Дуюми декабри соли 2015 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наваф Абдулазиз Аленезӣ ва ҳамроҳони ӯро ба ҳузур пазируфт.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Наваф Абдулазиз Аленезиро ба муносибати Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданаш табрик намуда, ба ӯ ва ҳайати кормандони сафорати ин кишвар дар ҷумҳурии мо барори кору муваффақият орзу намуд.
Дар идома Шукурҷон Зуҳуров иброз дошт, ки миллати тоҷик ва арабро арзишҳо ва умумияти динӣ ба ҳам мепайвандад ва ин умумиятҳои муштарак метавонанд ҳамчун омили муҳиме дар тақвияти муносибатҳои гуногунсоҳаи дуҷониба мусоидат намоянд.
- Кувайт яке аз кишварҳои бонуфузи мамолики араб аст ва Тоҷикистон ба муносибатҳои дуҷониба бо ин кишвар аҳамияти бузург медиҳад. Имсол ба барқарорсозии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Кувайт 20 сол пур шуд, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров.
- Мулоқот ва боздидҳои дуҷонибаи сарони ду кишвар барои густариши тадриҷии муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт нақши муҳим доранд. Ду сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт, сафари расмии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-24 ноябри соли 2014 бо як ҳайати бонуфуз ва сафарҳои дигари сершумори ҳайатҳои давлатӣ аз сатҳи баланди ҳамкориҳо миёни кишварҳоямон шаҳодат медиҳанд,- афзуд Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Хушбахтона, ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт ба марҳилаи сифатан нав расидааст. Бисёре аз вазорату идораҳои дахлдори кишварҳои мо мустақиман ё аз тариқи Фонди кувайтии рушд ҳамкорӣ мекунанд.
- Ҳангоми сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт Сафорати Тоҷикистон дар кишвари Шумо ифтитоҳ ёфт. Тибқи мувофиқаи қаблӣ итминон дорем, ки дар ояндаи наздик Сафорати Давлати Кувайт низ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ меёбад, — иброз дошт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ба роҳ мондани ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Давлати Кувайт ибрози андеша намуда, барқарор кардани робитаҳоро дар ин замина омили асосии рушди муносиботи гуногунҷанба арзёбӣ кард. Ҳамчунин ба зарурати таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Давлати Кувайт дар бахшҳои туризм, муҳоҷират, илму маориф, сармоягузорӣ ва афзоиши ҳузури ширкатҳои хусусиву давлатии Кувайт дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон таъкид кард.
- Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров, — ёздаҳ созишнома ба имзо расидааст, ки барои пешбурду ривоҷи ҳамкориҳои ҳамаҷониба байни кишварҳоямон тамоми асосҳои ҳуқуқиро фароҳам оварданд. Вақти он расидааст, ки барои амалисозии ин санадҳои қарордодӣ иқдомоти ҷиддӣ сурат гирад.
Мо аз мақомоти расмӣ ва ниҳодҳои молиявии Давлати Кувайт миннатдорем, ки барои ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ кардан ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвари мо омодаанд.
Қобили зикр аст, ки бо иштироки молиявии Бонки Рушди Исломӣ, Фонди рушди Саудӣ, Фонди кувайтии рушд, Фонди ОПЕК ва Фонди Абу — Забӣ барои Тоҷикистон маблағи 85 млн. доллари ИМА ҷудо шудааст.
Ёдовар бояд шуд, ки зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт байни роҳбарони ду кишвар мувофиқа ҳосил шуда буд, ки тибқи он бо сармояи кувайтӣ дар Тоҷикистон бояд Беморхонаи байналмилалӣ сохта, ба истифода дода шавад.
Ҳукумати Тоҷикистон ба мақомоти дахлдор барои ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони Беморхонаи байналмилалӣ супориш дод, ки ин масъала ба таври мусбат ҳал шуд. Ҳоло ҷониби Тоҷикистон барои амалӣ шудани ин иқдом мутахассисони Давлати Кувайтро интизор аст.
Ба илова мо пешниҳод дорем, ки бо кӯшиши ҳар ду ҷониб барномаи ҳамкориҳо барои солҳои муайян (масалан, солҳои 2015 — 2020) тарҳрезӣ шавад.
- Ба мақсади тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратии байни ду кишвар таҳти сарпарастии сохторҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва палатаҳои савдову саноат зарурати таъсиси Шӯрои доимоамалкунандаи соҳибкорони ду кишвар ва дар робита ба ин ба таври мунтазам доир намудани форумҳои иқтисодӣ, намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак ба мақсад мувофиқ аст, — идома дод Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Зуҳуров.
- Вазоратҳо ва сохторҳои дахлдори кишвари мо, — афзуд Шукурҷон Зуҳуров,- омодаанд, ки ба Шумо лоиҳаҳои ҷолибро дар самтҳои афзалиятдошта — кушодани хатсайри мустақими ҳавоӣ байни ду кишвар, сохтмони мактабҳо ва манзилҳои нави истиқоматӣ бо ҷалби сармояи Давлати Кувайт, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди асал, мева, сабзавот ва гӯшту шир (бо мақсади содироти минбаъдаи маҳсулоти тайёр ба Давлати Кувайт), интиқоли оби нӯшокӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, нафту газ, металлургияи ранга, истихроҷи канданиҳои фоиданок, чорводорӣ ва моҳипарварӣ, рушди кооператсияи истеҳсолӣ ва ташкили корхонаҳои муштарак пешниҳод созанд.
Наваф Абдулазиз Аленезӣ дар навбати худ таъкид намуд, ки Сафорати Давлати Кувайт кӯшиш мекунад, ки дар оянда муносибатҳои иқтисодиву кишоварзӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Кувайтро тақвият бахшад.
Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон. Суратгир А. Исоев