Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода 15 майи соли 2017 ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Халқии Хитойро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масъалаҳои рушди муносиботи ҳамкорӣ, аз ҷумла дар доираи парлумонҳои ҳар ду кишвар ва Созмони ҳамкории Шанхай, баррасӣ гардиданд.
Таъкид шуд, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Ҷумҳурии Халқии Хитой таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Олим Салимзода зикр намуд, ки Маҷлиси намояндагон бо зиёда аз 40 парлумони дунё робита барқарор намуда, гурӯҳҳои дӯстӣ таъсис додааст.
Ҷараёни татбиқи санадҳои қаблан баимзорасида низ аз масъалаҳои меҳварии гуфтугӯ буд.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон