Сафари Маҳмадтоир Зокирзода ба Федератсияи Россия

№152 (4735) 18.12.2023

Ҳаждаҳуми декабри соли 2023 ҳайати парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода даъвати Раиси Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Вячеслав Володинро пазируфта, барои иштирок дар ҷаласаи сайёри Шӯро ва ҷаласаи шонздаҳуми пленарии Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки рӯзи 19 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор мегардад, ба он ҷо сафар намуданд.

Ёдовар мешавем, ки баргузории ҷаласаҳои СААД далели равшани ҳамкориҳои байни давлатҳои аъзои СААД буда, ғояи асосии он муттаҳидӣ ва якдилии ҳамаи давлатҳои аъзои ин созмон мебошад.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон