Чанде пеш дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти он дар ҷомеа» семинар баргузор гардид.
Корманди масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Қобилҷон Абдуқодиров роҷеъ ба масъалаи мазкур суханронӣ карда, минҷумла иброз намуд, ки як тарафи шартномаи меҳнатӣ, ки ба ҷониби дигар зарар расонидааст, ин зарарро мутобиқи кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн менамояд. Инчунин, қатъи шартномаи меҳнатӣ баъд аз расонидани зарар як ҷонибро аз ҷавобгарии моддӣ нисбат ба пардохти ҷуброни зарар ба тарафи дигар озод намекунад.
Номбурда, ҳамчунин афзуд, ки ҳуқуқи кормандони ба синни ҳаждаҳнарасида дар муносибатҳои меҳнатӣ бо ҳуқуқи дигар кормандон баробар буда, онҳо дар ҳифзи меҳнат, вақти кор, истироҳат аз кафолатҳои иловагии муқаррарнамудаи кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд.
Қ. Абдуқодиров дар идома танзими фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо, хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилотҳои ғайридавлатиро шарҳ дода, ба саволҳои ҳозирин посух гуфт.
Шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон