Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат

№82-83 (4665-4666) 23.06.2023

DSC_1716Имсол аз рӯзи баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 26 сол пур мешавад. 26 сол аст, ки сокинони кишвари азизамон зери роҳбарии одилонаву оқилонаи фарзонафарзанди номбардори миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу ваҳдати комил, зери парчами парафшони Ватан, дар ҳимояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукргузорӣ зиндагӣ доранд. 26 сол аст, ки насими фораму атрогин ва гулафшону рӯҳафзои ваҳдати миллӣ ба дидаҳо нур ва ба дилҳо сурур мебахшад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: «Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қимати сулҳу субот ва ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем. Зеро маҳз аз баракати муттаҳид сохтани неруҳои сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷомеа мо, пеш аз ҳама, тавонистем истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми худро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорем».

Ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии падидаи ҳамкорӣ, созгорӣ ва ҳамоҳангии манфиатҳою субот дар ҷомеа, амнияту тараққии кишвар ва муҳимтарин заминаи пешрафтҳои халқамон ба шумор меравад. Устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода фармудааст:

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Дар адабиёт ва фалсафаи муосир мафҳуми ваҳдати миллӣ бештар маънои умумияти иҷтимоӣ ва муттаҳидии аъзои ҷомеаро дошта, қариб дар ҳама тамаддунҳо омили субот ва таъмини пешравии кишвар ба ҳисоб меравад, зеро ваҳдат сароғози комёбиҳо, созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некуаҳволии ҷомеаи навин, ҳамчунин, худогоҳиву худшиносӣ барои миллати соҳибмаърифати мо ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, дастоварди таърихӣ, ки тавассути ҷаҳду талош, роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насибамон гардид, ин истиқрори сулҳу ризоияти миллӣ дар Тоҷикистони азизу соҳиб­истиқлол мебошад.

Замони масъулияти роҳбариро ба уҳда гирифтан, фарзанди фарзона ва ҷонфидои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор карда буданд: «Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем».

Яке аз ҷанбаҳои муҳими Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аҳамияти ҳуқуқӣ доштани ваҳдати миллист, ки он барои риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар фарди кишвари мо нақши тақдирсозро дорад.

Сарвари давлат аз рӯзи аввали ба сари қудрат омадан барои ба даст овардани сулҳу амонӣ хизматҳои шоиставу зиёд карданд ва садоқат ба миллату давлату халқи хеш ва сулҳофарӣ чун сифатҳои асосии ин марди шариф ба ҳисоб мераванд. Маҳз бо роҳнамоиву роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи тоҷикон бо ҳадафи аслии таърихи миллат, яъне ваҳдати миллӣ, расид.

Пас аз баимзорасии ин созишномаи тақдирсоз ва ба даст овардани ризоияти миллӣ дар Тоҷикис­тон фазои сулҳу ваҳдат танин андохта, моро ба зиндагии орому осуда роҳнамун сохт. Ин имкон дод, ки кишвар ба марҳилаи нави давлатдории миллӣ ворид гардида, ислоҳоти куллиро дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ амалӣ созад. Бахусус, пешрафти соҳаҳои маориф, фарҳанг, энергетика, роҳу коммуникатсия, саноату кишоварзӣ ба сиёсати стратегии кишвар табдил ёфт. Таи чанд соли охир ин соҳаҳо ба самтҳои афзалиятнок мубаддал гардида, дар Паёмҳои солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ низ меҳваранд.

Бунёди шоҳроҳҳои байналмилалӣ барои пешрафт ва таҳкими ваҳдати миллӣ таъсири мусбат расониданд. Орзуи ҳазорсолаҳо, яъне имконияти тамоми фаслҳои сол сафар ба ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон, амалӣ шуд.

Маориф соҳаи тақдирсози миллат буда, тайи ин солҳо маблағгузории соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ сол ба сол афзоиш ёфта, аз 41 млн. сомонии соли 2000 дар соли таҳсили 2022-2023 ба 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ расид. Саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ қарор дода, шиори «Дар саноатикунонии кишвар саҳми босазо мегузорем»-ро, ки сухани дили мост, парчами кору фаъолияти хеш қарор додем.

Чун ба бунёдкориҳои беназире, ки ҳар сол дар тамоми минтақаҳои кишвари азизамон рух медиҳад, бингарем, ба қадри ваҳдати миллӣ бештар хоҳем расид. Ҳамаи ин дастовардҳои азим самараи роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва якдигарфаҳмию ҳамбастагии миллат буда, сабаби боз ҳам шукуфоӣ ва пешрафти кишварамон гардидааст. Тараққиёти ҷомеа тайи ин солҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки ваҳдати миллӣ, ки дар саргаҳи он Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ вобаста ба сохти давлатдорӣ, муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ ташаккул меёбад. Моро зарур аст, ки беш аз пеш паи ободии Ватан талош намоем, ба қадри ғамхориҳои Сарвари кишварамон расем, ба халқу миллатамон софдилона ва содиқона бо сидқу самимият ва эҳтироми хоса гӯем:

Номи туро нависем, эй Қаҳрамони ваҳдат,

Бо оби ноби тилло дар тоқи Қасри миллат.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон