Дар раванди қонунгузории муосир бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» даврони нави рушди низоми ҳуқуқ дар кишвар оғоз шуд ва низоми ҳуқуқи комилан миллӣ ва ислоҳоти иҷтимоию маънавӣ қадами устуворе ба пеш гузошт.
Ҳуқуқи миллӣ. Ҳуқуқи миллӣ ҳуқуқест, ки дар паҳнои арзишҳои таърихии ҳуқуқӣ, дастовардҳои давлати демократӣ, ҳуқуқӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба мардуми кишвар имконият медиҳад манофеи имрӯзу фардои миллат ва давлатро дар муносибат бо мардуми ҷаҳон дифоъ намояд. Ҳуқуқи миллӣ ҳуқуқи сифатан нави давлатҳои миллист, ки аз таҷрибаи назарияҳои гуногуни мусбати ҳуқуқ мабдаъ гирифта, ба ҳуқуқи инсон ва дастовардҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ такя намуда, адолат, ҳақиқат, озодӣ ва адлу инсофро барои шаҳрвандон шарти зарурии зиндагӣ муайян намуда, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои фарҳангию маънавӣ ва таърихии халқро ҳамчун арзишҳои ҳуқуқӣ эълон дошта, ҷиҳати ҳифз ва рушди онҳо дар шароити муосир заминаи ҳуқуқӣ таҳия менамояд. Ҳуқуқи миллӣ давлатро бо ғояҳои миллӣ ғизо бахшида, истиқлолият ва табиати давлати миллиро ҳифз менамояд.
Роҳи ноҳамвори қонунгузорӣ. Баъд аз касби истиқлолият ташаккули низоми ҳуқуқии кишвар асосан дар такя ба дастовардҳои байналмилалӣ ва кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон роҳандозӣ мешуд. Бо истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ раванди қонунгузорӣ ба маҷрои нав баромада, имкони васеътарро дар рушди низоми ҳуқуқӣ муҳайё сохт. Маҳз қабули нахустин қонуни миллӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (июни соли 2007) ба ташаккули низоми ҳуқуқи миллӣ замина гузошта, ба рушди қонунгузории миллие, ки ба ҳаёти мардум воқеан наздик аст, такон бахшид. Қабули ин қонун яке аз ташаббусҳои нодири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки сифати асосгузори ҳуқуқи миллиро ба ӯ тавъам медорад.
Бемории иҷтимоӣ ва дармони ҳуқуқии он. То қабули қонун вазъи гузаронидани маросимҳои мардумӣ бисёр ташвишовар буд. Бо сабаби густариш ёфтани зоҳирпарастӣ ва паст гардидани сатҳи маърифати динии шаҳрвандон бисёр ҷашну маъракаҳои миллӣ ва маросимҳои динӣ, ки бояд дар доираи хонавода ва наздикон сурат гиранд, ба маъракаҳои пурдабдабаву серхароҷот табдил ёфтанд. Таҳлилҳо ва маълумоти оморӣ собит намуданд, ки аксари мардуми Тоҷикистон бо вуҷуди танқисии иқтисодӣ, ба тақлидкорӣ ва худнамоӣ дода шуда, манфиатҳои шахсию оилавӣ ва буҷети хонаводаи худро сарфи назар менамуданд. Ба назар чунин мерасид, ки мафкураи ҷомеа мубталои беморӣ — эҳсосоти манфӣ ва бемавқеъ гардидааст. Вале дар асл ин номуносибӣ бамаротиб ба умқи зиндагӣ роҳ ёфта, вазъи иҷтимоиро дучанд ногувор кард. Рӯҳшиноси австриягӣ Зигмунд Фрей соли 1930 ҳолатҳои буҳронии зиндагии иҷтимоии халқҳоро таҳлил карда, ба хулоса омад, ки фарҳангҳо низ ба беморӣ гирифтор мешаванд. Он давра фарҳанги миллат низ дар маҷмӯъ бемор шуд. Ба ҷойи моҳияти арзишҳои миллӣ ва динӣ бештар ба маросиму ҷанбаҳои зоҳирӣ диққат дода, диндорию миллатдӯстӣ ба зоҳирпарастию шаклпарастии бемантиқ табдил ёфта, мазмуну муҳтаво ва зарурати расму оинҳо аз мадди назар дур монд. Омили марказии ин ҳама номуназзамиҳоро табиат ва менталитети миллӣ, ки «барои дигарон» нигаронида шуда буд, ташкил медод. Яъне, на барои худ, балки одатан барои дигарон зиндагӣ карданро дар бештари маврид аз дигар арзишҳои маънавӣ ва моддӣ болотар мегузоштем. Зеро таҳдиди ботинии шахсӣ, ки «чӣ мегуфта бошанд» ҳар тоҷикистониро дар арафаи баргузории маъракаҳо аз қадрдонии дигар неъматҳо дур мекард. Дар мизони тафаккур неъматҳо бо сангҳои қалбакӣ ченак мешуданд ва ё умуман мизони нодурустро дар ташхиси арзишҳо истифода мекардем.
