Заминаи ҳуқуқӣ барои тавсеаи равобит муҳим аст

№77 (4660) 14.06.2023

DSC_482613 — уми июни соли ҷорӣ раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии  Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донг Сок мулоқот намуд. 

Дар мулоқот ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҷумҳурии Корея дар ҳама самтҳо, аз ҷумла муносиботи байнипарлумонӣ, ҳамкориҳои  фарҳангӣ ва дигар мавзӯоти мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо, баррасӣ шуданд.

Саидмурод Фаттоҳзода таъкид намуд, ки миёни ҳар ду кишвар барои таъмиқи минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ, заминаи мусоид фароҳам гардида, сатҳи баланди мушорикат, эътимоди тарафайн ва эҳтиром ба даст омадааст. Аз он қаноатмандӣ гардид, ки барои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд заминаи ҳуқуқӣ низ фароҳам аст.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