Радио дастгоҳи муқтадири иттилоотиест, ки ҳамчун яке аз муҳимтарин воситаҳои ахбори омма дар амалӣ намудани ҳадафҳои бузург нақши бориз дорад. Ин мақоми барҷастаро, ки радио дар пешниҳоди иттилоъ соҳиб гардидааст, дар замони муосир, бо вуҷуди рӯи кор омадани воситаи электронии сареъ ва фаврӣ (интернет), наметавон нодида гирифт, зеро ҷои фаврияти онро ҳеҷ воситаи дигар гирифта наметавонад. Чунонки муаллифони асари «Радиожурналистика» таъкид мекунанд: «Муносибати байниҳамдигарии радио ва матбуотро аз рӯи таъиноти вазифавиашон муайян кардан мумкин аст. Дар шароити рушди низоми ВАО-и муосир чунин формула: «кори радио: иттилоърасонӣ, кори телевизион: намоишдиҳӣ, кори матбуот: таҳлил ва шарҳ (фаҳмонидан)» моҳияти ҳар яке аз онҳоро ошкор менамояд. Аслан, ин нуктаи назар ҳуқуқ ба мавҷудият дорад, агар мо фаромӯш накунем, ки ҳеҷ яке аз ин таъинот дар алоҳидагӣ рушд намекунанд, балки онҳо алоқаи мустаҳками байниҳамдигарӣ доранд».
Воқеан ҳам, дар дараҷаи аввал гузоштани моҳияти «иттилоърасон будан» радиоро ҳамчун дастгоҳи муқтадири иттилоотӣ муаррифӣ мекунад. Дар баробари ин, набояд фаромӯш кард, ки ҷанбаҳои дигар низ ба фаъолияти радио хос ҳастанд. Ҳарчанд радио имкони намоишдиҳӣ надорад, вале тавассути садояш барномаҳои таҳлилию тафсириро пешниҳод карда метавонад. Инчунин, хислати номаҳдуди дастрас буданаш имкон медиҳад, ки баҳри фароғати шунавандагон шоу-барномаҳои фарҳангию фароғатӣ таҳия шаванд. Чунин имконоти фарох доираи фарогирии радиоро комилан васеъ намудаанд ва ин аст, ки бояд барномаҳои радиоӣ ҳамаҷониба мавриди таваҷҷуҳ ва баррасӣ қарор гиранд.
Дар шароити муосир, яъне ҷаҳонишавии арзишҳо ва мавҷудияти озодии сухан — ошкорбаёнию гуногунандешӣ, васеътар гардидани имконоти техникию бештар гардидани барномаҳои мустақими радиоӣ таваҷҷуҳи шунавандагон ба радио бештар шудааст, ки ин ҳама боис ба дарки масъулияти беш аз пеш аз ҷониби кормандони ин дастгоҳи муқтадир бояд гардад.
Радиои Тоҷикистон, ки ба оғози фаъолияташ 90 сол пур шуд, коргоҳи бузурги эҷодиест, ки анъанаҳои беҳтарини фаъолиятро дар худ ғунҷонидааст. Ин макони маърифати миллат дар роҳи тарғиби арзишҳову дастовардҳои бузурги сиёсию маънавӣ ва ҳифзи гиромидошти онҳо нақши барҷаста дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба моҳияти арзишу анъанаҳои миллӣ таъкид кардаанд: «Мо чеҳраи хоси миллӣ, забони ширину шевои шоирона, таърих, адабиёт ва фарҳанги ғановатманд, мазҳаби таҳаммулгаро, расму оини миллӣ, хулоса, аз муҳити хонавода то шаҳрдориву давлатдорӣ тамоми арзишҳои миллиро дорем ва бояд бо онҳо ифтихор намоем. Бинобар ин, аз ҷавонону наврасони кишвар ва умуман, аҳли ҷомеа тақозо мегардад, ки бо ифтихор аз арзишҳои ҷовидонии Ватан, модар, давлати соҳибистиқлол, фарҳангу анъанаҳои миллии тоҷикон ҳамеша дар ҳифзи аслу насаби худ ҳушёру бедор бошанд».
Барои кормандони Радиои Тоҷикистон боиси ифтихор аст, ки дар партави чунин ҳидояти масъулиятафзо фаъолияти пурсамар дорем ва онро сармашқи фаъолияти минбаъда қарор додаем.