Президенти кишвар ҳамчун сиёсатмадор ва стратеги комил ин ҳамаро ҷиддӣ таҳлил ва нишонрас қайд карданд, ки «Воқеан, қисме аз мардуми мо ба сабаби зоҳирпарастии беасос ва дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо пойбанди таассубу хурофот будани худ ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасад».
Мардуми кишвар ба кашидани бори хароҷоти беҳуда машғул шуда, аз тарбияи фарзандон ва шахсоне, ки саодатмандии давлату миллат дар оянда аз онҳо вобастагӣ дошт, дур гардид. Ҳамин тавр, баргузории ҷашну маросимҳо бо исрофкорию тақлидкориҳо ба омилҳои сарчашмавие табдил меёфт, ки ба афзоиши камбизоатӣ, косташавии низоми молии хонаводагӣ мусоидат мекард. Таҳлилҳо бори дигар собит сохтанд, ки исрофкорӣ сарчашмаи аслии касодии иқтисодист.
Ногузирии ислоҳоти иҷтимоӣ ва маънавӣ. Маълум, ки ислоҳоти иҷтимоӣ зарур, вале бидуни ислоҳи афкор ғайриимкон аст. Ислоҳоте, ки таъсир ба ҷаҳонбинӣ дошта, барои беҳдошти рӯзгори мардум қадами нахустинро бояд мегузошт, ногузир буд. Он як усули беҳтар намудани вазъи маънавии мардум низ буд, ки ба онҳо сарфаю сариштаро дар муқобили одатҳои вазнин меомӯхт. Аммо ҷанбаи маънавии он дар ибтидо он қадаре, ки имрӯз эҳсос мешавад, равшан набуд. Зеро он замон таассубкорию тақлидкорӣ мардумро ба доми худ кашида, расму оинҳои нав бо одатҳои нонавишта касби ақидатӣ намуда буданд. Истодагарӣ дар муқобили он барои илм ва дин то ҳадде вазнинӣ мекард, ки эҳтиёт буданро тақозо менамуд.
