҳри барқарории сулҳ дар Тоҷикистон доктор Ютака Акино, ки соли 1998 дар қисми шарқии мамлакат аз тарафи размандагони собиқ ҲНИТ ба қатл расонида шуда буд, бо некӣ ёдоварӣ карданд.

Хонум Акико Санто бо қаноатмандӣ аз мулоқот зикр намуд, ки Палатаи мушовирони Парламенти Япония барои ҳамкории судманд бо Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода буда, баҳри тавсеаи онҳо тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ менамояд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ва хонум Акико Санто ҷиҳати таҳкими робитаҳои густурда таъсис додани гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентии миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Японияро тақозои замон шумориданд.

Бояд тазаккур дод, ки ин нахустин сафари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Япония мебошад.

www.majmilli.tj