Агар боз ҳам ба моҳияти фаъолият дар ин расонаи муқтадир таваҷҷуҳ кунем, сухани муҳаққиқ В. В. Смирнов ба ёд меояд, ки гуфтааст: «Дар иртиботи радиоӣ сухан нақши калидӣ мебозад ва суҳбати шифоҳӣ маводи асосиест, ки дар эфир қонун маҳсуб меёбад. Сухане, ки садо медиҳад, бояд ифодагари баланди маънову мазмун ва таъсиррасон ба шунаванда бошад. Ин ду хусусият аз ҳам ҷудонашаванда буда, имкон фароҳам меоранд, ки фикр ва эҳсосот дар як замон ба вуҷуд оянд».
Боиси хушҳолист, ки дар фаъолияти ҳамкорон алоқамандии ин ду ҷиҳати муҳим ба назар мерасад. Ҳамин аст, ки аз ҷониби сомеон маҳсули эҷоди онҳо хуш пазироӣ мешавад.
Чанде пеш матлаби пурмуҳтавои собиқадори соҳаи телевизион ва радиои мамлакат, Корманди шоистаи Тоҷикистон Раҷабалӣ Қудратовро мутолиа кардам. Устод ба муносибати 70 — солагии таъсиси шабакаи бурунмарзии Радиои Тоҷикистон доир ба нақши бузурги он дар кишварҳои ҳамзабон ва хориҷи дигар ҳарф зада, аз шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд ёд мекунад, ки ӯ дар пирӯзии неруҳои ҳукумати Афғонистон ахбори шабакаи бурунмарзии Радиои Тоҷикистонро яке аз омилҳои муҳим медонад. Ин нукта, албатта, боиси ифтихору сарафрозист.
Ин ҷо мисолҳои зиёдро оид ба маҳбубияти Радиои тоҷик дар миёни мардум овардан мумкин аст. Хотироти собиқадорони ин боргоҳи маърифат, ки дар шакли маҷмӯа низ чоп шудаанд, гувоҳи суханони болоянд. Нақши барҷастаи Радиои Тоҷикистон дар роҳи ба даст омадани сулҳу ризояти миллӣ дар кишвар низ шоистаи зикри хос аст. Ин ҳама хотироти рангин ва изҳори меҳру самимият боиси ифтихори ҳар яки мост ва ҳамин эҳсос дар замири мо ҳисси масъулиятро афзун мекунад.
Ҳоло низ кормандони шабакаҳои Радиои Тоҷикистон дар иҷрои масъулияти бузурги хеш кӯшишҳои самарабахш доранд. Инро аз натиҷаи фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо эҳсос мекунем. Таваҷҷуҳ, меҳр ва самимияти шунавандаҳо ба радио бештар шудааст. Вақте тамоси онҳоро бо кормандони шабакаҳо дар пахшҳои мустақим мешунавем, дарк мекунем, ки то кадом андоза ҳамкорон ба арзишҳои инсонӣ ва касбӣ содиқанд.
Бо вуҷуди ин ҳама дастовард, набояд фаромӯш кунем, ки дар фаъолият камбудиҳо низ ҷой доранд, зеро дар куҷое, ки кор ҳаст, камбудӣ низ вуҷуд дорад, аммо атрофи камбудиҳои ҷиддӣ бояд амиқтар андеша кунем.
Фикр мекунам, суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо» ва Академияи воситаҳои ахбори омма дастурамали кории ҳар яки мо бояд бошад. Он ҷо Пешвои миллат фаъолияти расонаҳои электронии давлатиро таҳлили ҳамаҷониба ва пешниҳодҳои мушаххас карданд. Аз ҷумла, таъкид намуданд, ки «Ҳар як намояндаи воситаҳои ахбори омма ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки минбари суханро бояд барои ҳифзи амнияти давлат, таҳкими пойдории ҷомеа, тарғиби худогоҳиву худшиносии миллӣ, ғояҳои ватандӯстӣ, эҳтиром ба анъанаҳои фарҳангӣ, рушду густариши забони давлатӣ истифода намояд ва ба халқу миллати худ содиқонаву беғараз хизмат карда, дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва мардуми шарифи кишвар ҳаргиз бетараф набошад».
Дилафрӯз РУСТАМОВА,
директори Радиои Тоҷикистон