Нияти нек ва мақсади хайр нуктаи муҳими тағйирпазирии иҷтимоӣ ва ислоҳот буд, ки ба анъанаи таърихӣ ва илми башарӣ такя мекард. Ҳама гуна инқилоби маърифатӣ, фарҳангӣ ва илмӣ натиҷаи ҳамин гуна тағйирдиҳии парадигмаҳои мавҷуда аст. Агар ба таърих назар намоем, ибтидои инқилобҳои буржуазии Аврупо, пешравии ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ, тавлиди андешаҳои солими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва адлу инсофи замони муосир ба ислоҳи маросимҳои маъбади католикӣ ва ҷаҳонбинии динии мардуми Аврупо дар ибтидои замони нав сахт иртибот дорад. Умуман, ин ҷараёни нек ва солими ақлӣ маҳсули зиёиёни ақлгаро ва ҷомеаҳои пешрафтаи инсонӣ аст. Аз ин рӯ, қабули қонуни миллӣ кушоише дар ислоҳоти маънавии ҷомеа маҳсуб меёбад, ки навъҳои гуногуни он ҳанӯз дар арафаи инқилобҳои буржуазии Аврупо аз ҷониби мутафаккирони машҳури шарқӣ — Абуҳанифа, Абуҳафси Кабири Бухорӣ, Абуфазли Форобӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Марсилий Падуансикии италиявӣ, Ш. Луи Монтескёи фаронсавӣ, Джон Уиклифи англис, Ян Гуси чех, Мартин Лютери олмонӣ, Жана Калвини фаронсавӣ назаран ва бо ислоҳоти баъдии пешвоёни халқу миллатҳо — Бармакиҳо дар Хилофати арабҳо, Исмоили Сомонӣ дар Бухоро, Кромвел дар Англия, Мейдзи дар Ҷопон, Ф. Рузвелт дар Амрико, Гарибалди дар Италия, Де Гол дар Фаронса, Махатма Ганди дар Ҳиндустон, Петри 1 дар Россия, Муҳаммад Ҷиноҳ дар Покистон, Ли Куан Ю дар Сингапур амалан пиёда гардида буд. Чунин масъалаҳои калидӣ аз ҷониби илмҳои ҷомеашиносӣ аз назари ақлӣ дар Академияи илмии тиббии Гундишопури Сосонӣ, Академияи тарҷумонию забонии Бармакиҳо, Дорулҳикмаи Халифа Маъмун, Академияи илмии санъати меъморию илмҳои ҷамъиятии Нишопури даврони Тоҳириҳо, марказҳои барнуфузи илмии Марви аҳди зардуштия ва баъдан исломӣ, Балхи даврони буддоӣ ва баъдан исломӣ ва Кунгураҳои илмии Бухорои даврони Исмоили Сомонӣ мавриди баҳс қарор гирифта, ба осонӣ ба манфиати инсон ҳал мегаштанд. Яъне, қонун ҳамчун як барномаи ислоҳотии Роҳбари давлат буд, ки симои Пешво ва ислоҳотгароро дар худ муттаҳид мекард, аз қаъри асрҳо садои бузурги таърихии тамаддуни пешрафтаи инсониро ба гӯши мардуми дар хурофот ва тақлид печидаю ғӯтида мерасонд: инсон бояд зиндагии худро осон ва нек гардонад.
Объект ва иллат дуруст муайян шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нуктаро зимни вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат оид ба танзими расму оинҳо ва анъанаву маросимҳои миллӣ 24 майи соли 2007 равшан ва возеҳ муқаррар карданд: «Дар айни замон мо бояд як нуктаро донем, ки то расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».
Гуногунҷанба ва омехта будани иллати иҷтимоӣ. Мушкили иллати ошкоршудаи маъракаю маросимҳо, ки бо меъёрҳои ахлоқӣ, динӣ ва анъанавӣ алоқаманд буд, дар тафаккури мардум реша давонида, бо эҳсосоти мусбат ва манфии ҳар фард ва ҳар хонавода пайваст гардид. Мардум одатан бо сахтӣ маъракаҳоро гузаронида, муддатҳо барои баргардонидани қарз ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ оварда, мазмуну муҳтавои ҳаёти инсониро дуруст дарк намекарданд. Қисмате бехабар аз маъниҳои қуръонӣ: «Сухани нек ва авф беҳтар аз он садақаест, ки озоре ба дунболи он бошад…» (сураи Бақара, ояти 263) ва гурӯҳи дигар оятҳои каломи раббониро «Ло юкаллифул-лоҳу нафсан илло вусъаҳо», «юридуллоҳу бикумул — юсра ва ло юриду бику-мул ъусра» ва ё ҳадиси набавии «ясиру вало туъассиру, башширу вало тунаффиру», ки ба сабукию осонии зиндагии инсон бахшида шудаанд, болои дастархони бо азият ва қарз оростаи камбағалу нодор нони худоӣ мешикастанд. Вале касе ин воқеиятро ба кушудан ҷуръат намекард. Зеро қисме дар банди тарс аз меъёрҳои динӣ, иддае манфиат дар мавҷудияти онҳо, қисме тобеи ахлоқи ҷамъиятӣ ва ё одат монда буданд.
