Ваҳдат самараи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат аст

№82-83 (4665-4666) 23.06.2023

DSC_6114Бисту сеюми июни соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар мавзӯи «Ваҳдат — бақои миллат» ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни ифтитоҳи ҷаласа иброз намуд, ки 27-уми июни соли 1997 дар натиҷаи талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдориву давлатсозии навини тоҷикон рӯйдоди бузург рух дод, ки он дар тақдири минбаъдаи мардум гардиши куллӣ ва таҳаввули бунёдӣ гардид.

Дар ин рӯзи пурфайзи ­таърихӣ ормони чандинсолаи халқи азияткашидаи тоҷик ба воқеият табдил ёфта, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Самараи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон мебошад, ки ин санаи дар ҳақиқат пурнишоту ҳаётбахш дар муддати начандон тӯлонии таърихӣ дар қалбҳои мардуми кишвар маскан гирифта, ба рӯйдоди фараҳбахш табдил ёфт.

DSC_6082- Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон барои сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд. Ваҳдати миллӣ шарти асосии озодию истиқлолияти ҳар як давлат буда, муҳаббат, ҳувият ва шарофату шафоати инсонии шаҳрвандонро афзун ва ҳифз намуда, пешрафту тараққиёти иқтисодию иҷтимоии кишварро вусъат мебахшад, — таъкид намуд Маҳмадтоир Зокирзода.

Дар назди иштирокчиёни ҷаласа муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим ва вакили Маҷлиси намояндагон Солеҳа Холмаҳмадзода роҷеъ ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон дар таърихи давлатдориву давлатсозии навини тоҷикон суханронӣ намуданд. Қодири Қосим пешниҳод намуд, ки дар шаҳри Душанбе муҷассамаи «Кабӯтари сулҳ» ва Осорхонаи ҷаҳонии сулҳ бунёд ёфта, сулҳи тоҷикон ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод карда шавад.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавзуна Шамсиддинзода иброз намуд, ки ба шарофати талошҳои хастагинопазир ва пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон фазои ороми Ватан ва суботи ҷомеа барқарор, ояндаи неки фарзандон таъмин, Тоҷикис­тони азизи мо ба ҷаҳониён бо чеҳраи нав муаррифӣ ва сулҳи тоҷикон ба кишварҳои ҷаҳон дарси ибрат гардид.

- Ваҳдат муҷиби наҷот ва бақои давлату миллати мо гардида, Тоҷикистон имрӯз ба мулки шаҳриёрони сарфароз, донишмандону бузургони равшанзамир, ҷавонмардони хештаншиносу ватандӯст табдил ёфтааст. Месазад онро арҷ гузорем ва барои ҳифзу таҳкими ваҳдати миллӣ пайвас­та талош варзем, — иброз намуд Мавзуна Шамсиддинзода.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Муҳаммад Шодиён зикр намуд, ки мардуми маърифатдӯсту тамаддунофари тоҷик анъанаҳои волои гузаш­тагони хешро ҳифз намуда, бо такя ба арзишҳои маънавиву ахлоқӣ дар ҷодаи рушд собитқадаманд.

Дарвоқеъ, ваҳдати миллӣ аз ибтидо тавонист барои таъмини устувории иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангиву иқтисодии кишварамон мусоидат намояд. Ваҳдати миллии Тоҷикистон нахуст дар хомӯш кардани оташу даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори ваҳдати миллӣ нақши бориз гузошт, ки тамоми ҷомеа мунтазир буданд.

- Бояд иқрор шуд, ки сарчашмаи ба ваҳдат гаравидани мардуми тоҷик дар замони ҷанги ҳамватанӣ ҷасорат ва садоқати Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки гуфта буданд: «То он даме ки як тан аз ҳамватанони мо дар марзҳои бегона гуреза шудаву заҳри ғарибӣ мечашанд, ман ­худро осуда эҳсос нахоҳам кард». Ин суханон ва кӯшиши ба Ватан овардани гурезаҳо бунёд ва хишти нахустину заррини бинои ваҳдати навини моро ташкил дод. Дар давраи басе хатарнок ба кишвари ҷангзадаи Афғонистон сафар кардану ба сулҳу оштӣ ва ваҳдат даъват кардан дар замири хурду бузурги кишвар армону орзуҳои деринтизорро аз нав зинда карда, умеду боварии онҳоро ба ваҳдату дӯстӣ ва ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон таҳким бахшид.

Шоҳиди се даври музокироти байни тоҷикон, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ёдовар шуд, ки он айём Пешвои миллат тавонистанд кишвари моро тавассути расидан ба ваҳдати миллӣ аз вартаи нобудӣ наҷот бахшанд.

- Мактаби сиёсии муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, дарси ибрати ваҳдати миллии ӯ, давлатсозию ҳадиси ватанпарастии ин шахсияти бузурги таърихӣ барои халқи азиятдидаи мо сарчашмаи худогоҳӣ, хазинаи худшиносӣ ва ганҷинаи эҳсоси баланди миллатдӯстист, ки ба қадри он расидан, номи асосгузори онҳоро гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаи ӯро ҳифз карда, идома додан қарзи инсонии ҳар соҳиб­ватан аст, — иброз намуд Муҳаммадато Султонов.

Дар поёни ҷаласа Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои пуртазоди сиёсӣ ҳамон миллате дастовард ва арзишҳои милливу давлатии худро ҳимоя карда метавонад, ки роҳбари оқилу доно ва пешвои ватанпарвару дурандеш дошта бошад.

- Мо, хушбахтона, чунин Сарвар ва Пешвои миллӣ дорем, ки тамоми ҳастиашонро дар роҳи ҳифзи истиқлолияту озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи комилу пойдории сиёсӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Тоҷикис­тони азизу маҳбубамон бахшидааст.

Рисолати бузурги давлатдорӣ дар атрофи Сарвари давлат аз ҳарвақта дида устувортар сарҷамъ буданро тақозо менамояд.Боварии комил дорам, ки мардуми шарифи кишвар ва тоҷикони бурунмарзии мо чун ҳамеша ҷонибдори сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд ва бо ин роҳ аз пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва суботи сиё­сии мамлакат пуштибонӣ хоҳанд кард. Бигузор ваҳдати миллии тоҷикон ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пояндаву ҷовидона бошад, — гуфт дар интиҳо Маҳмадтоир Зокирзода.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