Исм бояд арзандаи ҷисм бошад

№133(3434) 06.10.2015

Ба ҳамагон маълум аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз тарафи шаҳрвандон хуш пазируфта шуд. Ҳоло мехоҳам чанд андешаи худро дар мавриди баъзе волидайне баён намоям, ки на дар ҳамаи паҳлуҳои таълим ва тарбияи фарзанд масъулият ҳис менамоянд.

Дар банди якуми моддаи 8-уми қонуни мазкур (Уҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзанд) чунин муқаррарот мавҷуд аст: «- ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд».

Бояд тазаккур дод, ки тамоми мавҷудоти рӯи дунё соҳиби ном мебошанд, аниқтараш инсоният ба онҳо номгузорӣ кардааст ва ҳар як ном дорои мазмуни муайян аст. Борҳо шоҳиди хархашаи шогирдон будам, ки яке дигареро маҳз ба хотири номи номуносиб доштанаш таъна ё масхара кардааст. Чаро волидайн намеандешанд, ки исми номақбулу номуносиб ва бемаънӣ дар оянда метавонад фарзанди азизи онҳоро дар мавридҳои зиёд дар ҳолати ногувор қарор диҳад? Шунидани номи зебову пурмазмун ва хушоҳанг ба шунаванда ҳаловат мебахшад ва эҳсоси назокату латофатро дар зеҳнаш бедор менамояд. Соҳиби номи хушоҳанг аз шунидани исмаш рӯҳбаланд мешавад, аммо номҳои номақбул барои шунавандагон хандаовару барои соҳибони ном шармовар аст. Мо, ки ворисони миллати бофарҳангу соҳиби таъриху тамаддуни куҳан мебошем, набояд нисбати ин масъала бетараф монем. Барои миллате, ки чун «Шоҳнома» шоҳасар дорад ва он кони номҳои тоҷикии пурмазмун аст, наёфтани номи мувофиқ айб аст! Номи парандаву дарандаҳо, номи ҳашароту ҳодисаҳои табиӣ, номи асбобу анҷоми рӯзгор, аз қабили майнаву мусича, гургу шағол, малаху мӯр, сангу кулӯх, зилзила, табару теша, хаскашу хоркашу ҷорӯб ва ғайраҳо бигзор ифодагари мафҳумҳои худ бошанд, на дигар номи фарзандони азизамон. Бигзор номҳои интихобкарда ифодакунандаи армонҳои шумо гардад ва исми интихобкарда ба ҷисми ворисони ояндаи мову шумо ва ин миллат мувофиқ бошад.

 

Идигул ҚАЛАНДАРОВА,

омӯзгори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе,

 Аълочии маорифи Тоҷикистон