Мо — олимон, ки дар чорчӯби нормативизми ҳуқуқӣ тарбия ёфта будем, ҳанӯз ҳам сарҳади қонунро аз урфу одатҳо бо деворҳои азими меъёрӣ ҷудо мекардем… Шукр, ки Президенти мамлакат ба ин масъала таваҷҷуҳ карданд…
Қонуни миллӣ то ба сарҳади меъёрҳои ахлоқӣ, анъанавӣ ва динӣ зери шиори ҳимояи манфиати инсон ба беҳдошти авзои иҷтимоӣ роҳ кушод. Бо қабули қонун давлат ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросимҳои миллию динӣ рӯ оварда, барои мувофиқ намудани баргузории онҳо ба манфиати иқтисодӣ, устувории ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон амали бениҳоят хайреро анҷом дод. Қонун на танҳо ба арзишҳои миллӣ ва динӣ мувофиқ аст, балки барои тоза нигоҳ доштани расму оини миллӣ ва динӣ мусоидат мекунад. Мазмуни он пурра ба талаботи арзишҳои башарӣ мувофиқ буда, ба дастовардҳои демократии ҷомеаи ҷаҳонӣ комилан такя менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қонун ба таҳаввули оини зиндагии мардум даст зада, барои омода намудани миллат ва давлат ба даъватҳои нави таърихӣ, истодагарии кишвар дар муқобили талаботи нави арзишҳои башарӣ қадами бузург ба пеш гузошт. Ва на танҳо оини зиндагии мардумро ба даъватҳои нави ҳаёт мутобиқ намуд, инчунин дар кори нигоҳдошти тозагии дини мубини ислом, тарғиби урфу одат ва анъаноти миллӣ низ кори бузургеро анҷом дод.
Қонуни миллӣ аз ҷониби ҳамсояҳо хуб қабул шуда, ба миллӣ кардани мазмуни қонунҳои демократӣ асос гузошт. Қонун мазмунан миллӣ ва шаклан демократӣ буда, қолабаш башарию ҳикматаш халқист. Он заминаи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» -ро тарҳрезӣ кард.
Натиҷагирӣ аз амали қонун.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шароити тезу тунди ҷаҳонишавӣ ва буҳронҳои молиявию иқтисодӣ дар ҳимояи манфиати мардуми кишвар ва риояи қатъии қонунҳои соҳавӣ нақши назаррас бозид, ки ин раванд минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сол то сол ҳар як меъёри қонун ба зиндагӣ аз наздик роҳ ёфта, баҳри ба низом даровардани маъракаҳо ва озод шудани шаҳрвандон аз хурофот таъсири нек дорад. Тибқи ҳисоботи расмии мақомоти ваколатдор, тахминан дар даҳ соли амали қонун чунин натиҷаҳо ба даст омадааст:
1) Афкори мардум оид ба анъанаю ҷашну маросимҳо тағйир ёфт ва онҳо дар баргузории ҷашну маъракаҳо аз ҷаҳолату хурофот озод гардиданд, андешаи солим дар шуури ҷамъиятӣ то ҳадде дастболо шуд. Имрӯз тибқи фарҳанги муосири маъракаороӣ, мардум дар баргузории ҷашну маъракаҳо сарфаю сариштакориро ба роҳбарӣ гирифта, дар ҷашну маъракаҳои дигарон аз иштирок ба ҳайси меҳмони нохонда худдорӣ менамоянд. 10 сол муқаддам, ҳангоми баррасии лоиҳа, на танҳо аз ҷониби мардуми одӣ, балки аз байни зиёиён роҷеъ ба кам кардани теъдоди шаҳрвандон дар маъракаи чил ва сол боэҳтиёт изҳори назар мешуд, ки гӯё он рукни муҳими дину эътиқоди мост. Имрӯз мо мешунавем, ки шаҳрвандон дар микрофонҳои озод масъалаи бардоштани хӯрокро аз маъракаи чил ва сол талаб доранд. Ин аллакай гувоҳи раванди халосшавии мафкура аз хурофот аст.
