«Ҳафтаи ҷавонон» дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

№ 05.05.2017

Якуми майи соли ҷорӣ дар доираи чорабиниҳои «Ҳафтаи ҷавонон»  дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ  бахшида ба Соли ҷавонон вохӯрии намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён баргузор гардид. Меҳмонон дар маросими кушодашавии толори варзиш, боғи ҷавонон, ошхонаи донишҷӯён ва ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ Одиназода Ҳайдар Одина ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода иштирокчиёнро бахшида ба «Ҳафтаи ҷавонон» шодбош гуфта, донишҷӯёнеро, ки дар ҳайати дастаҳо дар мусобиқаҳо иштирок намуда, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтаанд, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардониданд.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»