2) Қонун бо моддаҳои 8 — 13-ум 25 маъракаи хурсандӣ, 9 маросими азодорӣ ва 5 маросими динӣ, дар маҷмӯъ 39 маъракаро, ки бо хароҷоти молиявӣ баргузор мешуд, ба низом дароварда, аз онҳо 16 маъракаи хурсандӣ, 7 маросими азодорӣ, 3 маросими динӣ (ҷамъ 26 маърака)-ро манъ карда, танзими ҳуқуқии 13 маъракаи дигарро масъалагузорӣ кард. Агар мо маросими ҷумъагиро дар давоми сол, ки соҳиби майит барои аз 5 то 12 нафар 50 маротиба ташкил мекард, ба ин шумора зам намоем, пас як оилаи мо, дар давоми сол ҷамъулҷамъ 89 маъракаю маросим баргузор мекард. Ҳамин тавр, қонун 76 маъракаи нолозимро манъ карда, 13 маъракаро танзим намуд. Вале дар баробари ин манъкунӣ ҳоло баъзе маъракаҳои нав пайдо шуда истодааст. Мисол ақиқа, рӯзи гузаштани падару модар, шахсони наздик ва ғайра, ки таваҷҷуҳи мақомоти ваколатдорро бо таҳлилҳои ҷиддии илмӣ талаб менамояд.
3) Баргузории ҷашну маъракаҳо ба низоми муайян даромада, теъдоди онҳо дар давоми сол ҳисобӣ гардид. Сарфаю сариштакорӣ ба ҳукми анъана ва аз байн бурдани маросимҳои хурофотӣ ва маъракаҳои зиёдатӣ ба расмият даромад. Дар натиҷа, дар давоми даҳ соли амали қонун, тибқи омори мақоми ваколатдор, дар баргузории 1429 ҳазор маърака шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз ҳисоби камхарҷ гузаронидани онҳо тавонистанд ба манфиати худ беш аз 17 миллиарду 269 миллион сомониро сарфа намоянд. Хароҷоти мардум дар баргузории маъракаҳо дар муқоиса то давраи қабули қонун ба ҳисоби миёна то се маротиба кам гардид.
4) Вақти баргузорӣ натиҷа дод. То қабули қонун давомнокии маъракаҳои хурсандӣ хеле тӯл мекашид, аз ҷумла маъракаи хурсандии тӯйи домодию арӯсӣ аз се рӯз то як ҳафта ва маъракаи хурсандии хатнасур то ду рӯз бо иштироки шумораи беҳад зиёди меҳмонон идома меёфт. Феълан бо чунин тарз баргузор намудани маъракаҳои хурсандӣ ба мушоҳида намерасад, онҳо баъди соати корӣ ва рӯзҳои истироҳат дар доираи соату шумораи муайяни меҳмонон барпо мегарданд.
5) Дар радифи амалишавии ҳидоятҳои Пешвои миллат ва барномаҳои иқтисодиву иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри паст кардани сатҳи камбизоатӣ, саҳми қонуни мазкур низ эҳсос мешавад. Чунончӣ, сатҳи камбизоатӣ аз 53 фоизи соли 2007 то 31 фоизи соли 2015 кам карда шуд.
6) Амалишавии ин қонун ба қабули дигар қонунҳои миллӣ роҳ кушода, ба самаранок иҷро шудани қонунҳои соҳавӣ мувофиқат карда, ба ҳимояи ҳуқуқи табақаҳои камбизоат ва занону кӯдакон мусоидат намуд.
7) Маъракаҳо ба ҳисоби оморӣ дохил шуда, динамикаи афзоиш ва пастшавии онҳо зери назорат қарор гирифт. Ба ҳисоби миёна ҳар сол дар ҷумҳурӣ тақрибан 135-150 ҳазор маърака барпо мешавад. Дар давоми қариб даҳ сол (июни соли 2007 — марти соли 2017) дар маҷмӯъ 1 429 106 маърака доир гардидааст. Таҳлили ин раванд бо муайян намудани давраҳои афзоиш ва сустшавии баргузории маъракаҳо барои банақшагирии иқтисодиёт ва диверсификатсияи бозори истеъмолӣ кумак менамояд, вале, мутаассифона, то ҳанӯз он дар сатҳи зарурӣ ба инобат гирифта нашудааст.
8) Қонун ба эҳёи анъанаи неки ниёгон, баргузории тӯйҳои хайриявӣ ва дастаҷамъона мусоидат намуд. Тӯли ин давра дар миқёси ҷумҳурӣ хатнасури зиёда аз 96 ҳазор нафар кӯдак ва тӯйи домодию арӯсии беш аз 5 ҳазор ҷуфти ҷавон аз оилаҳои камбизоат ба тариқи дастаҷамъӣ барпо гардид.
9) Муҳимтар аз ҳама, бо қабули қонуни миллӣ ва ташкили мақоми ваколатдори соҳа, давлат баробари табобати бемории иҷтимоӣ ислоҳи урфу одатҳо, тавассути мақомоти махсусгардонидашуда корҳои тарғиботию идеологӣ гузаронида, сиёсати давлатиро дар соҳаҳои идеологияи давлатӣ, дин, танзим, ҳуқуқҳои инсон дар байни аҳолӣ роҳандозӣ намуд, ки аз як ҷониб, мақомоти давлатиро бо аҳолӣ наздик ва аз ҷониби дигар, дини мубини исломро аз хурофот ва каҷравиҳо то ҳадде озод кард. Дар маҷмӯъ, дар тафаккур ва ҳаёти иҷтимоии мардум ислоҳоти бузурги маънавӣ ва иҷтимоӣ оғоз ёфта, дар ҳифзи амният ва истиқлолияти фикрии мардум корҳои бузург ба сомон расиданд.
Гуфтан бамаврид аст, ки дар илми таърихи ҳуқуқ ва қонунгузории башар кам қонунеро пайдо намудан мумкин аст, ки ин миқдор барои мардум сабукӣ оварда бошад. Агар ташаббуси Роҳбари давлат намешуд, дар нишемангаҳи буҳронҳои иқтисодии ҷаҳонӣ вазъи баргузории маросиму маъракаҳои мардумӣ берун аз тасаввури солим мемонд. Вақт ҳамчун довари бузург бори дигар собит сохт, ки иқдоми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи ба танзим даровардани ҷашну маъракаҳо тавассути қонуни миллӣ бениҳоят саривақтӣ ва амри зарурӣ буд. Пешвои миллат на танҳо қонунро миллӣ карданд, балки рӯҳи қонунро ба манфиат ва хиради мардум наздик намуда, тавассути он ахлоқ ва маънавиёти мардумро боло бардошта, урфу одатро аз таассубу хурофот наҷот доданд ва манфиати мардумро хирадмандона тавассути меъёри ҳуқуқ ҳифз карданд. Гегел маҳз дар ҳаққи чунин мардон гуфтааст: «Инсон дар ҳуқуқ бояд хиради худро ёбад, ӯ вазифадор аст, ки хирадмандона будани меъёри ҳуқуқро назорат кунад».
Таҷрибаи амали қонун собит менамояд, ки он одӣ набуда, балки як консепсияи илман тадқиқшудаи Пешвои муҳтарами миллати тоҷикон дар самти ислоҳоти амиқи низоми ҳаёти иҷтимоӣ ва маънавӣ аст, ки вазифаи таърихии худро иҷро менамояд.
Таклифҳо ҷиҳати такмили қонун ва дастрасӣ ба усулҳои беҳтари иҷро ва татбиқи он:
1. Корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ дар шаҳраку деҳот, ташкилоту корхонаҳо, вазорату идораҳо ҷоннок карда шуда, фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ ва доимӣ ҳамаҷониба тақвият дода шаванд, зеро ҳадафи қонуни миллӣ ислоҳоти иҷтимоӣ ва маънавист. Ислоҳот на тавассути ҷазо ва ҷавобгарӣ, балки бо роҳи фаҳмондадиҳӣ ва маърифатноксозии қишрҳои ҷомеа ба даст меояд.
2. Мақоми ваколатдорро зарур аст, ки «Дастури намунавии таъсис ва фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ»- ро қабул намояд, ки дар асоси он бояд кори комиссияҳо роҳандозӣ шавад.
3. Тартиби таъсис ва фаъолияти комиссияҳои доимӣ таҷдиди назар гардида, ба онҳо ҳуқуқ дода шавад, ки дар доираи муқаррароти қонун вақти баргузорӣ, тартиби ташкил ва гузаронидани маъракаҳоро вобаста ба махсусияти маҳал ва минтақа муайян намоянд.
4. Вақтҳои охир як маъракаи наве бо номи «ақиқа» ҳангоми тавлиди тифл пайдо шудааст, ки он аслан дар байни тоҷикон маъмул набуд. Ба мақсад мувофиқ аст, ки қонун пас аз таҳлили амиқи илмӣ ин маъракаро ба низом дарорад.
5. Новобаста аз он ки меъёрҳои қонун гузаштан аз қайди никоҳи давлатиро беҳтар кард, ҳанӯз ҳам дар ҷумҳурӣ ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки бидуни гузаштан аз қайди никоҳи давлатӣ тӯйҳои домодию арӯсӣ баргузор мегарданд. Аз ин рӯ, таклиф мешавад, ки қисми 2 моддаи 10 бо чунин мазмун илова шавад: «Қабл аз ташкили тӯйи домодию арӯсӣ ва ё ҳангоми баргузории он тарафҳо бояд аз қайди никоҳи давлатӣ гузашта, гувоҳномаи тиббиро дар бораи вазъи саломатиашон тибқи талаботи қонунгузорӣ дошта бошанд.»
6. Тибқи қонун бастани шартномаи ҳунармандон бо соҳиби маърака дар моддаи 14 пешбинӣ шудааст, аммо шартнома бо маъмурияти қаҳвахона, ошхона ва ё тарабхона пешбинӣ нагардидааст. Бо ин мақсад мувофиқи мақсад аст, ки дар қисми 2 моддаи 14 ин матлаб илова шавад.
Ҳамчунин, зарур аст, ки дар масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни миллӣ, ки ба урфу одат ва маросимҳо нигаронида шудааст, бениҳоят эҳтиёткор бошем, зеро барои он ки як меъёр ва ё талаботи қонун ба ҳукми анъана дарояд, вақт лозим аст. Имрӯз қисмате аз меъёрҳои қонун бо мушкилӣ ҳам бошад, ба ҳаёт роҳ ёфта истодаанд, онҳоро дар нимароҳ тағйир додан ба манфиати кор нест. Тағйирот бояд ба ҷанбаҳое нигаронида шавад, ки усул, тартиби иҷро ва назорати маъракаҳои муқарраршударо сабук ва осон гардонанд.
Абдураҳим ХОЛИҚЗОДА, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, профессор